Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии вилояти Владимир парвандаи як духтари 18-солаи тоҷикро, ки ба таблиғи ифротгароӣ айбдор мешавад, ба додгоҳ фиристодааст.

Додситонии вилояти Владимири Русия рӯзи 1 декабр аз анҷоми таҳқиқи парвандаи як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваро бо иттиҳоми таблиғи ифротгароӣ хабар дод. Додситонии Владимир мегӯяд, хулосаи айбдоркунӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 280-уми Кодекси ҷиноии Русия (даъватҳои оммавӣ ба анҷоми фаъолиятҳои ифротгароӣ бо истифода аз шабакаи Интернет) бо имзои муовини додситони вилоят ба додгоҳ рафтааст.

Ин банди Кодекси ҷиноии Русия барои таблиғи ифротгароӣ бо истифода аз васоити ахбори умум ба ҳайси муҷозот корҳои иҷборӣ ба мӯҳлати то 5 сол ваё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар додситонии вилояти Владимир рӯзи 1 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи ин духтари 18-солаи тоҷикро додгоҳи шаҳри Колчугинои ин вилоят муҳокима хоҳад кард. Колчугино дар тақрибан 150-километрии шимолушарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия ҷойгир шудааст.

Шараф Бачабеков, раҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Колчугино рӯзи 1 декабр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Мавзуна Мазориева дар ин шаҳр меҳмони апааш буд, ки дар як корхонаи дӯзандагии Колчугино кор мекунад: “Онҳо аслан аз Ванҷанд ва дар Душанбе зиндагӣ мекунанд. Модари ӯ ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекардааст ва Мавзунаро тобистон пеши апааш ба меҳмонӣ фиристодааст. Мо бо апаи Мавзуна ва шавҳари апааш дар тамос ҳастем ва барои ӯ адвокат ҳам гирифтем. Ӯ феълан дар боздоштгоҳи махсуси шаҳри Владимир ба сар мебарад. То ҷое ки мо медонем, Мавзуна Мазориева бо телефонаш чанд СМС фиристодаасту чанд видеоро дар Одноклассники “класс” мондааст. Адвокаташ умедвор аст, ки додгоҳ шояд бо ҳукми ихроҷи Мавзуна аз Русия иктифо кунад.”

Таҳқиқи парвандаи Мавзуна Мазориеваро бахши вилоятии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия анҷом додааст. Тафтишот мегӯяд, Мавзуна Мазориева моҳи июни соли 2015 ба вилояти Владимир омада, дар шаҳри Колчугино зиндагӣ мекард. Ӯ дар инҷо таҳти таъсири маводи иттилоотии ифротгароёни мазҳабӣ дар шабакаи Интернет афтода, ба гуфтаи мақомоти Русия, нисбат ба мардуми ғайримусалмон дар дилаш ҳисси адоват пайдо кардааст.

Мавзуна Мазориева, бино ба натоиҷи таҳқиқи парвандааш, таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён рӯзи 12 август дар шабакаи иҷтимоии Одноклассники бо номи мустаори “Асмаа на пути Аллаха (Замужем)” (“Асмоа дар роҳи Аллоҳ (Шавҳардор)”) саҳифаи худро сабти ном мекунад. Ба дунбол, ин духтари тоҷик бо истифода аз телефони мобилаш, ки ба Интернет дастрасӣ дошт, дар саҳифааш дар Однокласники навори видеоиеро мегузорад, ки бино ба гузориши додситонии Владимир, “дар он ба анҷоми амалҳои хушунатомез нисбат ба гурӯҳи афроде, ки бар асоси аломатҳои мазҳабиашон фарқ мекунанд, даъват мешавад.”

Тафтишот мегӯяд, Мавзуна Мазориева дар ҷараёни тафтиш гуноҳи худро пурра эътироф кард ва гуфт, ки аз кардааш пушаймон шудааст. Саҳифаи ӯ дар Одноклассники низ алакай баста шудааст.

Ҳафтае пеш додгоҳи Владимир хабар дода буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русияро бо ҷурми таблиғи рамзҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҷарима бастааст. Шараф Бачабеков гуфт, иртибот доштан ё надоштани он ду нафари ҷаримашуда бо Мавзуна Мазориева ва ба ҳам рабт доштани парвандаҳои онҳоро тасдиқ ё рад карда наметавонад. Ӯ мегӯяд: “Бачаҳои ҷавон ки ҳастанд, мегиранду бе ягон андеша ҳар чизро дар Интернет “класс” мондан мегиранд. Баъд мефаҳманд, ки ин корҳо ҷавобгарӣ дорад.”

Дар гузашта низ дар бораи дар Русия боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми ифротгароӣ ва таҳрики адовату бадбинии мазҳабӣ гузоришҳо ба нашр мерасид. Аммо Мавзуна Мазориева нахустин духтари тоҷик аст, ки дар Русия бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст ва ҳоло парвандааш ба додгоҳ меравад.

Мавзунаи 18-сола тобистон ба Колчугино ба аёдати апааш омада буд. Бехабар аз онки чанд “лайк”-у “класс” ва як видеояш дар Интернет асбоби парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ мешавад ва меҳмониаш дар вилояти Владимир чандин моҳ тӯл мекашад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG