Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони “Хадамоти иҷтимоӣ” ва Хазинаи таҳсилоти Аврупо мегӯянд, аксарияти кулли ҷавонон дар Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси омӯхтаи худ ҷои кор пайдо намекунанд.

Ин натиҷаи пажӯҳиши сарнавишти зиёда аз 2 ҳазор ҷавони аз 15 то 29-солаи Тоҷикистон аст, ки ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст.

Ҷамшед Қуддусов, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии "Хадамоти иҷтимоӣ", ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқоте, ки дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон гузаронда шуд, муайян кард, ки ҷавонон дар марҳилаи хатми донишгоҳ ва дарёфти кор мушкилӣ мекашанд. Ба қавли ӯ, "аксарияти ҷавонон пас аз гирифтани ихтисос ҷои кори мувофиқ ёфта наметавонанд. Бинобар ин, аксарияти ҷавонон бо ихтисоси хеш кор намекунанд. Аксарияти ҷойҳои корӣ низ музди маоши паст доранд ва барои ҳамин ҷавонон хоҳиши кор дар ин вазифаҳоро надоранд. Ин ҳолат онҳоро водор месозад, ки касбашонро иваз кунанд, то музди маоши кофӣ ба даст оранд."

Ҳамчунин, ин пажӯҳиш нишон додааст, ки талабот ба дастони корӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон нисбати пешниҳодот ба маротиб бештар аст. Қуддусов мегӯяд, “дар Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди 150 ҳазор мутахассис омода карда мешавад. Аммо дар бозори меҳнат 25-30 ҳазор ҷои корӣ мавҷуд асту халос. Бинобар ин, ҷавонон маҷбур мешаванд касбашонро иваз кунанд, то ҷои кори муносиб пайдо кунанд ва ё ба муҳоҷират рӯ меоранд.”

Баҳодур Солиев, як сокини Душанбе, соле пеш Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гирифтааст, аммо то ҳол бо ихтисоси хеш ҷои кори муносиб наёфтааст. "Ҳуқуқшинос ҳоло дар Тоҷикистон ниҳоят бисёр аст. Агар касе шароити молӣ надошта бошад, пас аз хатм кардани Донишгоҳ ҳам кори муносиб ёфта наметавонад, чунки бисёриҳо тавассути пул ба кор медароянд. Бинобар ин ба довталабони оянда маслиҳат доданиям, ки ҳаматарафа фикр карда баъд ҳуҷҷатҳояшонро ба ягон факултет супоранд."

Ҳоло таъмини ҷавонон бо коре, ки маоши кофӣ дошта бошад, яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва аксари ҷавонони шаҳру деҳоти кишвар муҳоҷирати кориро роҳи ҳалли он медонанд. Аз сӯи дигар маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ бисёре аз ҷавононро ноумед мекунад, ки агар аз маҳалли муайян набошанд ё хешу таборашон дар вазифаҳои муҳим давлатӣ кор накунанд, наметавонанд, дар ин ё он арса муваффақ шаванд.

Соли 2007 Созмони Ҷаҳонии Кор низ дар Тоҷикистон назарпурсие анҷом дода, маълум кард, ки танҳо 30 дарсади ҷавонон баъд аз таҳсил дар мактаби миёна ё донишгоҳ тавонистаанд дар давоми як сол дар Тоҷикистон ҷои кор пайдо кунанд. 70 дарсади онҳо дар марҳилаи гузариш ба навмедӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ҷои кори муносиб бо дастмузди кофӣ пайдо накардаанд. Пажӯҳиши нав нишон медиҳад, ки ин вазъ дар Тоҷикистон тақрибан бетағйир боқӣ монда ва ҳатто шояд бадтар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG