Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуваҳҳоб Собиров иддао дорад, 200 сол хоҳад зист (13 АКС)


Абдуваҳҳоб Собиров дар ҳоли тамрин

Абдуваҳҳоб Собиров дар ҳоли тамрин

Абдуваҳҳоб Собиров, сокини ҳаштодсолаи Тоҷикистон, ки ҳоло дар Дубай иқомат дорад, гуфт, қасди зиндагии 200-соларо дорад. Табибон низ мегӯянд, аслан ҳеч бемориеро дар бадани ӯ кашф накардаанд.

Абдуваҳҳоб Собиров, марде, ки аз ӯ “султони йога” дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, иддао дорад, 200 сол зиндагӣ хоҳад кард. Ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар синни 80-солагӣ дубора мӯи сараш сиёҳ мешаваду аслан хастагиро эҳсос намекунад. Вай дар деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт ба дунё омадааст.

Ҷаноби Собиров пеш аз он ки ба Дубай кӯчад, дар Душанбе ба тамрини алоқамандони йога ва таълими донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон машғул буд. Ӯ мегӯяд, ба далели он ки назари мақомот ба таълими йога тағйир кардаву онҳоро аз толорашон маҳрум кардаанд ва касе ба додашон нарасидааст, кишварро ба қасди Дубай тарк намудааст.

Абдуваҳҳоб Собиров йогаро яке аз роҳҳои наҷоти сокинон аз фарбеҳӣ ва бемориҳои зиёде медонад, ки аз гулӯи қисми зиёди аҳолӣ гирифтааст. Вай муқобили табобати беморон бо таблетка ва сӯзандору низ мебошад.

Рӯзи ин устоди йога соати 2-и шаб, вақте ки ҳама дар хоби нозанд, бо тамрини бадан оғоз меёбад. Абдуваҳҳоб Собиров мегӯяд, дар як шабонарӯз ҳамагӣ се соат хоб меравад ва шеваи хӯрокхӯриву номгӯи ғизоҳояш низ ғайримаъмулист: “90 дарсади ғизои ман хом аст, мисли мева, хушкмева, сабзавот. Рӯзе як бор ғизои нимпӯхт мехӯрам. Бисёр обу алафчой менӯшам. Дар як рӯз - аз 2 то 2,5 литр.” Вай меафзояд, аслан гӯшту шир ва таомҳои гӯштиву ширӣ ҳам истеъмол намекунад.

Абдуваҳҳоб Собиров дар 50-солагӣ замоне ба машқи йога оғоз кардааст, ки гирифтори бисёре аз бемориҳои хоси калонсолон, назири фишорбаландӣ, дарди буғум буд ва инчунин аз бемории сил ранҷ мекашид. Вай мегӯяд, он замон ба донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Павлодари Қазоқистон забони англисӣ меомӯхт ва баъд аз чандин давраҳои табобатии бебарор ба дасти ӯ ногаҳон китобе дар бораи таълимоти йога афтод ва зиндагияшро куллан тағйир дод.

“8-уми майи соли гузашта 80-солагиамро таҷлил кардам. Ҳоло ба ҷуз аз қиёфаам ҳамаи узвҳои даруниам ҷавон шуда истодаанд. Баданам мисли бадани ҷавонҳо чандир аст, ҳатто аз онҳо ҳам чандиртару боқувват. Ҳатто дар сарам аз нав мӯйҳои сиёҳ баромаданд. Тибқи он барномаи тамринии йога, ки пешгирифтаам, бояд 200 сол умр бинам”,-мегӯяд ӯ.

Абдуваҳҳоб Собиров ҳоло аз он таассуф мехӯрад, ки ӯву писаронаш хориҷиҳоро таълим медиҳанд, на тоҷикҳоро. Вай афзуд, дар сурати пайдо кардани як толори муносиб ӯ ҳатман ба Тоҷикистон баргашта, ба ҳаводорон йогаро таълим хоҳад дод.

Йога аз санскрити қадим буда, маънои “машқ”, “тамрин” ва ё “гармония”-ро дорад ва сарчашмааш аз Индуизм ва дини Буддоӣ об мехӯрад. Машғул шудан ба йога ва нашри адабиёти марбут ба он дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба далели идеологӣ буданаш мамнуъ буд. Дар кишварҳои исломӣ ва ё мусулмоннишин низ бархе аз рӯҳониён ба муқобили машғул шудани мусулмонон ба йога фатво содир карда, онро ба далели доштани унсурҳои дини буддоӣ мамнуъ донистаанд.

Дар Тоҷикистон ҳам теъдоди пайравони таълими йога зиёд нест ва аксари сокинон онро як равияи динӣ дониста, аз пайвандӣ ба он ҳарос доранд. Аммо баъзе онро барои нигоҳ доштани ҷисми худ дар ҳоли ҷавонӣ муҳим мешуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG