Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанге, ки баҳори ҷавониро гирифт


Толеъ Холназаров солҳои ҷанг бо волидонаш Тоҷикистонро тарк, вале барои ватанаш ному обрӯ овард.

Толеъ Холназаров солҳои ҷанг бо волидонаш Тоҷикистонро тарк, вале барои ватанаш ному обрӯ овард.

Ҷавононе, ки даврони донишҷӯияшон ба солҳои фоҷиабори 1990 рост омад, мегӯянд, ҷанги Тоҷикистон тақдири онҳоро ба куллӣ тағйир дод.

Ҷанг барномаҳои зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ҳам зад, вале шояд донишҷӯёни он солҳо, ки дар саргаҳи ҳаёти мустақилонаи худ буданд, ба чархишҳои сахттаре рӯбарӯ гаштанд. Бо баста шудани дари донишгоҳу донишкадаҳо онҳо аз таҳсил монданд, ҳамроҳи ҳамдиёрони худ дар пайроҳаҳои хунин гуреза шуданд, бо дастуру дархости бузургтарон майдоннишинӣ карданд ва дар ин байн орзуҳое, ки солҳо мепарвариданд, ба боди фано рафт.

Некрӯз Салимзода, яке аз чунин ҷавононест, ки дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ донишҷӯи риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин – донишгоҳи миллии кунунӣ буд: "Дар оғози ҷанг мардум аз Душанбе фирор карданд. Чун мо аз вилояти Бадахшон барои таҳсил омада будем ва вазъи амниятии пойтахт вахим шуд, рафтем дар донишгоҳи Хоруғ як соли таҳсиламонро сипарӣ кардем. Вақте гуфтанд, ки Душанбе ором шудаст, боз ба пойтахт, омадем, вале вазъияти иқтисодиамон сангин шуд. Маҷбур шудем, ба Русия ба муҳоҷират равем."

Маҳмадалии Мақсадулло

Маҳмадалии Мақсадулло

Некрӯз ҳоло дар Русия яке аз соҳибкорони муваффақ ва раҳбари ширкати бинокорист, ки ба чандин нафар аз ҳамватанонаш низ ҷои кор муҳайё кардааст. Ҳоло ӯ ба гузаштаи донишҷӯии худ назар карда, мегӯяд, аз як ҷониб агар ҷанг дар Тоҷикистон бисёр барномаҳои зиндагии ӯро ба ҳам зада бошад, аз ҷониби дигар, ӯ ва ҳамсолони вайро дар як вартае қарор дод, ки гӯиё роҳи бурунрафт аз он вуҷуд надошт.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, замони донишҷӯияш ният дошт, пас аз хатми донишгоҳ ба пажӯҳиш машғул шуда, рисолаи номзадӣ нависад ва ба ҳайси омӯзгор дар донишгоҳ кор кунад. Вай мегӯяд, он вақт ҳеҷ дар тасаввураш намеғунҷид, ки замоне тарки касб карда, бинокор ва оқибат соҳиби ширкати сохтмонӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз донишҷӯёни он солҳо, ки бо мо ҳамсӯҳбат шуданд, аз насли худ чун аз насли "қурбоншуда" ном мебаранд ва мегӯянд, тамоми орзуву омоли онҳо дар мавриди озодӣ, истиқлол ва худшиносии миллӣ ба хоки сиёҳ яксон шуд. Маҳмадалии Мақсадулло, ки солҳои 90-уми қарни гузашта донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ будааст, гуфт, ҳамсабақони ӯ дар гирдиҳамоиҳои ҳам майдони "Шаҳидон" ва ҳам "Озодӣ" ширкати фаъол доштанд.

Вай афзуд, "донишҷӯён як қувваи асосии майдонишиниҳоро ташкил мекарданд. Аммо, мутаассифона, ҷавононро гурӯҳҳои алоҳида ҳамчун нерӯ ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода мекарданд. Донишҷӯён аз шаҳраки донишҷӯён мавсум ба "Ҷазира" шиорпартоӣ карда, то ба майдони "Озодӣ" ва ё "Шаҳидон" меомаданд ва муаллимон ҳам дар ин кор саҳм доштанд."

Донишҷӯёни он солҳо мегӯянд, ҳаёҳуву эҳсосоти гарми атрофи таҳаввулоти сиёсӣ бисёриҳоро мутақоид карда буд, ки кадом ислоҳоти бунёдие дар пеш аст. "Ҳеҷ каси мо фикр намекард, ки баъди муддате ҷанг мешавад, мо фикр мекардем, ки кадом тағйироти хубе дар пеш аст", мегӯяд Заррина, донишҷӯи соли аввали факултаи филологияи ДДМТ дар соли 1992-юм. "Гоҳо муаллиме, ки барои митингравии мо мухолифат мекард ва намехост низоми таълим вайрон шаванд, дар чашми донишҷӯён душман эълон мешуд",-афзуд вай. Аз сӯи дигар, эътирозу мухолифат ба идомаи дарсҳои таҳмилии мисли "Таърихи сиёсӣ", ки мероси фанни "Таърихи КПСС"-и Шӯравӣ буд, авҷ мегирифт ва тарафдорони тағйироту ислоҳот ошкоро дарсро тарк мекарданд.

Толеъ Холназаров, қаҳрамони ҷаҳон дар вазнабардорӣ, он солҳо орзу дошт, дар бахши шарқшиносии ДДМТ таҳсил карда, арабиро аз худ кунад ва барои кор ба ягон кишвари арабӣ равад. Ҳоло ӯ дар Дубай мураббии варзиш аст. Аммо роҳаш ба он ҷо аз тариқи Қазоқистон боз шуд. Падари ӯ, яке аз фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон - нависандаи маъруф Имом Назар он солҳо дар Алматӣ паноҳанда буд ва Толеъ дар Қазоқистон ба воя расид. Бо вуҷуди ин, дар сабқате, ки баъди чанд сол ба қаҳрамонӣ расид, талаб кард, парчами Тоҷикистон бардошта шавад.

Шамсиддин Каримов, раҳбари ташкилоти ғайридавлатии "Бунёди рушди Тоҷикистон" ва собиқ устоди донишгоҳ гуфт, воқеан насли ҷавоне, ки дар солҳои 90-ум дар донишгоҳҳо таҳсил мекарду дар садади муқаррар кардани ояндаи худ буд, "қурбон" шуд: "Бо вуҷуди нобасомонию номуайяниҳо таҳаввулоти солҳои 90-ум якчанд имконоти наверо ба рӯи ҷавонон боз кард. Ин имкони таҳсил дар хориҷа, дастрасии бештар ба технологияҳои нави хориҷӣ ва ғайра аст. Лекин, ба андешаи ман, тақдирсози ҳар як шахс, новобаста ба шароит, худаш мебошад."

Аммо ӯ бо таассуф изҳор кард, ки аз донишу маҳорати ин насли ҷавон дар дохили Тоҷикистон ба таври комилу фаровон истифода намешавад. Эҳтимоли ин низ ҳаст, ки нақши ҷанг аз зиндагӣ ва хислату харакатери онҳо зудуда нашавад. Саҳми онҳоро дар рушди кишвар метавон танҳо бо гузашти солҳо арзёбӣ намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG