Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйдодҳои Хоруғро ба вижагиҳои қавмию мазҳабии мардуми Бадахшон рабт медиҳанд.

Ҳарчанд коршиносони тоҷик, рӯйдодҳои Хоруғро як амалиёти низомии муқаррарӣ медонанд, баъзеҳо, ба хусус ҷавонон, ин воқеаро ба вижагиҳои қавмию мазҳабии мардуми Бадахшон рабт медиҳанд.Ин раванд нигарониҳоеро ба бор овардааст ва созмони сабтиномнашудаи ҷавонон мавсум ба «Қадам ба қадам», ки ҳадафаш мубориза бо маҳалгароист, аз ҳамаи ҷавонони Бадахшон даъват кард, ки дар ин рӯзҳо таҳаммулпазир бошанду ба эҳсосот дода нашаванд.

Аъзои ҷавони ин созмон ахиран дар ҷаласае воқеаҳои ахири Бадахшонро баррасӣ карда, онро як амалиёти зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша унвон кардаанд.
Далер Шарифов яке аз муассисони «Қадам ба қадам» ба Радиои Озодӣ гуфт.

“Имрӯз ҷавонон дар робита бо ҳаводиси Бадахшон тавассути интернет аз ҳар манбаъ иттилооти мухталифро дарёфт мекунанд ва тавре мушоҳида кардем дар баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, бархе аз ҷавонони бадахшон, ё аз рӯйи қаҳру ғазаб аст ё аз рӯйи нофаҳмӣ, ин воқеаро бар зидди мардуми ин минтақа унвон карда хашмгин шудаву ба эҳсосот дода мешавад.

Мо талош мекунем бо ҷавонони Бадахшӣ бо ҳар роҳ махсусан тариқи шабакаҳои маъруф мисли Фейсбуку Однаклассники бифаҳмонем, ки онҳо як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷумҳурии Тоҷикистонанд, мо як миллатем ва гумон накунанд, ки ин амалиёт бар зидди онҳо равона шудааст.”


Аммо бархе аз ҷавонон, ки худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зодаи Бадахшон муаррифӣ мекунанд, мегӯянд, дигар ба ин мардуму ҳукумат эътимод надоранд ва рабти худро ба Тоҷикистон инкор мекунанд. Бархе ҳам рӯйдодҳои Хоруғро табъйизи алайҳи ақаллияти қавмӣ ва мазҳабӣ меноманд.

Аммо Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик, ки худ зодаи Бадахшон аст мегӯяд, агарчи шеваи иҷрои ин амалиёт нодуруст аст, бо назардошти айни чунин амалиёт дар дигар манотиқи кишвар, ки низ паёмадҳои марговар дошт, метавон хулоса кард, ки ин даргирӣ хосияти қавмиву мазҳабӣ надорад.

«Он ҳодисае, ки дар Бадахшон шуд, мо онро дар Кӯлоб, Рашту Исфара ҳам дидем, ки одамони бегуноҳ фавтида буданд. Ҳукумат намехоҳад, ки ягон гурӯҳ аз назорати ӯ дур монад. Онҳо мехоҳанд, пурра Тоҷикистонро таҳти контроли худ гиранд. Барои ҳамин ин фикрҳо, ки ин амалиёт махсус зидди бадахшониҳо аст нодуруст аст. Ҳукумат дар ҳама минтақаҳо сиёсати нодуруст пеш мебарад».

Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарони дигар, ин бархӯрди ҷавонони бадахшӣ метавонад, натиҷаи таблиғи афроде бошад, ки мехоҳанд, аз маҳалгароӣ ё ҷудоихоҳӣ “сармояи сиёсӣ” ба даст оранд. Яке аз сабабҳои ба чунин шиорҳо дода шудани ҷавонон аз бехабарии онҳо маншаъ мегирад.

Олим Ширинов, оҳангсоз ва овозхони тоҷик, мегӯяд, набуди иттилои дақиқ аз Бадахшон боиси зиёд шудани хабарҳои дурӯғ ва аксҳои тавтеаомез дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст, ки ин ба ақидаи ӯ кори дасти гурӯҳҳои манфиатдор аст:

«Ҳатто баъзеҳо аз геносид ё наслкушӣ сӯҳбат мекунанд ва ба фикрам ин гурӯҳ худ ба маънии ин мафҳум сарфаҳм намераванд. Ин нафарон ё ин гурӯҳҳо, ки дар мухолифат бо ҳукумат қарор доранд, аз ин фурсат истифода бурда, кӯшиш мекунанд вазъро мутташаниҷ кунанд. Шумори онҳо албатта чандон зиёд нест ва аксари онҳо дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранду ҳадафашон ноором кардани вазъ аст. Вале бояд гуфт, аз ин тавтеаангезиҳо боз ҳам мардуми оддӣ зарар мебинаду халос".

Ҷавони дигари тоҷик Олим Ширинбеков, ки илмро пешаи худ кардааст, дар Маскав кору зиндагӣ мекунад ва аз Интернет пайваста рӯйдодҳои ахири Хоруғро мушоҳида мекунад. Вай мегӯяд, ин рӯзҳо дар ҳолати хеле бади равонӣ қарор дорад. Волидону пайвандони Олим дар Хоруғ ва маҳалли даргириҳо зиндагӣ мекунанд ва ӯ низ мисли аксар дигар ҳамтоёнаш чанд рӯз аст наметавонад аз ҳоли онҳо хабар ёбад. Ба қавли ӯ, чунин номуайянӣ ба ангезиши хашм ва нафрат сабаб мешавад.

“Ин меваи муҳосираи иттилоотӣ аст, ки мардумро ба ҳар фикру андешаҳо тела медиҳад».

Ҳабиб Фаридунов
узви шӯрои ваколатдори бадахшониҳо дар Маскав, ки дар пайи ҳодисаҳои Хоруғ таъсис ёфт, гуфт, онҳое, ки дар вокунишу назарҳои худ ба қавму забону мазҳаб тамаркуз мекунанд, аксаран ҷавонони бемаълумотанд ва сари эҳсосот чунин андешаронӣ мекунанд. Аммо мегӯяд Фаридунов, аъзои шӯро барои ҷилавгирӣ аз чунин тавтеаҳо қариб ҳар рӯз бо ҷавонони муҳоҷир дар Русия мулоқот мекунанд:

«Мо ҳар рӯз бо ҷавонон сӯҳбатҳо мекунем ва мегӯем, ки бачаҳо, қабл аз маҳаллу дину мазҳаб, аввал миллат аст ва миллати мо тоҷик аст. Мо тоҷикони кӯҳистони Тоҷикистонем, давлате, ки баъд аз тақсимоти сиёсиву маъмурии соли 1924 ҳамчун давлати бо номи Тоҷикистон барои мо монд. Мо дар ин давлат зиндагӣ мекунем ва миллати мо тоҷик аст».

Аксар мусоҳибони мо мегӯянд, рӯҳияи нороҳатии қавмӣ ё мазҳабӣ як холигоҳест, ки ба иллати камбудҳои зиёду чандинсолаи сиёсатҳои давлатӣ ва вазъи иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба миён омада, имрӯз бояд ҳамагон дарк кунанд, ки он барои ваҳдати миллӣ чӣ хатари азиме буда метавонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG