Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон падари мансабдор мехоҳанд ё падари хуб? (ВИДЕО)


Мехоҳед фарзанди мансабдор бошед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

Вақте ҷавонон мегӯянд, ки чӣ хуб буд, агар дар оилаи шахси мансабдор ба дунё меомаданд, ин сухани онҳо чӣ маънӣ ва чӣ паём дорад? Худи Шумо ба чунин суол чӣ посух медиҳед?

Ҳар дафъа, вақте аз соҳиби мансаб шудани фарзандони афроди мансабдор ё шеваҳои зиндагию истироҳати онҳо чизе ба нашр мерасад, бархе аз ҷавонон дар шарҳҳо изҳори таассуф мекунанд, ки фарзанди афроди оддиянд ва ба ин сабаб на кору вазифаи сердаромад ёфта метавонанд, на савори мошинҳои гаронбаҳоянд ва на вақту фурсату имконияте доранд, ки дар хориҷа таҳсил кунанд ё бо навъҳои "зебо"-и варзиш машғул шаванд.

Зоҳиран, ин ҷавонон роҳи осони зиндагиро меҷӯянд ва ҳам бар инанд, ки фарзандони афроди мансабдор зиндагии роҳат доранд ва танҳо бар мояи ному мақоми падари худ ба ин ё он вазифа расидаанд. Ин гумон роҳ дода намешавад, ки шояд ба ҷое, ки расиданд, ҳамагӣ натиҷаи омӯзиш ва талошҳои худи онҳо буд.

Аз сӯе ҳам аксари ҳамсӯҳбатони мо гӯё андарзи қадимаро низ фаромӯш кардаанд, ки ин гуна буд: "Гирди номи падар чӣ мегардӣ / Падари хеш шав агар мардӣ". Бо вуҷуди ин посухи онҳо баёнгари ҳолатест, ки ба имкониятҳои бештари фарзандони афроди мансабдор ишора мекунад. Ва ҳам ба он ки мансабдорон расман маоши зиёд намегиранд, вале манзилҳои барҳаво месозанд ва фарзандонашон дар мошинҳои гаронқимат аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мегузаранд.

Ба сухани ин ҷавонон гӯш диҳед ва агар дилатон хост, бинависед, ки оё Шумо мехостед, дар хонадони шахси баландмақом ё сарватманд ба дунё оед? Ин хоҳиши Шумо оё баёнгари чист ва чаро ҷавонон, ба истиснои яке аз онҳо, падарро падар медонад, на мансаби падарро боло мегузорад? Интизори посухҳои Шумоем дар ҳошияи ин видео:

Мехоҳед фарзанди мансабдор бошед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

XS
SM
MD
LG