Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми ихтироъкоронро ҳавопаймои ҷангӣ зери бол гирифт


Фирдавс Абдуллоев бо ҳавопаймои низомияш

Фирдавс Абдуллоев бо ҳавопаймои низомияш

Ҳавопаймои низомӣ, дучархаи барқзо, роботи минаҷӯ аз ихтироъҳое буданд, ки дар ҳамоиши байналмилаллии олимон ва ихтироъкорони ҷавон диққати бисёриҳоро ба худ кашиданд.

Бори аввал ба ихтироъкорону олимони ҷавони тоҷик имконияте даст дод, ки кашфиёту навоварӣ ва маҳсули заҳмати чандсолаи худро дар намоишгоҳи вижа пешкаши умум гардонанд.

Ин ҳамоиш, таҳти унвони “Ҷавонон -- нерӯи рушди зеҳнии кишвар” рӯзи 15 май дар Донишгоҳи технологии кишвар ба кори худ оғоз кард ва муовини сарвазири кишвар ҳам роҳ бо вазирони маориф ва саноат бо кори ихтироъкорону олимони ҷавони тоҷик аз наздик ошно шудаву дархосту пешниҳоди онҳоро шуниданд.

Фирдавс Абдуллоев, донишҷӯи курси 1- уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш, ҳавопаймои низомии худро ба намоиш гузошт. Вай мегӯяд, “намунаи ҳавопайморо аз чӯби сабук, ки аз Маскав овардааст, қоғазҳои махсус ва дигар масолеҳ дар давоми қариб 2 моҳ сохтааст ва бартариаш ин аст, ки метавонад бо суръати тезтар ҳаракат кунад”. Фирдавс зимни муаррифии ин ҳавопаймо гуфт, барои сохтани нусхаи саноатии он маблағи зиёде лозим аст. “Мо ин ҳавопайморо аллакай санҷидем, воқеан дар истифода метавонад хеле хубу қулай бошад. Дар қанотҳояш муҳаррик аст, дар мо ҳоло ҳавопаймое ҳаст, ки ҳамагӣ як муҳаррик дорад, ин ҳавопаймо, суръати хеле тез дорад. Ман аслан бештар филмҳои ҷангиро тамошо мекардам ва ба сохту шакли ҳавопаймоҳои низомӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорам. “

Ин ҷавони ихтироъкор, ҳавопаймояшро бо ранги вижаи низомӣ -- сабз ва ситорачаи сурх оро додааст ва бисёр мехоҳад, Тоҷикистон, низ кишвари истеҳсолкунандаи ҳавопаймо бошад.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, намоишгоҳ ҳам маҳз ба хотири амалисозии орзуву нақшаҳои Фирдавс ва дигар ҷавонони ихтироъкор ташкил шудааст. Вай гуфт онҳо нақша доранд, оянда дар чунин намоишгоҳҳо соҳибкорону ширкатҳои бузурги кишварро ҳам ҷалб кунанд, то ғояҳои ҷавонон рӯйи қоғаз намонад. “Пешниҳод мекунем, тамоми саҳҳомон, ширкатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва муассисаҳои тиҷоративу сохтмонӣ дар ин форум ширкат кунанд ва аз ин заҳмату ихтирооти ҷавонон огоҳ шаванд ва ин меҳнати ҷавонон харидори худро пайдо кунад. ”

Нуриддин Саид дар ин зимн аз фаъолияти Донишгоҳи технологӣ ситоиш карда, аз мактабҳои дигари олӣ ҳам даъват намуд, ба ҷавонони навовари худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ диҳанд. “Таҳияи ин барномаҳо кори осон нест, ин кори зеҳнӣ аст ва барои ин муҳити илмӣ ва ақлонӣ даркор. Ақли одам дар муҳити ақл пайдо мешавад. Аз ректорҳо хоҳиш мекунам, дар ҳама донишгоҳҳо муҳит офаред. Донишгоҳи технологӣ ин корро 10 сол боз иҷро мекунад.”

Дар форуми ихтироъкорони ҷавон

Дар форуми ихтироъкорони ҷавон

Дар форуми ихтироъкорони ҷавон беш аз 200 нафар аз саросари кишвар ҷамъ омаданд. Муҳаммад, донишҷӯи Донишкадаи техникӣ, дар намоишгоҳи ихтироъкорон бо роботи минрӯбаш ширкат кард. Барои сохтани ин робот, ки Ҳоббит ном дорад, вай 700 доллар сарф кардааст ва он барои қисмҳои ҳарбӣ ва корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ шудааст. “Ин дастгоҳи сохтаи мо метавонад барои безарар гардонидани маводҳои тарканда истифода шавад ва метавонад, ягон ҷисми хатарнокро ба таври автоматӣ ба ҷойи дигар бурда гузорад.”

Муҳаммад мегӯяд, барои сохтани чунин роботҳо вай на ягон озмоишгоҳи вижа дошт, на шароити зарурӣ. Тамоми маблағу мавод ҳам аз ҳисоби худаш аст.

Ихтироъкорони ҷавони тоҷик, ки теъдодашон ба 200 нафар расидааст, ғолибан аз рӯйи қоғаз мондани нақшаву заҳматҳои чандсолаи худ ва набуди шароити хуб барои ихтироъкорӣ шиква мекунанд. Ва маҳз ҳамин омил ба гуфтаи мутахассисон боиси дилсард шудани ҷавонони навҷӯву навовар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG