Пайвандҳои дастрасӣ

Қрим дубора истироҳатгоҳи русҳо мешавад? (ВИДЕО ва АКС)


Қрим ҳамчунин мавзеъи калидӣ барои рушди шаҳрвандони шӯравӣ ва ҷойи гузаронидани рухсатии меҳнатӣ дониста мешуд.

Қрим ҳамчунин мавзеъи калидӣ барои рушди шаҳрвандони шӯравӣ ва ҷойи гузаронидани рухсатии меҳнатӣ дониста мешуд.

Бахши русии Радиои Озодӣ (Радио Свобода) аз сокинони Маскав, пойтахти Русия пурсид, ба думболи тасарруфи Қрим аз тарафи Русия оё акнун онҳо барнома доранд, ки истироҳати тобистонаро дар ин нимҷазира сипарӣ кунанд?

Дар ҷавоб ба ин савол аксари сокинони Русия ҷавоби рад медиҳанд. Бархе агар Қримро «минтақаи акнун нотинҷ» ном баранд, бархеи дигар бо гарон будани пардохти истироҳатгоҳҳо рабт медиҳанд. Баъзе аз сокинон истироҳату тафреҳ дар кишварҳои аврупоиро авлотар медонанд. Аммо каме аз сокинон «бо пайдо шудани шароти мусоид» омодаанд дар Қрим истироҳат кунанд. Дар умум посухҳо ингуна буданд.


Минтақаи Қрим дар замони Шӯравӣ макони истироҳати сокинон буд ва ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрвандони шӯравӣ, аз онҷумла русҳо истироҳтаи тобистонаи худро дар онҷо мегузарондад. Дар аксҳои зер истироҳати элитаҳои Шӯравӣ дар Қрим дар солҳои гуногун гирд оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG