Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон вазъи таълим дар мактабҳоро "бад" гуфтаанд


Бунёди атфоли Созмони Милал хулосаи пажӯҳиши худ дар бораи вазъи таълим дар мактабҳои Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Наздик ба 90 дарсади ҷавонони тоҷик орзуи таҳсили беҳтарро доранд. Аммо бе омӯзгорони баландихтисос ва шароиту муҳити муносиб дар мактабҳо ин орзуи онҳо амалишаванда нест. Ҳамчунин фасоду ришвахорӣ дар муассисаҳои таълим аз монеаҳои таҳсили хубанд.

Ин натиҷаи як пажӯҳишест, ки ахиран аз сӯи Бунёди атфоли Созмони Милал ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Назарпурсии мазкур бо ёрии гурӯҳи пажӯҳишгарони байналмилалӣ ва ҷавонони тоҷик анҷом шудааст. Ҳадафи аслии он омӯзиши вазъи сифати таълиму тарбия дар мактабҳои оливу миёнаи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият будааст. Дар ин назарпурсӣ беш аз 800 хонандаи мактабҳои оливу миёнаи Тоҷикистон ширкат карда, нисфи онҳо, ба вижа афроди аз 13 то 18-сола ба сифати таҳсил баҳои хуб додаанд. Аз се як ҳиссаи ҷавонон онро миёна арзёбӣ кардаанд. Аммо қисми зиёди донишҷӯён, ба хусус ҷавонони шаҳрӣ, баръакс сифати таълимро бад шумурдаанд.

Ҷейн-Ловитски Зука, яке аз муаллифони гузориш, мегӯяд: "Ҳарчанд имрӯз ҳам маорифи Тоҷикистон мушкилоти зиёде дорад, ҷавонон бо қиёс кардани вазъи солҳои аввали истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазъ воқеан хеле бад буд, ба шароити феълии таҳсил баҳои беҳтар медиҳанд. Вале боз ҳам бисёр масъалаҳои муҳиме ҳаст, ки ҷавонон дар ин пурсиш ёдовар шудаанд. Аз ҷумла, мо бояд бештар ба масъалаи нобаробарӣ дар дастрасӣ ба таҳсил таваҷҷӯҳ кунем, дар воқеъ ҷавонон ва наврасаон дар ин самт дастрасии баробар надоранд. Масалан, шумораи духтарон дар мактабҳо дар муқоиса бо писарон хеле кам аст. Аз сӯи дигар, онҳое, ки пули бештар доранд метавонанд бо пул таҳсили худро пеш баранд, вале онҳое, ки ин имкониятро надоранд, дастрасӣ ба таҳсил барои онҳо ниҳоят мушкил аст."

Аҳмадхӯҷа
Аҳмадхӯҷа
Дар маҷмӯъ, 45 дарсади ҷавонони пурсидашуда гуфтаанд, сатҳи дониш ва сифати таълиме, ки онҳо гирифтаанд ба фарқ аз таълими гирифтаи волидонашон беҳтар аст, аммо беш аз 30 дарсади дигар ақидаи баръакс доранд. Аммо Абдусамад Муллоев, намояндаи Вазорати маорифи кишвар, баъд аз ошноӣ бо натиҷаҳои пажӯҳиш аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар ин гузориш дастовардҳои солҳои ахири соҳаи маориф ба назар гирифта нашудааст. Ӯ мегӯяд, пажӯҳиш вазъи маорифро то соли 2008 бозгӯ мекунад, вале дар давоми 2 соли охир дар соҳаи маорифи кишвар тағйири зиёде ба амал омад, ки ин ҳама мебоист аз чашми пажӯҳишгарон дур намемонд.

"Мо дар муддати 3-4 соли ахир ба бисёр дастовардҳо ноил шудем. Ҳоло раванд умуман дигар шудааст. Мутаассифона, дар ин пажӯҳиш дастовардҳо ба назар гирифта нашудаанд. Ба мутасаддиён зарур буд, ки омори муосири соҳаи маорифро ҳам дастрас ва пешниҳод кунанд. Бархе аз мушкилоте, ки онҳо дар гузориш ёдовар шудаанд, имрӯз аллакай рафъ шудааст",-гуфт ӯ.

Вале баръакси ин, бархе аз ҷавонон мегӯянд, имрӯз ҳам сифати таълим дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз солҳои қаблӣ чандон тағйир накардааст. Аҳмадхӯҷа, як донишҷӯи тоҷик, мегӯяд, баръакс ӯ ба хулосаи пажӯҳиш, ки гӯиё нисфи ҷавонони кишвар ба сифати таълим баҳои хуб додаанд, каме шак дорад. Аҳмадхӯҷа як омили аслии паст будани сатҳи дониши ҳамсолони худ ва сифати тахлим дар макотиби кишварро чунин арзёбӣ кард: "Ришва додан барои баҳо дар мо як амри табииӣ шудааст. Донишҷӯи мо аксаран имкони ба илму дониши худ гирифтани баҳоро надорад. Аз сӯи дигар дар ин пажӯҳиш таваҷҷӯҳ кардам, 38 дарсади духтарон аз таҳсил дуранд, маълум аст ки як омили аслӣ ин манъи ширкат дар дарсҳо бо рӯйсарӣ аст. Бигзор ба ҷавонон ва донишҷӯён озодӣ диҳанд. Бигзор ҳар донишҷу бо либоси дилхоҳи худ тавонад таълим гирад ва маҳдудият ворид насозанд."

Салим Бобоназаров
Салим Бобоназаров
Пажӯҳиш оид ба сифати таълим дар Тоҷикистон бо ҷалби ҳудуди 200 ҷавон аз донишгоҳ ва созмонҳои мухталифи иҷтимоӣ анҷом шудааст. Пас аз ширкат дар ин пажӯҳиш, ҷавонон хулоса ва пешниҳодҳои худро дар робита ба вазъи сифати таълим дар як баёния изҳор карданд. Дар ин баёнияи худ ҷавонон аз ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумон, вазорату пешвоён ва волидону худи ҷавонон даъват кардаанд, ки барои беҳтар кардани сифати таълим, қабл аз ҳама шароиту муҳити таҳсил дар мактаб беҳтар, музди омӯзгорон бештар ва бо ройгон ё кам кардани харҷи таҳсил, таълим дар макотиби миёнаву олии кишвар ба ҳама баробар дастрас шавад. Аммо пешниҳоди асливу муҳими ҷавонон ин аст, ки ба онҳо имконият дода шавад, то дар қабули қарору қонунҳо оид ба соҳаи маориф, ширкат кунанд. Феълан ба гуфтаи Салим Бобоназаров, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Мактаби ихтиёриён», ҳарчанд ҷавонон баъзан дар баррассии чунин қарору тасмимҳо даъват мешаванд, аммо аксаран дар чунин тасмимгириҳои муҳим назари онҳо ба эътибор гирифта намешавад.

Дар баёнияи худ ҷавонони донишҷӯ аз фасоди молӣ дар муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, баҳогузорӣ ба толибилмон дар мактабҳо шаффоф нест. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки ба фасоду ришва дар мактабҳо бо роҳи таъсиси як ниҳоди вижа бояд мубориза кард.
XS
SM
MD
LG