Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаҳонбахш Норинов, собиқ аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иддао дорад, ки донишгоҳ ӯро иҷборан аз хобгоҳ берун мекунад. Ӯ 3 соли ахир дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ кардааст ва ҳоло донишгоҳ тавассути додгоҳ мехоҳад ин ҷавон утоқи зисташро дар хобгоҳ холӣ кунад. Ин олими ҷавон мегӯяд, ба далели имконоти маҳдуд ва ҳам бо пеш омадани чанд мушкил дар хонавода, натавонист пажӯҳиши илмии худро дар 3 сол ҳимоя кунад ва аз донишгоҳ хоҳиш кард барояш иҷоза диҳад, то дифои рисолаи илмиаш, ки қариб омода аст, дар хобгоҳ бимонад. Зеро дар шаҳр дигар ҷои зист надорад.

“Ман дар маҳали зистам мушкили шахсӣ дорам. Аз сабабе, ки ман бояд дар як мурофиаи судии дигар дар Панҷакент иштирок кунам, дар истеҳсолоти ноҳияи Сино ариза ворид кардам, ки муваққатан баҳси додгоҳиро боздоред. Ҳалномаи додгоҳ барои берун шудани ман аз хобгоҳ ҳоло набаромадааст. Аммо омаданду гуфтанд аз донишгоҳ як соат пас бароед”,- афзуд, Ҷаҳонбахш Норинов.

Ҷаҳонбахш Норинов

Ҷаҳонбахш Норинов

Ҷаҳонбахш хатмкардаи Донишкадаи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода аст ва се соли қабл барои идомаи таҳсил дар бахши аспирантура Донишгоҳи миллиро интихоб кард. Масъулини Донишгоҳи миллӣ мегӯянд, ин ҷавон ҳанӯз моҳи декабр ин бахшро хатм кард ва бо вуҷуде, ки дигар ҳаққи будубош дар хобгоҳро надошт, бе пардохти пули моҳона он ҷо то имрӯз зиндагӣ кардааст.

Камолиддин Маннонов, мудири шӯъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар мавриди Ҷаҳонбахш мегӯяд, ки “3 сол давраи таҳсил дар аспирантураро пурра истифода бурдааст, аммо то имрӯз корро барои муҳокима ба кафедра пешниҳод накардааст. Аспирант вақте 3 сол дар аспирантура таҳсил кард, ҳадди аққал бояд корро барои муҳокима ба кафедра омода кунад.”

Мисли ҷаҳонбахш Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имсол 25 аспиранти хатмкардаро ба додгоҳ кашидааст. Масъулини ин мактаби олӣ мегӯянд, пажӯҳишгарони ҷавон бо хатми бахши аспирантура ҳам, ки 3 сол муайян шудааст, хобгоҳро холӣ накардаанд.

Нозим Муъминов, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон 20 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъулони донишгоҳ қаблан бо мактуби расмӣ аз ин афрод хоҳиш карда буд, хобгоҳро барои аспирантони нав холӣ кунанд, аммо онҳо бо пеш овардани баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла набуди ҷойи зист, аз ин амр саркашӣ карданд.

Нозим Муъминов

Нозим Муъминов

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муъминов, ин афрод бо гузашти мӯҳлати таҳсил дар ин бахш натавонистаанд корҳои илмии худро ба устодон пешниҳод ё пешдифоъ кунанд. Нозим Муъминов, ҳуқуқшиноси Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, “сабаб ҳамин, ки хобгоҳ хонаи тозаву озода аст. Барои ҳар нафар шароит фароҳам омадааст. Маблағаш 100 сомон дар як моҳ аст. Мо аввал ба тариқи мактуб ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Сино муроҷиат кардем, чанд маротиба ба худашон мактуб кардем. Саркашӣ карданд, гуфтанд ҷои рафтан надорем. Мо маҷбур шудем моҳи июл ба додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе муроҷиат кунем”. Бо ҳалномаи додгоҳ 20 нафари пажӯҳишгарони ҷавон хобгоҳро тарк карда, масъалаи панҷ нафари дигар ҳоло дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз бузургтарин муассисаҳои олии кишвар дар ҳоли ҳозир, 383 аспирант ба пажӯҳиши илмӣ машғуланд. Донишгоҳ мегӯянд, фазои муносиби илмӣ барои олимони ҷавон фароҳам аст, муҳаққиқон бо ҷои зист ва кӯмакпулии ҳармоҳа таъминанд, аммо на ҳама сари вақт таҳқиқотҳои илмии худро ба поён мерасонанд. Донишгоҳ ҳамчунин барои баргардонидани пули 3-солаи таҳсил аз аспирантоне, ки натавонистаанд дар ин муддат кори худро ба анҷом расонанд, тавассути додгоҳ талош хоҳад кард.

Ин бори аввал аст, ки Донишгоҳи миллӣ барои бозпас гирифтани хобгоҳ аз аспирантони хатмкарда ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Аммо баҳсҳо сари кам будани алоқамандии ҷавонон ба фаъолиятҳои илмӣ ва сари вақт дифоъ нашудани корҳои илмии аз сӯйи онҳо то имрӯз ҳам буд. Соҳибназарон мегӯянд, вазъи на чандон муносиби кор ва шароити молӣ, ба ҷавонон имкон намедиҳад худро пурра ба илм бубахшанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG