Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи таҳқиқ ва боздошти ду ҷавоне, ки Умеда Раҳимова, хонандаи синфи 11 ва сокини маҳаллаи 33-и шаҳри Душанберо ба қатл расониданд, маълум гардид, қотилон ин ҷиноятро бо ҳадафи ғоратгарӣ содир кардаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи қатли Умеда Раҳимова собит кард, ки ин ҷиноят ба хотири ғоратгарӣ сурат гирифтааст. Вай гуфт, "ҷавононе, ки Умедаро куштанд, бо ҳадафи ғоратгарӣ хонаи онҳо даромада буданд. Аммо баъди куштани Умеда аз хона ҳамагӣ 100 доллар пайдо мекунанд."

Ба таъкиди сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, "қотилон дар андешаи он буданд, ки дар натиҷаи куштори Умеда аз хонаи онҳо маблағи зиёде пайдо хоҳанд кард."

Самандар Амиршоеви 35-сола ва Саъдӣ Абдуғаффорови 34-сола, ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, ки дар ҷараёни амалиёти ҷустҷӯӣ аз сӯи мақомоти интизомӣ ба гумони қатли Умеда Раҳимова, хонандаи синфи 11 боздошт шуданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 март аз боздошти ин ду ҷавон хабар дода буд.

Ҳарчанд муфатишони парвандаи қатли Умеда Раҳимова, ба сабаби махфӣ будани тафтишот, аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи қотилон худдорӣ мекунанд, аммо мегӯянд, ки ин ду нафар феълан дар боздошгоҳ қарор доранд ва далелҳои қотеъ дар дасти ҳаст, ки даст доштани онҳо дар куштори ин духтари ҷавонро собит мекунад.

Умеда Раҳимова, хонандаи мактаби рақами 66-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон Рӯзи модарон таҷлил мешуд, бо 17 зарби корд ба таври ваҳшиёна ба қатл расанданд.

Замони қатли Умеда, волидонаш дар хона набудаанд ва модараш, ки гуфта мешавад, корманди мақомоти корҳои дохилист, пас аз бозгашт аз меҳмонӣ аз куштори духтараш огаҳ мешавад.

Падари Умеда низ дар он шабу рӯз дар истироҳатгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроқум қарор дошта ва барояш занг задаву аз ин фоҷеа хабар додаанд.

Таҳқиқи ин парвандаро аз аввал додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар ӯҳда дорад.

Дар ҳоле ки масъулони вазорати корҳои дохилӣ ангезаи куштори Умедаро ғоратгарӣ арзёбӣ мекунанд, дар рӯзҳои аввали қатли ин духтари ҷавон ин фарзияҳо низ сари забонҳо буд, ки гуё ҷавони дӯстдоштаи Умеда дар рӯзи 8-уми март барои ӯ тӯҳфа оварда, аммо вай аз хона берун нашудааст, то тӯҳфаро бигирад, ки ин боиси қаҳри ҷавон шуда ва ӯ даст ба куштор задааст.

Аммо ҳамакнун маълум гардид, ки Умедаро ду ҷавон ва он ҳам ба таври ваҳшиёна, 17 зарби корд зада ва дар ивази ҷони духтари "бо сад орзуву ҳавас" 100 долларро ба яғмо бурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG