Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёфтаковро дар боздоштгоҳи Маскав кӣ зад?


Акс Тағоймурод Ёфтаков бо изи зарбу лат

Акс Тағоймурод Ёфтаков бо изи зарбу лат

Бародари Тағоймурод Ёфтаков мегӯяд, ки ӯ дар фирори шаҳрванди дигари Тоҷикистон Маъруф Одинаев аз боздоштгоҳи Маскав даст надошт, балки Одинаев аз асноди бародараш сӯиистифода кардааст.

Суннат Давлатшоев, бародари Тағоймурод Ёфтаков, ки дар боздоштгоҳи рақами панҷи шаҳри Маскав адои ҳукм мекард, мегӯяд, бародари ӯ дар фирори Маъруф Одинаев аз ин боздоштгоҳ гуноҳе надошт. Суннат Давлатшоев дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, Маъруф Одинаев рӯзи 13 январ барои фирор аз боздоштгоҳ асноди бародари ӯро сӯиистифода кардааст.

Суннат Давлатшоев мегӯяд: “Соати 15, вақте маъмурони боздоштгоҳ садо мекунанд, ки Тағоймурод Ёфтаков бо чизҳояш берун барояд, ӯ хоб будааст. Баъди ки аз хоб хест, сару рӯяшро шуста, зиндонбонҳоро садо мекунад, ки ҳукми ман тамом шуд, маро ҷавоб диҳед. Вале ба ӯ мегӯянд, ки Тағоймурод Ёфтаков алакай озод шудааст. Танҳо баъди 7 соат мефаҳманд, ки ба ҷои вай Маъруф Одинаев фирор кардааст.”

Мақомоти боздоштгоҳи рақами 5-и шаҳри Маскав, ба далели наздикиаш ба истгоҳи метрои “Водный стадион” бо номи боздоштгоҳи “Водник” маъруф аст, мегӯянд, Одинаев Ёфтаковро розӣ кардааст, ки ба ҷои ӯ дар боздошт бимонад ва худаш бо асноди ӯ тавонистааст маъмурони боздоштгоҳро фиреб дода, ба озодӣ барояд. Маъруф Одинаевро баъди 4 рӯзи фирораш дастгир карда, дубора ба боздоштгоҳи рақами 5 оварданд.

Алайҳи Одинаев, ки аз баҳори соли 2015 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар боздошт буд, акнун иттиҳоми нав – қасди фирор аз боздошт – илова шудааст. Барои чунин амал қонунҳои Русия ҳамчун ҷазо аз 4 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Тағоймурод Ёфтаков моҳи сентябр бо ҷурми зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис ба 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Ҳукми ӯ рӯзи 13 январ ба поён мерасид ва бояд озод мешуд. Суннат Давлатшоев, бародари Ёфтаков мегӯяд, ки ӯро танҳо шаби 14 январ озод карданд ва гуфтанд, ки субҳ барои бозҷӯӣ биояд.

Ӯ мегӯяд, баъди фирори Маъруф Одинаев бародараш дар боздоштгоҳ мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст: “Вақте ман ӯро ба хона овардам, дар баданаш изи зарбу лати зиёд дида мешуд. Ман ин изҳоро бо телефонам сабт кардам, вале барои анҷоми ташхиси тиббӣ фурсат наёфтем. Чунки фардо субҳ ӯро барои бозҷӯӣ бурдам ва Тағоймуродро аз нав боздошт карданд. Вале чанд рӯз мегузараду мо то ҳол намедонем, ки ӯ куҷост ва ба чӣ айбдор мешавад.”

Маъруф Одинаев

Маъруф Одинаев

Худи Маъруф Одинаев баъди боздошти дуборааш ба хабарнигори нашрияи “Московский комсомолетс”дар бораи сабабҳои фирораш аз боздошт гуфтааст, “ман ба хона рафтан мехостам, озодӣ мехостам. Намехостам умрам дар зиндон гузарад.”

Мақомот мегӯянд, азбаски ҳарду қиёфаи шабеҳ ва қади баробар доштаанд, Маъруф Одинаев тавонистааст бо асноди ӯ фирор кунад. Аммо Суннат Давлатшоев мегӯяд, Тағоймурод ва Маъруф ба якдигар ҳеҷ монанд нестанд ва фирори Одинаев аз боздошт танҳо ба далели бемасъулиятии маъмурони боздоштгоҳ сурат гирифтааст, на ба айби бародари ӯ.

Маъруф Одинаев, ки дар як корхонаи қаннодӣ дар Маскав кор мекард, 10 моҳ боз бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар боздошт қарор дошт.

Бино ба омори ФСИН, дар зиндонҳои Русия ҳудуди 7800 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан нисфи онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Дар гузашта дар бораи чандин мавриди аз боздоштгоҳҳои ФМС – хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – фирор кардани муҳоҷирони тоҷики мунтазири ҳукми ихроҷашон ба Тоҷикистон гузориш шуда буд. Аммо Маъруф Одинаев нахустин шаҳрванди тоҷик аст, ки тавонист аз боздоштгоҳи ФСИН – идораи зиндонҳои Русия фирор кунад.

XS
SM
MD
LG