Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Хадамоти алоқа: Мо ба “YouTube” ва «Одноклассники» коре накардаем


Азз субҳи рӯзи сешанбе дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники” ва “Ютуб” дар қаламрави Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Дастрасӣ ба шабакаҳои “YouTube” ва «Одноклассники» дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст, аммо ин бор бидуни овозаи "инқилоб"-у таҳдид нашри наворҳои пурсарусадое, ки маъмулан дар гузашта омили аслии маҳдудсозии шабакаҳои иҷтимоӣ мешуданд.

Намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, маҳдуд шудани дастрасӣ ба “YouTube” ва «Одноклассники» мушкили худи ширкатҳои мобилӣ аст.

Алибек Ғайюров, намояндаи ин Хадамот, рӯзи 30-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Хадамот ҳеҷ дастури хаттӣ ва шифоҳӣ барои маҳдуд сохтани ин ду шабакаи интернетиро ба шикратҳои мобилӣ надодааст. Ӯ мегӯяд, шояд ширкатҳои мобилӣ бо гуфтани ин ҳарф, ки бо супориши Хадамоти алоқа дастраси ба шабкаҳоро маҳдуд кардаанд, мехоҳанд, мушкили техникии худро назди муштариён пӯшида нигоҳ доранд.

Ӯ гуфт: “Мо ҳеҷ дастуре надодаем ва аз ҷониби мо нисбат ба ин шабакаҳо ҳеҷ мушкиле ҷой надорад. Ин шояд мушкилоти худи ширкатҳо бошад. Хубтараш аз онҳо пурсед, ки чаро ин шабакаҳо кушода намешаванд.”

Аз субҳи 30-уми декабр дастрасӣ ба “YouTube” ва «Одноклассники» тариқи аксари ширкатҳои интернетрасон маҳдуд шуд ва бархе намояндагони ин ширкатҳо бидуни бурдани номашон изҳор доштанд, ки ин корро бо супориши шифоҳии Хадамоти алоқа анҷом медиҳанд.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет мегӯяд, воқеан ин ду шабака тариқи аксари ширкатҳо дастнорас аст ва то ҳол маълум нест, бар кадом асос дастраси ба ин шабакаҳо маҳдуд шудааст. Ӯ мегӯяд, бастани шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ мушкилеро ҳал нахоҳад кард: “Агар гурӯҳе ё ҷонибе ба хотири кадом ҳадафе ин шабакаҳоро маҳдуд сохта бошад, ин кори дуруст нест. Кадом сохторе, ки тасмим гирифта бошад, ба манифташа нест. Ҷомеа ҳам манфиат намебинад. Ин хилофи қонунгузории мо ҳаст ва боз ҳам заифи моро дар муборизаҳои идеологӣ нишон медиҳад, ки аз технологияи муосир ба манфиати худ истифода бурда наметавонем. “YouTube”-ро бастан, ки ҳама рӯза ба манфиати кориву шахсӣ истифоад мекунанд, фикр намекунам ба мо манфита биорад. Агар ба хотири матлабҳои обрӯрезанда баста шуда бошанд, ин баръакс таблиғи онҳо мешавад ва бо роҳҳои гуногун сокинон онро дастрас хоҳанд кард.”

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҳоло даҳҳо роҳи ворид шудан ба шабакаҳои маҳдушуда вуҷуд дорад ва чунин маҳдудсозиҳо баръкс миёни истифодабарандагон сомонаҳои филтршиканро тарғиб мекунад.

Фарҳод, як мусоҳиби мо дар хиёбони Душанбе, ки аз ин ду шабка истифода мебарад, гуфт, ҳоло дар телефонаш сомонаи филтршикан насб карда, бе мушкил вориди “YouTube” ва «Одноклассники» мешавад. Ӯ мегӯяд, маҳдуд сохтани ин ин шабакаҳо ба кисаи истифодабарандагон зарар мерасонад, ки бо насби филтршиканҳо маблағи бештар сарф мекунанд.

Ӯ мегӯяд: “Ман ҳамин рӯз то нисфирӯзи филтршикан насб кардам ва дигар бе мушкил вориди YouTube” ва «Одноклассники» мешавам. Фақат каме пул зиёдтар сарф мешавад, дигар ҳеҷ фарқияте нест. Мо бо «Одноклассники» бо хешу таборамон дар Русия сӯҳбат мекунем ва ин хеле бароямон муҳим аст. Дигар дар он ҷо кӣ чӣ менависаду кӣ чӣ мегӯяд, бароям аҳамияте надорад.

Корбари дигари YouTube” аз шаҳри Душанбе, ки худро Гулноза муаррифӣ кард, гуфт, аз Юутуб бештар тарзи истифодаи маводҳои ороиши рӯйро тамошо мекард ва ҳайф ки ҳоло ҳоло аз ин маҳрум шудааст. Ӯ афзуд: “Одноклассники»-ро бастанд, кори хуб карданд, вале ҳамин “YouTube”-ро боз мемонданд, хуб буд. Тарзи дӯхтани куртаҳо ва ороиши рӯйро мо бо дугонаҳоямон аз ин шабака тамошо мекардем.

Ширкатҳои мобилӣ аз шарҳи расмии маҳдуд шудани ин шабакаҳо худдорӣ мекунанд. Холиқназар Ҷумъаев, намояндаи ширкати “Babilion-M” гуфт, дақиқ гуфта наметавонад, ки мушкил дар чист, вале ҳоло кормандони техникиашон барои дақиқ кардани ин мушкил таҳқиқ мебаранд: “Кормандони техникии мо барои фаҳмидани ин мушкил супориш гирифтаанд ва ҳоло вазъро меомӯзанд. Танҳо пас аз омӯзиш мо гуфта метавонем, ки мушкили дастрас набудани ин ду шабака дар чист.”

Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ва ҳамчунон Ютуб, ки аз пуристифодабарандатарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дониста мешаванд, давоми соли ҷорӣ чанд дафъа масдуд шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ин ду шабака ва ҳамчунин шабакаи иҷтимоии Фейсбукро дар ду соли ахир борҳо масдуд ва корбаронро аз истифодаи онҳо марум карданд. Махолифони ҳукумати Тоҷикистон ин ду шабакаро барои муборизаи лафзӣ алайҳи мақомот истифода мекунанд. Ҳеҷ як аз ин масдудкуниҳо то ҳол бо амри ошкори идороти давлатӣ сурат нагирифтааст, вале баъзе ширкатҳои таъминкунандаи интернет ба амрҳои шифоҳии мақомот ишора мекунанд.

XS
SM
MD
LG