Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 июл - Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ


2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) таҷлил мегардад.

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) Нарзулло Латифов ба сомонаи Радиои Озодӣ гуфт, “аввалан ҳамаи хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон табрик мегӯям. Бояд гуфт, ки АИПС - ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди байналмилалии хабарнигори варзишӣ аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АИПС мебошанд. АИПС байни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. “

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, АЖРВТ дар Конгресси 74-уми АИПС, ки моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст.

“Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. Аҳдофи аслии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад”, - гуфт Нарзулло Латифов.

АЖРВТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ дар Душанбе ва дараи Варзоб ҳамоиши намояндагони васоити ахбори оммаро доир кард. Хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, муборакбод карданд.

Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорон гуфт, ки дар Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ сомонаи расмии интернетии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (olympic.tj) бо тарҳи нав ба кор даромад ва хабарнигоронро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Беҳтарин хабарнигорони соҳа – аъзои АЖРВТ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. Инчунин байни хабарнигорон чорабиниҳои варзишӣ доир шуд, ки онҳо фаъолона ширкат варзида, на танҳо бо сухан, инчунин, дар амал пайвастагии худро ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит карданд.

Хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон табрик гуфта, барояшон тансиҳатию хушбахтӣ ва дар фаъолияти эҷодиашон муваффақиятҳо орзумандем.

XS
SM
MD
LG