Пайвандҳои дастрасӣ

2014: Видеоҳои “интернетшикан”-и ҷаҳон (11 ВИДЕО)


Яке аз 10 видеои пурбинандаи ҷаҳон дар соли 2014

Яке аз 10 видеои пурбинандаи ҷаҳон дар соли 2014

Дар соли 2014 кадом наворҳои видеоӣ дар саросари ҷаҳон шӯҳрат пайдо карданд ва диққати садҳо миллион нафарро ба худ кашиданд?

Аз дидани ин наворҳо мӯйи сари одам рост мехезад ё кас пой ба замин мезанад ва ё ҳатто аз роҳи марг бармегардад – пурбинандатарин видеоҳои соли 2014.

  1. Ҳамлаи Бачаи Шайтон

Бозорёбони хуб медонанд, ки “шунидан кай бувад монанди дидан”. Фанд додани бинанда ҳамеша комёбӣ овардааст ва ин бор ҳам дар як видеои “дилзанак” истифода шуд. Чӣ ҷои ҳайрат? Инро ба раҳгузарони Ню Йорк гӯед, ки аз таблиғи филми нави ваҳшатнок воқеан ба ваҳшат омаданд.

2. 'Happy' дар Теҳрон

Суруди маҳшури Фаррелл Виллиямс "Happy", яъне шод дар саросари олам ҳаводорони худро ёфт ва аз ҷумла дар пойтахти Эрон низ. Аммо мақомоти Эрон навореро, ки мухлисони ин тарона дар Теҳрон бо телефонҳои ҳамроҳ сабт карда буданд, хуш напазируфтанд. Додгоҳ барои 6 ҷавоне, ки дар ин видео дида мешаванд, ҳукми шаллоқ ва зиндон баровард. Ин ҳукм хашми ҳомиёни ҳуқуқро дар ҷаҳон ба бор овард ва наворро машҳуртар намуд.

3. Тортанак-саги азими мутантшуда

Бо нақиза ба филмҳои ваҳшатнок дар Лаҳистон ё Полша наворе сохта шуд, ки таваҷҷӯҳи зиёда аз 100 миллион нафарро ба худ кашид.

4. Олмон ғолиби Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразил

Ин навор ҳамагӣ 10 сония аст, аммо мӯҳтавои қувваозмоии асосиро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразил дар соли 2014 баён медорад. Ҷое, ки дастаи милли Бразил бо ҳисоби 1:7 ба Олмон бохт.

5. Ice Bucket – даъвати яхбаста

Ташаббусе, ки ба хотири ҷамъоварии маблағ барои мубориза бо бемории склерози паҳлуии амиотрофии мағзи сар, ки мушакҳои инсонро аз кор мебарорад, бо номи "ice bucket" ҳашт сол пеш шурӯъ шуд, аз рехтани оби сард ё ях бар сари худ иборат буд. Ин даъватро дар қатори садҳо ҳазор нафар аз мардуми одӣ, чеҳраҳои машҳуре мисли футболбозон Дейвид Бекҳам ва Криштиану Роналдо, бунёдгузори Фейсбук Марк Зукерберг ва симоҳои ошное чун Барак Обама ва Ҷорҷ Даблю Буш пазируфтанд.

6. Писараки қаҳрамони сурёнӣ хоҳарашро “наҷот” медиҳад

Ин навори ноҳамвор, ки дар моҳи ноябр рӯ зад, дар як лаҳзаи кӯтоҳ фоҷиа ва умедҳои фоҷиаи сесолаи Сурияро нишон дод. Аммо мушкил ин буд, ки аз оғоз бархе аз коршиносон онро сохта номиданд. Дар он як писараки хурд дар кӯчаи пурхоки Сурия хоҳарчаашро наҷот медиҳад. Шубҳаҳои марбут ба он зиёд шуд ва ниҳоят як филмсози норвегӣ иқрор кард, ки навор ҳақиқат нест. Вай мегӯяд, наворро барои он сохт, ки таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба қурбон шудани кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ҷалб кунад. Аммо навор замоне шӯҳрат пайдо кард, ки қаҳрамони он воқеан ҳангоми наҷот додани духтарчаи ҷавоне дар Малта аз тири нишонзан ба ҳалокат расид.

7. Аввалин Айфони 6 ҳангоми боз кардани қуттияш ба замин афтод

Ширкати Apple дар соли 2014 Айфони 6-ро ба фурӯш баровард. Илова шудани соати Айвотч, ки як дастгоҳи “фантастикӣ” унвон шуд, фурӯши моли ин ширкатро ба сатҳи рекордӣ боло бурд. Аммо зуҳури Айфони 6 бо видеоҳои ноустувор будани он ва ин навори телевизиони Австралия ҳангоми фурӯхта шудани аввалин Айфони 6 дар ин кишвар таблиғи бештар ёфт:

8. Истеъфои хабарнигори RT дар барномаи зинда

Бо мақсади “сафед” кардани ишғоли Қрим аз тарафи Русия ва дахолат дар шарқи Украина ва фоҷиаи ҳавопаймои Малайзия дар фазои Украина Кремл хабару маълумотро ба силоҳи таблиғотии худ табдил дод. Ин талош фазои корро дар шабакаи телевизионии “Russia Today” низ дигар кард. Бо эътироз аз чунин ҳолат корманди амрикоии ин шабака Лиз Ваҳл дар барномаи зиндаи хабарӣ эълон кард, ки “дигар наметавонад бахше аз шабакае бошад, ки бо сармоягузории давлат амалкардҳои Путинро “шустушӯ” кунад.”

9. Назари Виллӣ ба истиқлолияти Шотландия

Раъйпурсии истиқлолияти Шотландия яке аз падидаҳои сол буд. Баҳси тарафдорону мухолифони он то рӯзи баргузорияш – 18-уми сентябр идома кард ва бардошт ин буд, ки теъдоди онҳо бо ҳам баробар аст.Дар чунин фазо андешаи раҳбарони сиёсӣ нақши муҳим мебозид ва сарони ду тараф яке ошкоро ва дигаре пардапӯшона изҳори назар карданд, аммо дидаи тамоми мардум ба паёми Виллӣ, қаҳрамоне аз мултфилми амрикоии “Симпсонҳо” дӯхта шуд:

10. Зани зебо будан чӣ сахт аст

Чаро вақте як ҷавонзани зебо аз кӯча мегузарад, бисёриҳо ба худ ҳақ медиҳанд, ки ба ӯ “гап партоянд”? Ин навор бо ифшои як ҳақиқати одӣ ҳамагонро такон дод. Маълум шуд, ки дар шаҳри пешрафта ва рангоранге мисли Ню Йорк аз кӯча гузар кардани як бону осон нест.

Ва як ҳадя

Ин навор, ки “Чарлӣ боз ангушти маро мегазад” ҳарчанд кайҳо аз марзи 800 миллион бинанда гузаштааст, ҳамоно хандаи Шуморо меорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG