Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Wall Street Journal менависад, ки баъди мардҳои афғон Душанберо “шаҳри гуноҳҳо” мегӯянд.

Нашрияи интернетии Wall Street Journal (online.wsj.com) менависад, ки Тоҷикистон барои баъзе мардҳои хориҷӣ як макони “дилхушиву хушгузаронӣ” шудааст. Дар матлабе зери унвони “Доми ҷаззоби Осиёи Марказӣ” (The Siren Call Of Central Asia) омадааст, ки Душанберо дар берун “шаҳри гуноҳҳо” мегӯянд.

Дар ин пойтахти кишвари ғолибан мусалмоннишин шумори муайяни тафреҳгоҳҳои шабона амал мекунад ва баъзе мардон аз Афғонистон ин ҷо барои ишрат меоянд. Як мақомдори ғарбӣ рӯзе гуфтааст, нахустин саволи як ҳайати ҳукуматии Афғонистон баъд аз ворид шудан ба Душанбе ин будааст, ки “оё мешавад занонро барои кайфу сафо пайдо кард”. Ин марди ғарбӣ гуфтааст, танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ғайриқонунист ва маҷбур шудааст, ин меҳмонҳоро дар утоқи меҳмонхона дунафарӣ ҷо диҳад.

Назар ба иттилои мақомоти соҳаи ҷаҳонгардӣ, танҳо соли гузашта 10 ҳазор меҳмони афғон аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки назар ба шумори дигар меҳмонҳои бурунмарзӣ (берун аз қаламрави Шӯравии пешин) афзунтар будаанд. Давлат Ҳабибов, раиси анҷумани рушди соҳаи ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Wall Street Journal гуфтааст, “сайёҳони русу ғарбӣ барои кӯҳнавардиву тамошо, вале афғонҳо барои хушгузаронӣ меоянд”.

Чанд сайёҳи афғон нақл кардаанд, ки дар Душанбе барояшон озодиҳову имкониятҳое фароҳам аст, ки дар Афғонистон барояш муҷозот мекунанд. Ба қавли онҳо, қимати арзони машрубот, боз будани ҷомеаву муҳит чашмони онҳоро боз мекунад ва он шароитеро барои истироҳат фароҳам меорад, ки дар ватани онҳо танҳо орзу кардан мумкин аст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG