Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пушаймонӣ ва бозгашти як ҷавон аз "ҷиҳод" дар Афғонистон


Деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, вилояти Хатлон

Деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, вилояти Хатлон

Як ҷавони узви гурӯҳҳои тундгаро аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён бо хоҳиши худ аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштааст ва мақомот ҳам бинобар пушаймон шуданаш, ӯро афв кардаанд.

Дар посух ба даъватҳои зиёд ва боисрори падараш Суннатулло Абдуллоев, ҷавони 24-солаи деҳаи Қизилнишони ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон ӯро ҳамчун узви гурӯҳи тундгаро ҷустуҷӯ мекарданд, аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргашт. Вай, ки чанде пеш худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон таслим карда ва бо мадади сафорат ҳафтае пеш ба ватан баргашт, гуфтааст, ки аз карда пушаймон аст, иштибоҳи худро такрор намекунад ва тамоми талошро ба харҷ хоҳад дод, ки аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ намояд.

Мақомоти амниятии ноҳияи Қубодиён ба хонаводаи Суннатулло ва худи ӯ дастур додаанд, ки феълан бо хабарнигорон сӯҳбат накунанд. Ба ин сабаб Суннатулло Абдуллоев дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ танҳо ҳаминро гуфт, ки ӯ пушаймон шудааст, вале аз тафсилоти пайвастанаш ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ангезаи пушаймонияш худдорӣ кард.

Чорибек Холиёров, раиси ҷамоати деҳоти “Истиқлол” имрӯз, 22 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Суннатулло Абдуллоев дар Афғонистон алайҳи нерӯҳои афғон ва хориҷӣ ҷанг мекард ва баъдан пушаймон шуда ва худро ба сафорати Тоҷикистон таслим кардааст. Ба ақидаи коршиносон қисме аз ҷавонон ба хотири дастмузди зиёд ва қисме ҳам пас аз гирифторӣ ба ақидаҳои тундгароёна ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мепайванданд. Равоншиносон мегӯянд, пас аз чанде аксарияти онҳо пушаймон мешаванд, вале аз тарси ҷазо роҳи худро идома медиҳанд ва ба ватан барнамегарданд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки агар ҷавонон аз гурӯҳҳои тундгаро худро ҷудо кунанд ва ба ватан баргарданд ва агар дар ҷиноятҳои сангин даст надоранд, афв карда мешаванд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Тоҷикистон 75 дарсади ҷавонони тоҷик, ки ҳоло дар Сурия, Ироқ ва Афғонистонанд, баъд аз муҳоҷи рат ба Русия озими ин кишварҳо шудаанд.​ Шавкат Турақулов, як масъули ҷамоати деҳоти “Истиқлол” ба Радиои Озодӣ аз нақли Суннатулло, ки бо мардум доштааст, мегӯяд, ки ӯро аз Русия ба Озарбойҷон ва баъдан ба Эрону сипас ба Афғонистон барои “ҷиҳод” бурдаанд. Ҷаноби Турақулов гуфт, ки ифротгароии ҷавонони ҷамоати “Истиқлол”, бахусус деҳаи Қизилнишон онҳоро нигарон кардааст ва феълан 12 нафар танҳо аз як деҳа ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ шомил шуда ва дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Як мақоми ҳукумати ноҳияи Қубодиён бидуни зикри номаш рӯйхати 12 нафар ҷавони деҳаи Қизилнишонро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд, дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, ки аксарашон ҷавонони 20-30 сола мебошанд ва дар миёни онҳо як зан ҳам дида мешавад.

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки ҷавонони деҳаи Қизилнишон, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доранд, ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам дониста мешаванд. Ба гуфтаи манбаъ, давоми чаҳор соли охир зиёда аз 20 нафар ҷавонони ин деҳа барои узвият дар ин созмон барои муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд.

Мавзуи ифротгароӣ на танҳо дар Қубодиён, балки дар дигар навоҳии Хатлон торафт доғ мешавад, ки дар як ҷаласаи ҳукумати вилоят шумораи ҷавонон дар Сурия, Ироқу Афғонистон зиёда аз 40 нафар унвон шуд.

Аммо Суннатулло Абдуллоев, ҷавони 24-солаи Қубодиён, ки аз роҳи “ҷиҳод” пушаймон шуд, дувумин ҷавоне аст, ки аз ин роҳ баргаштааст. Аввалин ҷавони ифродгароӣ пушаӣмоншуда Парвиз Набиев, ҷавоне аз ноҳияи Шаҳритус буд, ки баъди омӯзиши “ҷиҳод” дар Туркия аз сафари Сурия даст кашид ва ба ватан баргашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG