Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдбуди озодии маҳбусони Освенсим дар сояи низоъҳои сиёсӣ


Иван Мартинушкин

Иван Мартинушкин

27 январи соли 1945 артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дарвозаҳои Аушвитс-Биркенау, урдугоҳи марг (консентрационный лагер) дар шаҳри Освенсимро боз кард, ки дар он садҳо ҳазор яҳудӣ ва қавмҳои дигар асир буданд.

Афсари рус Иван Мартинушкин дар хатти аввали аскарони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Освенсим ворид шуд. Зодаи вилояти Рязан Иван Мартинушкин 21-сола буд, ки фармони ҳаракат ба самти шаҳраки Освенсими Лаҳистон ё Полшаро дарёфт кард. Аксарони ротаи ӯ дар Дивизияи 322-и тирандози Артиши Сурх , ки аз таъқиби пай дар пайи артиши Олмон хаставу лакот буданд, намедонистанд, ки акнун чӣ хоҳад шуд.

«Мо фашистҳоро аз як рустое берун андохтем ва баъди гузаштан аз ин деҳкада ба саҳрои бузурге расидем, ки атрофашро бо симхорҳо ва ноқили нерӯи барқ печида буданд ва дидбонгоҳҳо дошт. Мо аз паси симхорҳо биноеро дидем. Вақте наздиктар омадем, дар он одамҳоро мушоҳида кардем,» -- ба ёд меорад Мартинушкин, ки ҳоло 91 сол дорад.

Урдугоҳи маҳкумшудагони марг

Ин одамҳо асирҳо буданд, полякҳо, яҳудиҳо, лӯлиҳо ва намояндагони қавмҳои дигар, ки дар лагери «овозадор»- и фашистҳо ба марги ногузир рӯ ба рӯ буданд. Бинобар ҳисобҳои тахминӣ, дар ин урдугоҳ беш аз 1 миллион зиндонӣ ё дар утоқҳои газ сӯзонда ё аз гуруснагӣ ва ё шиканҷаву маризӣ ҳалок шуданд. Вақте, ки артиши сурх ба Освенсим ворид шуд, дар он каме бештар аз 7 ҳазор зиндонӣ буд.

Урдугоҳи Освенсим

Урдугоҳи Освенсим

«Вокуниши мо ва онҳо дар оғоз эҳтиёткорона буд. Аммо баъдан онҳо фаҳмиданд, ки мо кӣ ҳастем ва сӯи мо хушҳолона даст афшонданд. Онҳо ба мо аломат доданд, ки натарсем, дар пушти симхорҳо муҳофиз ё фашистҳо нестанд ва танҳо зиндониҳо боқӣ мондаанд,»- мегӯяд Иван Мартинушкин.

Масъулияти ворид шудан ба лагери консентрасионӣ, дар оғоз бар дӯши дивизияҳои фронти якуми Украина буд. Қисми низомии Мартинушкин масъули безарар кардани атрофи урдугоҳ буд. Аммо вақте онҳо фаҳмиданд, ки дохил шудан ба лагер бехатар аст, ба дохили он қадам гузоштанд.

Он чӣ аскарон дар дар ин камп диданд, такондиҳанда буд. «Одамҳо лоғару азияткашида буданд, то андозае, ки пусташон сиёҳ шуда буд. Онҳо либосҳои мухталиф доштанд, баъзеҳо аз болои либоси маҳбуси палто пӯшиданд, баъзеҳо худро бо курпа печида буданд. Аммо дарки ин воқеият, ки дигар озод ҳастанд, онҳоро хушбахт карда буд, чашмонашон аз шодӣ медурахшид,» -- ба ёд меорад Мартинушкин.

Освенсим дар соли 1945

Қисми низомии Иван Мартинушкин ҳудудан ним соатро дар талоши гуфтугӯ бо зиндониҳо сарф кард. Мартинушкин мегӯяд, акнун сарфаҳм меравад, ки он зиндониҳо яҳудиҳои маҷорӣ ё венгер буданд.

Маҳбусони Освенсим дар соли 1945

Маҳбусони Освенсим дар соли 1945

Вай меафзояд: «Мо ҳама каму беш забони олмонӣ, англисӣ ва лаҳистониро медонистем, аммо комилан намефаҳмидем, ки ин зиндониҳо бо кадом забон сӯҳбат мекунанд. Вале медонистем, ки коре хуберо анҷом медиҳем,» -- ба хотир меорад Иван Мартинушкин.

Барои хидмати ҷасурона Мартинушкин як силсила ордену нишонҳои ҷангӣ дарёфт кардааст. Ҳамчунин соли 2005, дар 60-солагии озод шудани зиндониёни Освенсим президенти Русия Владимир Путин ба ӯ«Медали Шараф»дод. Аммо Мартинушкин мегӯяд, аз он ба баъд мухолифатҳои сиёсӣ ин ҳодисаро тира карданд.

Сояи мухолифатҳои сиёсӣ

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки ба дунболи бӯҳрони Украина равобити сардеро бо Лаҳистон ё Полша таҷруба мекунад, имсол дар маросими бахшида ба 70 солагии озодшавии Аушвитс- Биркенай дар Полша ширкат нахоҳад кард.

Гузашта аз ин,Маскав аз изҳороти ҷониби Полша, ки Освенсимро украинҳо озод кардаанд, нороҳат шуд. Рӯзи 21 январ вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки Артиши Шӯравӣ як нерӯи сермиллат буд ва русҳову украиниҳо, чеченҳову гурҷиҳо ва тоторҳо ҳамагӣ дар озодшавии Освенсим саҳм доштанд.

Парвоз дар ҳавопаймои президент барои ширкат дар ҷашни озодии маҳбусони Освенсим

Парвоз дар ҳавопаймои президент барои ширкат дар ҷашни озодии маҳбусони Освенсим

Мартинушкин мегӯяд, хушҳол аст, ки умр вафо кард ва ӯ ба ҷашни 70 солагии озодшавии Освенсим низ расид, аммо аз он ки мухолифатҳои сиёсӣ ба ин ҳодисаи таърихӣ соя афкандаанд, нороҳат аст. Ӯ аз якдилии аврупоиҳо, ба дунболи амалиёти террористии моҳи равон дар Париж ишора кард ва гуфт:

«Ман гумон доштам, ки озодшавии Освенсим низ ҳамчун як ҳодисаи таърихӣ ҳамин гуна иттиҳоду якдилиро ба миён меорад. Новобаста ба мухолифатҳои сиёсӣ ва дидгоҳҳои мутафовит мо бояд сарҷамъ мешудем, ба ҳодиса ва мардуме, ки дар он макон қурбон шудаанд, эҳтиром мегузоштем. Аммо мутаассифона, ин тавр нашуд...» - мегӯяд Иван Мартинушкин, як низомии Артиши Сурх, ки дар озод кардани урдугоҳи марги Освенсим иштирок кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG