Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беҳзоди 13-сола -- ҷавонтарин падар дар Эрон


Акс аз хабаргузории "Меҳр"

Акс аз хабаргузории "Меҳр"

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон рӯзи гузашта аксҳои як навҷавони 13-солаи эрониро ҳамроҳ бо писар ва хонумаш нашр кард ва Беҳзодро ҷавонтарин падар дар Эрон хонд.

Хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ як ҷавони 13-солаи вилояти Кирмонро, ки Беҳрӯз ном дорад, ҷавонтарин падар дар Эрон ном бурд. Беҳзод 12-сола будааст, ки бо духтари амакаш Зайнаб издивоҷ кард ва онҳо соҳиби як писар ҳастанд ва ҳоло Беҳзод дар 13-солагӣ ҷавонтарин падар дар Эрон ҳаст ва писараш якмоҳа мебошад

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Беҳзод вақте дусола будааст, модараш ӯро ҳамроҳи падараш гузошта ва ӯ ҳамроҳи модарандараш ва фарзандони падараш ба воя мерасад. Беҳзод ҳеҷ вақт ба мактаб нарафтааст ва саводе надорад ва дар давраи кӯдакӣ сахтиҳои зиёде кашидааст. Фақр, фироқи модар ва балоғати зудраси ҷинсии Беҳзод ва ҳамчунин падар надоштани Зайнаб, ва аз тарафи дигар мушкилоти рӯзгор боис мешавад, ки Беҳзод ва Зайнаб дар сини хурдсолӣ бо ҳам издивоҷ кунанд.

Беҳзод ва ҳамсару фарзандаш ҳамроҳ бо модару бародарони ҳамсараш дар яке аз маҳаллаҳои фақирнишини шаҳри Кирмон зиндагӣ мекардаанд. Онҳо дар як шароити сахт зиндагӣ мекунанд ва минтақае, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, бисёр сард аст ва онҳо ҳатто як бухорӣ барои гарм кардани худ надоранд. Онҳо ҳамчунин ҳеҷ гуна василаи тафреҳӣ ва хурсандӣ, аз ҷумла телевизион надоранд ва хоҳар ва ду бародари Зайнаб низ бинобар тангдастӣ, ба мактаб нарафтаанд.

Беҳзод коргар аст ва бисёриҳо бинобар ҷисми хурд ва лоғар буданаш ба ӯ кор намедиҳанд ва ин аст, ки бисёре аз рӯзҳо ӯ бекор мемонад. Беҳзод ва Зайнаб мисли бисёре аз кӯдакони дигар, ки бармаҳал издивоҷ мекунанд, мушкилоти зиёде дар зиндагӣ доранд. Аз ҷумла фақр, маҳрумият аз таълим, маҳрумият аз саломатии ҷисмӣ ва рӯҳӣ, надоштани шароити хуби зиндагӣ...

Омори издивоҷи кӯдакон дар Эрон зиддунақиз аст ва дақиқ намебошад. Бар асоси Омори сабти аҳволи Эрон, дар соли 2010 беш аз 42 ҳазор издивоҷи кӯдакони аз 10 то 14 сола ба сабт расидааст. Издивоҷи кӯдакон мушкили воқеии ҷаҳон аст, ки дар тамоми кишварҳо, фарҳангҳо ва мазҳабҳо ва қавмҳо роиҷ аст ва аз Ховари Миёна то Амрикои Лотин ва то Ҷануби Осиё ва Аврупо дида мешавад. Аммо дар Ҷануби Осиё ин падида аз ҳама бештар дида мешавад. Дар Тоҷикистон сини издивоҷ аз 18-солагӣ таъйин шудааст, аммо дар гузашта ҳолатҳои издивоҷҳои бармаҳал сабт шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG