Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон ба Сурия менигарад ва мегӯяд...


Рӯзномаҳои бонуфузи ҷаҳон ба эҳтимоли ҳамлаи Ғарб таҳти сарварии Амрико менигаранд ва пайомадҳои онро ҳадс мезананд.

Рӯзномаи Ҳизби коммунисти Чин “Гунамин Рибао” ба мудоихилаи ҳарбии Ғарб дар Сурия шадидан мухолиф аст. Дар матлабе таҳти унвони “Нерӯи мусаллаҳ масъалаи Сурияро ҳал намекунад” “баъзе” қувваҳоро дар Ғарб айбдор мекунад, ки мехоҳанд бо зӯри силоҳ биниши худро ба дигарон бор кунанд. Он меафзояд, низоъҳои Ховари Миёна бо ҳеҷ гуна “экспорти демократия” ҳал нахоҳанд шуд.

Сармақолаи "Le Figaro,", яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Фаронса ин гуна аст: “Бо зарба ба Димишқ Порис аз густариш пешгирӣ мекунад”. Ба ақидаи нашрия омодагии Фаронса барои зарба задан ба режими Асад аз “ангезаҳои ахлоқӣ ва маънавӣ маншаъ мегирад.” Агар аз корбасти силоҳи кимиёӣ ҳоло пешгирӣ нашавад, истифодаи чунин силоҳ густариш пайдо хоҳад кард, менависад рӯзнома.

"Hindustan Times" гузориш медиҳад, ки Ҳинд мехоҳад, барои рафъи пайомадҳои эҳтимолии ҳамла ба Сурия хариди нафтро аз Эрон афзоиш медиҳад. Ба навиштаи рӯзнома Эрон то соли 2011 дувумин содиркунандаи нафти Ҳиндустон буд ва ҳоло ба ҷойи шашум афтодааст.

Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия мегӯяд, мақомоти шаҳри Ҳумси Сурия ба ҳамлаи эҳтимолии нерӯҳои таҳти сарварии Амрико омодагӣ мегирад. Ба нақл аз шаҳрдор Талал ал-Барозӣ ин манбаъ меафзояд, дар навбати аввал бемористонҳо барои қабули захмиёни эҳтимолӣ омода мешаванд. Шаҳрдор гуфтааст, агар Ҳумс тавонистааст, бо таҳдидҳои дохилӣ сари кор гирад, зарбаи берунро низ тотб хоҳад овард.

“Ҳуррият”-и Туркия суол мегузорад, ки оё бо зарбаи Ғарб ҷанг дар Сурия поён хоҳад ёфт? Ва посух медиҳад, ки ҳарчанд амалкардҳои режими Асад нафтароваранд, ин зарба ҷангро шадидтар хоҳад кард. Бо ишора ба тазоди дигар, рӯзнома менависад, худи режими Асад хостору сабабгори зарбаи эҳтимолии Ғарб аст, чун Эрону Русияро ба умури дохилии худ роҳ додааст. Нашрия тахмин мезанад, ки чунин зарба ба Ҳизбуллоҳ ва Ал-Қоида имкон хоҳад дод, ҳузури худро дар Сурия устувортар кунанд.

“Гордиан”-и Бритониё раъйи мухолифи порлумони ин кишварро “рахнаи харобиовар”-е дар обрӯи сарвазир Дейвид Кемерон номидааст. Ба навиштаи рӯзнома ҳукумат натавонистааст, ҳатто рӯҳияи аъзои ҳизби худро дар порлумон барои хеш рӯшан кунад. Аз сӯе ҳам санадҳои пешниҳодкардаи ҳукумат барои дарёфти раъйи мувофиқ боварбахш набуданд.

Рӯзномаи ҳукумати Русия “Россйиская газета” пешбинӣ кардааст, ки ҳамлаи таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида ба Сурия равобити Русияро бо Ғарб вайрон хоҳад кард. Нашрия ҳушдор додааст, ки агар Ғарб мухолифати Русияро ба ин зарба нодида гирад, ҳамкории Маскав бо Ғарб дар Созмони Милал рӯйи масъалаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ба охир хоҳад расид ва дарёфти ҳама гуна ризоияти Кремл дар масъалаҳои дигар барои Кохи Сафед мушкилу маҳдуд хоҳад гашт.

"The New York Times" дар сармақолааш мегӯяд, нақшаи Вашингтон тарҳи навшудаест, ки президент Обама ҳанӯз як сол пеш барои ҳолати истифодаи гази заҳрогин омода карда буд. Нашриҳя ҳадс мезанад, ки амалиёти ҳарбии зидди Сурия бо сарварии Амрико ҳамчунин паёме ба Эрон хоҳад буд, ки Кохи Сафед метавонад, аз сухан ба амал гузарад. Ҳамзамон ишора мешавад, ки стратегияи ҳарбии Вашингтон ба стратегияи васеътари мутақоид кардани Асад ба истеъфо ва ҳимоят аз раванди гуфтушунид дар ҳалли низои Сурия нест. Таҳлилгар менависад, зарбаи эҳтимолӣ, дар ҳоли бетағйир боқӣ мондани таносуби нерӯҳо дар рӯйи замин самараи зиёде нахоҳад овард ва низоъбро ба поён нахоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG