Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо иди Соли нави милодиро ҷашн мегиред?


Соли навро ҷашн мегиред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Назари сокинони пойтахт дар бораи таҷлил аз Соли нави милодӣ

Бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки таҷлил аз иди Соли нави милодӣ барояшон муҳим аст.

Ҳарчанд дар бораи таҷлил аз Соли нави милодӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳо зиёданд, аммо бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки таҷлили ин ид барояшон муҳим аст. Ҳатто яке аз ҳамсуҳбатони хурдсоли мо гуфт, "соли нави милодӣ аз мо нест, вале мо онро ҷашн мегирем. Он мисли Наврӯзи мост.”

Мусоҳиби дигари мо мегӯяд, тоҷикон ҷашнҳои каме доранд ва, бигзор, Соли нави милодӣ ҳам дар қатори онҳо бимонад. Ӯ гуфт, соли нави милодиро онҳо дар оила ҳамроҳи фарзандон таҷлил ва хурсандӣ мекунанд.

Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки гуфтанд, иди Соли нав барояшон аз даврони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Яке аз раҳгузарони хиёбони пойтахт гуфт, чун нону намаки даврони Шӯравиро бисёр хӯрдааст, наметавонанд рӯи Соли нави милодӣ хат бикашад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз диндорони тоҷик таҷлил аз Соли нави милодиро барои пайравони дини Ислом муҳим намешуморанд. Онҳо мегӯянд, мусалмонон танҳо ду ид доранд, ки яке Иди Рамазон асту дигаре – Иди Қурбон.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли нави милодӣ дар гӯшаҳои кишвар бо шукуҳ таҷлил хоҳад шуд. Шаҳрдории Душанбе ҳам дар ҳафтаи гузашта эълон кард, ки имсол ҷашни Соли нави милодӣ дар муқоиса ба солҳои пеш бошукуҳтар таҷлил мешавад. Қарор аст, дар майдони марказии пойтахт арчаи солинавӣ ороста шуда, ба истиқболи фарорасии Соли нав консерт баргузор гардад.
XS
SM
MD
LG