Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таблиғи зидди ифротгароӣ ё "силоҳи махфӣ"-и интихобот?


Ҷавонони тарафдори ҳизби ҳоким дар интихоботи парезидентӣ. 2 ноябри соли 2013.

Ҷавонони тарафдори ҳизби ҳоким дар интихоботи парезидентӣ. 2 ноябри соли 2013.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон “Мактаби пешвоёни ҷавон”-ро таъсис дод, ки ба он 10 ҷавони фаъол ҷалб шуда, қарор аст онҳо рисолати хосеро анҷом диҳанд.

Ин гурӯҳ талош хоҳад кард, эҳсоси ватанпарвариро дар миёни ҷавонон таҳким дода, аз ҷалб шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирӣ кунанд. Аъзои гурӯҳ ҳамагӣ ҷонибдорони ҳизби ҳоким буда, тарғиби сиёсати давлат дар робита ба ҷавонон низ яке аз ҳадафҳои онҳо хоҳад буд.

Гурӯҳи мазкур як навъ маҳфили омӯзишие хоҳед буд, ки дар он ҷавонон дарси ватандӯстӣ гирифта, сипас дар ҷомеа кор мебаранд, то ба ҷалб шудани ҷавонон аз тарафи гурӯҳҳои ифротӣ мухолифат кунанд. Ин ташаббус дар ҳоле миёда мешавад, ки чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон аз зиёд шудани “ҷиҳодиҳо”-и тоҷик дар кишварҳои мухталиф изҳори нигаронӣ мекунанд.

Мирзомаъруф Бобоев, яке аз ҷавонони фаъоли ноҳияи Исфара, ки “Мактаби пешвоёни ҷавон”-ро гузаштааст, ҷумъаи 2-юми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мактаби мазкур аз ҳисоби ҷавонон таблиғгаронеро омода мекунад, ки бояд миёни андеша ва ақидаҳои мӯътадилро таблиғ кунанд: “Ҷавононе, ки ин мактабро хатм мекунанд, дар шаҳру ноҳияҳои худ миёни мардум, ба хотири ҷилавгирӣ аз майли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маъракаи таблиғотӣ мегузаронанд.”

Ба гуфтаи ин сокини Исфара, ки дар бораи иштироки бархе аз намояндагони он дар ҷанги Сурия, узвият дар Ҳаракати Исломии Туркистон ва Ҳизби Таҳрир пайваста иттилоъ пахш мешавад, вақтҳои охир занҳо низ ба “ҷиҳод” ҷалб шудаанд ва зарур аст, ки пеши роҳи ин падида гирифта шавад. “Ҷавононе ,ки ба ҷиҳод мераванд, бештар шудаанд. Ҳатто миёни онҳо дигар духтарҳо низ дида мешаванд. Бо ин далел бояд корҳои ташвиқотиро бештар кунем. Ба хусус писарон бояд ҳисси ватандӯстияшон хеле боло бошад,” -- мегӯяд Мирзомаъруф.

Ҳамчунин ба қавли Мирзорауф дар “Мактаби пешвоёни ҷавон” онҳое ҷалб шуданд, ки довталабона барои Ватан хидмат кардан мехоҳанд. Яъне омодаанд, бидуни ҳеҷ гуна маошу маблағ корҳои таблиғотиро дар байни аҳолӣ пеш баранд. Бино бар иттилоъи мақомоти Тоҷикистон, то ҳол беш аз 200 шаҳрванди ин кишвар ба хотири “ҷиҳод” ба Сурия сафар кардаанд. Аммо нашри нав ба нави видеоҳо бо ширкати тоҷикон дар Сурия гувоҳи ин аст, ки ин рақам метавонад, ба маротиб бештар аз оне бошад, ки ҳукумат мепиндорад.

Шеваи таблиғоте, ки ҳукумат мехоҳад бо истифода аз он пеши роҳи ифротгароиро бигирад, аз усулҳое, ки дар замони шӯравӣ истифода мешуд чандон фарқ надорад. Аммо Шӯравӣ як кишвари дар инзиво буд ва мардумаш аз гирифтани ахбори алтернативӣ маҳрум буданд. Аз ин рӯ онҳо ҳарферо мешуниданд, ки танҳо аз забони мақомот берун мешуд. Феълан вазъ фарқ мекунад ва садҳо манбаи хабарӣ вуҷуд дорад, ки бастани пеши роҳи ҳамаи онҳо аз имкон берун аст.

Аз ин рӯ иддае аз ҷавонон мегӯянд, танҳо бо ташкили “Мактаби пешвоёни ҷавон” наметавон ҳисси ватандустии мардумро бештар кард, пеши роҳи ақидаҳои тундравонаро гирифт ва ё ҷавононро аз ҷиҳод бозпас гардонд.

Сиёвуши Холмурод, як устоди ҷавони тоҷик шубҳа дорад, ки ҳадаф аз ташкили “мактаби пешвоёни ҷавон” танҳо ҷилавгирӣ аз тундравӣ дар байни ҷавнон бошад. Гузашта аз ин, рӯи кор омадани таблиғгарони нав дар ростои интихоботи порлумонӣ ин гумонҳоро низ ба вуҷуд овардааст, ки шояд таблиғгарони ҳукуматӣ ҳадафҳои дигареро низ пайгирӣ кунанд.

“Шояд мақомоти Тоҷикистон аз зиёд шудани ҷиҳодиён нигарон бошад, аммо ҳадафи омода кардани таблиғотгарон на ин аст. Балки ба назари ман ҳадаф ин аст, ки дар интихоботи оянда ҳизби ҳоким мехоҳад, аз нерӯи ҷавонон дар таблиғоти интихоботӣ истифода кунад. Агар чунин набошад, чаро таблиғгарон танҳо аъзои ҳизби ҳокиманд. Аз дигар ҳизбҳо нестанд. Бо баҳонаи ватандӯстӣ онҳо дар миёни мардум таблиғ аз номзадҳои худро низ хоҳанд кард,”- мегӯяд ин омӯзгор аз шаҳри Душанбе.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар ҳоли пуррақобат ҷараён ёфтани интихоботи ояндаи кишвар, ҳизбҳо ба ҷавонон ҳамчун "силоҳи махфӣ"-и таблиғотии худ истифода хоҳанд кард. Аммо, ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир бӯрди куллии ҳизбҳои сиёсии кишвар ба ҷавонон ин ақидаро ба миён овардааст, ки дар навбати аввал аҳзоб ба онҳо таваҷҷӯҳи кам доранд ва сониян дар ҳоли шомил шудани ҷавонон ба феҳрастҳои ҳизбӣ низ онҳо дар бахши дувуми ин номгӯй қарор хоҳанд дошт, ки имкони роҳ ёфтанашонро ба парлумон ночиз мекунад.

Дар интихоботи президентии соли 2013 созмони «Созандагони Ватан» -- Бахши ҷавонони ҳизби ҳоким маъракаеро бо номи «Президенти ман» ба роҳ монда буд, ки даҳҳо ҳазор нафар аз ҷавонони вилоятҳои Хаттлон, Суғд ва Бадахшонро ба худ ҷалб карда буд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон баргузор мешавад ва дар он дар баробари ҳизби ҳоким бузургтарин ташаккули сиёсии Тоҷикистон панҷ ҳизби дигар низ иштирок мекунанд, ки дар муқоиса бо ҳизби ҳоким дар шароити бадтаре қарор доранд. Ин ҳизбҳо ҳукуматро ба истифодаи захоири давлат ба фоидаи Ҳизби Халқӣ Демократӣ муттҳам мекунанд ва бо вуҷуди пешгӯишаванда будани анҷоми интихобот номзадҳои худро барои сабқат омода кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG