Пайвандҳои дастрасӣ

Фирор аз тирезаи комиссариати ҳарбӣ. Моҷаро ва парванда


Наздикони Мансур Амиров, даъватшавандае, ки аз тирезаи комиссариат фирор кард.

Наздикони Мансур Амиров, даъватшавандае, ки аз тирезаи комиссариат фирор кард.

Ҷавоне, ки баъди шикастани тирезаи бинои Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб фирор карда буд, аз ҷониби пулиси маҳаллӣ боздошт шудааст.

Масъулони комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, Мансур Амиров, сокини ҷамоати Кӯлоб рӯзи 29-уми апрел дар ҳоле тирезаи комиссариатро шикаст ва фирор кард, ки наздиконаш бо доду фарёд ин биноро сангборон мекарданд.

Аммо наздикони ин ҷавон сангборон кардани бинои комиссаритро рад мекунанд ва мегӯянд, ки барои ғайриқонунӣ ба артиш ҷалб шудани писарашон ба мақомот шикоят хоҳанд бурд.

Дилмурод Назаров, комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин даъватшаванда се бор даъватнома гирифта, чандон майли хидмати ҳарбӣ надошт, аз ин рӯ ба воситаи нозирони минтақавии умури дохилӣ ба комиссариат оварда шуд. Ба гуфтаи комиссар, вақте ин ҷавон дар дохили бино буд, наздиконаш, ки аксаран занон буданд, шӯру ғавғо бардоштанд ва ҷавон ҳам тирезаро шикаста фирор кард.

“Хешу табораш бояд зарари расонидаро барқарор кунанд. Дигараш кори мақомоти тафтишотӣ ҳаст, ки чӣ кор мекунанд. Ҳозир тамоми маълумот дар бораи ин ҷавонро таҳия дорем ва ба прокуратураи ҳарбӣ пешниҳод мекунем. Дигар онҳо бояд дар доираи қонун чораандешӣ кунанд,” -- мегӯяд комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб.

Аммо Гулсунбӣ Темурова, модари Мансур Амиров иддао дорад, ки писарашро бо фиреб ба идораи ҳарбӣ бурданд ва дар ҷои барояш номаълум маҳкам кардаанд. Ӯ баъди ин тирезаро шикаста, гурехтааст.

“Бачаи маро аз назди мағоза дар ду мошин одамон омада, дастстҳояшро тоб дода, як аксро ба ӯ нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки ту инро куштаӣ. Ҳамин тавр, бурда, дар комиссариат маҳкам мекунанд. Ӯ дар комиссариат ҳаросида, оинаи биноро шикаста гурехтаааст. Шаб ба хона омад, гуфт, ки ӯро тамоман одамони бегона ба комиссариат бурданд ва он ҷо ягон низомипӯшро надида, тарсидааст. Ман низ ба комиссариат рафтам ва ягон ҳодисаро низ надидам ва аз назди комиссариат гашта омадам. Даъватнома ҳам ба мо умуман надодаанд. Мо сангшап ҳам накардаем, ин дурӯғ аст. Ҳоло мо, агар кор ранги дигар гирад, то назди президент шикоят хоҳем кард,” -- гуфт Гулсунбӣ Темурова.

Олуфтамо Амирова, аммаи ин ҷавон, ки назди комисариат ҳузур доштааст, мегӯяд, хонаводаи онҳо ҳеҷ вақт зид набуданд, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ равад, аммо бо чунин шева ҷалби Мансур ба хидмати ҳарбиро қабул надоранд. Ӯ афзуд: “Агар фарзанди мо аз хизмат мегурехт, ҳеҷ гоҳ дар ин деҳот намеистод ва фирор карда, дар ягон ҷо пинҳон мешуд. Вақте ба ӯ чунин рафтор карданд, задаву ӯ бемории дил дошта бошад, ё худро дар даруни ягон об партояд, ҷавоби ӯро кӣ медиҳад. Ҳоло мо аз президент хоҳиш дорем, ки танҳо ба хизмат писарони камбизоат мераванд. Чандин писарони коргаронро низ дидем, ки хизмат намекунанд. Рӯйхатро оварданд, дар як деҳкадаи калон танҳо номи Мансур буд. Аз чаҳор деҳа танҳо ҳаминро бурданӣ шуданд”.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки аз оғози мавсими даъват як моҳ сипарӣ шудааст ва масъулони аксари комисариатҳои ҳарбӣ аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш гузориш медиҳанд.

Фаридуни Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ягон шикоят аз ҷониби даъватшавандаҳо ворид нашудааст ва имсол даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бидуни кадом қонушикание ҷараён дорад.

Ин далел, ки як даъватшавандаро нозирон ба комиссаритаи ҳарбӣ меоранд, ба гуфтаи Маҳмадалиев, тибқи моддаи 3-и Қонун дар бораи ӯҳдадориҳои ҳатмии ҳарбист. Ӯ мегӯяд, ҳоло зарурати маҷбуран бурдани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ намондааст: “Рӯзи аввали даъват мо аз 10 комиссариати ҳарбӣ дидан кардем. Дар назди ҳар комиссариат ҳудуди 30 ҷавони ихтиёрӣ ҳузур дошт, ки мехостанд, ба хидмати ҳарбӣ раванд. Сафи ихтиёриён хеле зиёд шудааст. Шароит дар қисмҳои ҳарбӣ низ хуб аст ва ҷавонон худашон бештар ҳавасманданд.”

Аммо Дилрабо Самадова, масъули созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки бештар риояи қонунҳо дар самти даъват ба артишро назора мекунад, мегӯяд, ҳарчанд, “облава” комилан аз миён нарафта бошад ҳам, хеле кам шудааст. Ӯ мегӯяд, имсол ин созмон то кунун ягон ҳолати ғайриқонунӣ ҷалб шудани ҷавонон ба артишро сабт накардааст.

“Шикоятҳо буд, ки дар фалон маҳалла "облава" шудааст, вале мо натавонистем, онҳоро дақиқ кунем. Аммо нисбати ду соли пештар хеле кам шудааст. Шояд сабабаш ин бошад, ки ҳоло мақомот ба ҷавонон замин барои хона ваъда медиҳанд ё мегӯянд, ки падарони онҳоеро, ки ба хизмат мераванд, бе навбат ба ҳаҷ мефиристанд. Аз ин рӯ ҷалб осонтар шудааст. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд худи раиси шаҳр хона ба хона мегардад ва хоҳиш мекунад, ки ҷавонон ба артиш раванд ва барои кӯмак расонидан изҳори омодагӣ мекунад,” -- мегӯяд хонум Самадова.

Ҳодисаи фирор аз комиссариати ҳарбӣ дар соли ҷорӣ бори аввал рух медиҳад, аммо созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, соли гузашта, ду ҳолати дигар низ сабт шуда буд, ки дар пайи як фирор даъватшаванда осеби ҷисмонӣ дид.

Ҳоло дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳорӣ идома дорад ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз 90 дар сад иҷро шудани нақшаи даъват хабар медиҳад. Тибқи қонуни Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27-сола бояд хизмати низомиро анҷом диҳанд. Шикотяи аксари падару модарон ин аст, ки ба артиш бештар фарзандони мардуми камбизоат мераванд, ки барои таҳсили бачаҳои худ дар донишгоҳҳо маблағ надоранд.

Даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ барои чаҳор моҳ идома мекунад ва ҳамеша ин маърака дар ҷомеа сару садо ба миён меорад. Вазорати адлияи Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни ӯҳдадориҳои ҳатмии ҳарбиро пешниҳод кардааст, ки ба гуфтаи муаллифонаш даъват ва шартҳои хидмат дар артишро сабуктар хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG