Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи гуштии миллӣ дар Ваҳдат


Имрӯз, 28-уми август, дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ баргузор шуд.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 28 август дар шаҳри Ваҳдат доир гардид, 51 варзишгари беҳтарин аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат дошт.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшоҳ Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “мусобиқа ба ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ва сафари раисиҷумҳур бахшид шуда буд.

Ба гуфтаи ҷаноби Камолов, мусобиқаи гуштии миллӣ дар мавзеи сохтмони варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки расми ифтитоҳаш имрӯз доир гардид, баргузор шуд.

Мусобиқа дар се гурӯҳ сурат гирифт. Дар гурӯҳи варзишгарони вазнашон то 70 кг Адҳам Исҳоқов аз шаҳри Ваҳдат ғолиб шуд. Дар гурӯҳи варзишгарони вазнашон то 80 кг Зайналобуддини Аъзамхон аз шаҳри Кӯлоб пирӯз гашт. Дар гурӯҳи варзишгарони вазнашон беш аз 80 кг Зиёратшо Баротов аз шаҳри Душанбе мақоми аввалро касб намуд. Ғолибони мусобиқа бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз шуданд.

XS
SM
MD
LG