Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуштигирони тоҷик дар даври дувуми Ҷоми олии ҷаҳонии дзюдо, ки дар Австрия баргузор шуд, ноком гардиданд. Ин мусобиқа бо ширкати 317 гуштигир аз 54 кишвар дар шаҳри Вена тӯли ду рӯз идома кард.

Шералӣ Бозоров дар вазни то 81 кг дар нахустин дидори худ аз Христоф Ламберти олмонӣ шикаст хӯрд. Парвиз Собиров дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Томаз Кобза, аз Чехия дастболо шуда, сипас аз Игнасио Каппезутои итолиёвӣ мағлуб гардид. Маҳмадамин Хонов дар вазни беш аз 100 кг аз рақиби гурҷиаш Георгий Кизилашвили ноком гашт.

Гуштигирони тоҷик дар даври навбатии Ҷоми олии ҷаҳонии дзюдо, ки рӯзҳои 23-вум ва 24-уми феврал дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG