Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Бузургмеҳр Ёров дар моҳи апрел ва ноябри соли 2013 ба боварии шаҳрванд Мелиқулова Дилбар Донаевна, сокини ноҳияи Файзобод даромада барои ҳимояи ӯ дар баҳси шаҳрвандӣ маблағи 2800 доллар гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳолати дигари ришваситонии вакили мудофеъро бар асоси муроҷиати шаҳрвандон оварда мегӯяд, вай бо маслиҳати пешакӣ вакили мудофеъи дигар Бадриддин Тоиров, “бо мақсади ба даст овардани маблағ” дар соли 2009 ба боварии шаҳрванд Беҳрӯз Ҳоҷиев даромада, “аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии ӯ” истифода бурда, аз ӯ ба миқдори 7000 (ҳафт ҳазор) доллар гирифта, ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина (ҳамсари Беҳруз Ҳоҷиев)-ро оиди ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Ҳоҷиев ҳал мекунанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳарду вакили мудофеъ, бо ин ҳаракатҳои худ ба Ҳоҷиев Беҳрӯз зарари махсусан калон расонидаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳам дар нисбати Бузургмеҳр Ёров ва ҳам Бадриддин Тоиров парвандаи ҷиноӣ барои ришва дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аммо Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ мегӯяд,ки ин баҳс 6 сол қабл буд ва мақомоти интизомӣ барои бадном ва гунаҳкор кардани Бузургмеҳр Ёров махсусан айбҷуб мекунанд. Вай мегӯяд, Беҳрӯз Ҳоҷиев ва Мадина Миралиева зану шавҳаранд ва дар баҳси онҳо Бузургмеҳр аз Мадина ҳимоят мекард ва адвокат Бадриддин Тоиров аз Беҳрӯз пуштибонии ҳуқуқӣ дошт ва баъди ғолиб омадани ҳамсари ӯ ҳеҷ гуна шикояте аз тарафе шавҳараш сурат нагирфтааст.

Аммо чаро ҳамин ҳоло дар вақти боздошти Бузургмеҳр ин амал сурат гирифтааст бояд вакилони мудофеъ ва тафтишот мушаххас кунанд. Вай гуфт, ҳамаи айбҳое.ки алайҳи бузургмеҳр эълон дошта шудааст, асоси воқеӣ надоранд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, дирӯз Бузургмеҳр барои ҳимояи худ Бобохон Яъқубов ва Меҳрубон Раҳмоновро вакили мудофеъ интихоб кардааст.Онҳо дирӯз мехостанд ба мулоқоти Бузургмеҳр ба боздоштгоҳи муваққати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе раванд, вале муфаттиши ин вазоратро паёдо карда натавонистанд.

Ӯ гуфт: “Мо барои Бузургмеҳр либосу китобҳо ва дигар заруриёт ба боздоштгоҳ бурдем, вале ҷомаро қабул накарданд”.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи худ ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки агар Бузургмеҳр Ёров аз онҳо маблағ гирифта бошад ба телефони боварии Вазорати муроҷиат кунанд.

Зимнан, Бузургмеҳр Ёров, ки раёсати Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ-ро ба ӯҳда дошт,рӯзи 28 сентябр барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват шудава Ҷамшед Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, вакилони мудофеъ субҳи 29 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёровро ба "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" айбдор кард ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG