Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди оташбас дар Сурия


Қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ дар мавриди хатми хусуматҳо дар Сурия ва афзоиши ёриҳои башарӣ ба мардум дар он кишвари ҷангзада даст ба тавофуқ ёфтаанд.

Дипломатҳои баландпоя рӯзи 12 феврал дар Мюнхени Олмон гуфтанд, ки қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ дар масъалаи хатми хусуматҳо дар Сурия ва густариши ироаи ёриҳои башарӣ ба мардуме, ки дар ин кишвари ҷангзада азият мекашанд, тавофуқ бастаанд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри дар пайи музокироти чандинсоата бо намояндагони Русия ва беш аз 10 кишвари дигари узви Гурӯҳи ҳимоят аз Сурия ба хабарнигорон гуфт, ҳадаф истиқрори оташбаси саросарӣ дар Сурия барои як ҳафтаи оянда аст.

Ӯ гуфт, тамоми иштироккунандагони ин нишаст ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки музокироти расмӣ барои истиқрори оташбаси давомдор дар Сурия бояд дар Женеваи Швейтсария ҳарчӣ зудтар аз сар гирифта шавад.

Ҷон Керри оташбаси тавофуқшударо “танаффус” номид, на “оташбас”-е, ки ба гуфтаи ӯ, бояд “бештар давомдор, яъне анҷоми низоъ бошад.” Ба гуфтаи раҳбари идораи сиёсати хориҷии Амрико, “ҳадаф ягон вақт расидан ба оташбаси дарозмуддати давомдор аст”, вале чунин оташбас метавонад танҳо аз тариқи “музокироти воқеъӣ” ба даст биояд. Керри афзуд, тааҳҳудоти дар Мюхен бадастомада танҳо “дар рӯи қоғаз” аст ва бояд ҷомаи амал пӯшонда шавад.

Керри гуфт, ин оташбас амалиётҳои зидди созмонҳои тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-Нусра”-ро, ки бахши шабакаи террористии Ал-Қоида дар Сурия дониста мешавад, фаро намегирад: “Мо дар бораи роҳандозии хатми саросарии хусуматҳо тавофуқ кардем, ки як ҳафтаро дар бар мегирад. Ин як ҳадафи баланд аст, вале ҳамагӣ бояд ба сурати ҳарчӣ зудтар барои расидан ба он талош кунанд. Ин тамоми ҷонибҳо дар Сурияро дар бар мегирад, ба истиснои созмонҳои террористии “Давлати исломӣ” ва “Ан-Нусра.”

Вазири хориҷаи Бритониё Филип Ҳаммонд гуфт, ин созишнома метавонад танҳо дар сурате ҳамчун “пешрафт” арзёбӣ шавад, ки агар Русия ҳам пуштибонии нирӯҳои ҳукумати Сурия аз тариқи ҳамлаҳои ҳавоияшро дар роҳ ба сӯи пойгоҳҳои мухолифин дар Ҳалаб бас кунад.

Ҳаммонд гуфт: “Агар (созишнома) пурра ва ба сурати муносиб амалӣ шавад... ин як қадами муҳим ба сӯи коҳиши куштор ва машаққатҳо дар Сурия хоҳад шуд. Вале ин дар сурате ба даст меояд, ки агар дар рафтори режими Сурия ва тарафдоронаш тағйироти бузурге пеш биояд.”

Ҷон Керри ва ҳамтои русаш Сергей Лавров гуфтанд, Амрикову Русия муштаракан гурӯҳи нави кории масъули ёриҳои башарӣ ба Сурия ва ҳамчунин гурӯҳеро, ки барои роҳандозии оташбаси муваққат таъсис дода мешавад, раҳбарӣ хоҳанд кард.

Дар ҳоле ки дастрасӣ ба ёриҳои башарӣ барои миллион нафар аз мардуми ҷангзада дар Сурия як масъалаи ҳаётан муҳим аст, оташбас дар ин кишвари арабӣ дар сурате метавонад амалӣ шавад, ки агар музокироти сулҳи Сурия байни ҳукумати президент Башор Асад ва мухолифонаш рӯзи 25 феврал, ки СММ муқаррар кардааст, аз сар гирифта шавад.

Бомбборони Сурия аз ҳавопаймои русии СУ

Бомбборони Сурия аз ҳавопаймои русии СУ

Ин музокироти сулҳ рӯзи 3 феврал ҳанӯз амалан сар ношуда, ба далели ҳамлаи нирӯҳои Асад ба вилояти Ҳалаб, ки то имрӯз таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои ҷангии Русия идома дорад, доир нашуд. Масоили доғе, ки дар роҳи музокироти қаблӣ ҳам мушкил эҷод карда буд, аз ҷумла созмонҳои террористӣ эътироф кардану ба музокироти сулҳи Сурия роҳ надодани гурӯҳҳое, чун “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-Нусра” низ то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.

Русия ва Сурия исрор меварзанд, ки гурӯҳҳое, ки дар Ҳалаб меҷанганд ва бархеаш аз сӯи Туркия, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои Ғарб ҳимоят мешаванд, бояд террорист унвон шаванд.

Сергей Лавров рӯзи 12 феврал гуфт, амалиёти ҳавоии артиши Русия ба ҳимоят аз нирӯҳои Башор Асад алайҳи чунин гурӯҳҳои, ба таъбири ӯ, “террористӣ” идома хоҳад ёфт. Ин изҳорот гумонҳоеро ба вуҷуд овард, ки Русия бо баҳонаи ин ки созмонҳои “террористӣ” шомили оташбаси ахир намешаванд, метавонад ҳамлаҳои ҳавоияш дар Ҳалабро идома диҳад.

Талоши ахир барои хатми ҷанги инак панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Сурия ҳанӯз суолҳои беҷавоби зиёде дорад. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев рӯзи 11 феврал дар сурати нокомии музокироти сулҳ аз эҳтимоли як низои беохир ва ҳатто ҷанги ҷаҳонӣ сӯҳбат кард. Аз тарафи дигар баҳсҳову сарусадоҳо дар бораи ба Сурия ирсол шудани нирӯҳои заминии Арабистони Саудӣ низ ба оташи дурнамои низои ин кишвар равғани бештар мерезанд.

Кӯдакони гуреза аз Сурия

Кӯдакони гуреза аз Сурия

Ҳатто агар чунин дурнаморо ҳам сарфи назар кунем, хисороти ҷанги Сурия алакай даҳшатбор аст. Аз баҳори соли 2011 то имрӯз, ки мухолифин алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, дар Сурия, бино ба ҳисобҳо, дастикам 250 000 нафар кушта шуда, садҳо ҳазор нафар аз ин кишвари ҷангзада ба маконҳои амн паноҳ мебаранд, ки боиси бузургтарин бӯҳрони муҳоҷирон аз замони ҷанги дувуми ҷаҳон дар қораи Аврупо шудааст.

“Мева”-и дигари талхи ҷанги Сурия созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ст, ки қаламравҳои бузурге дар Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳои эълони ба номи “хилофат” бо як қонунҳои ваҳшиёна кардааст.

Вуруди НАТО ба бӯҳрони Сурия

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои узви паймони низомии НАТО розӣ шуданд, ки бо пешниҳоди ИМА ба эътилофи байналмилалии зидди гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» ҳавопаймоҳои иктишофии навъи АВАКС-ро сафарбар кунанд. Дар ин бора шоми панҷшанбе дар Брюссел баъди анҷоми нишасти вазирони дифои кишварҳои узви НАТО дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг хабар дод. Вай гуфт, ки кишварҳои узви эътилофе ба раҳбарии ИМА метавонанд аз маҳалли амалиёти низомӣ ҳавопаймоҳои худро берун оранд. Столтенберг гуфт, ки ин тасмим тавонмандиҳои эътилофро барои муборизаи ҳадафмандона зидди гурӯҳи «Давлати Исломӣ» тақвият медиҳад.

Дар суханронии худ дар нишасти Брюссел Эштон Картер, вазири дифои Амрико аз кӯмаки кишварҳои узви НАТО таҳсин кард ва гуфт: «Ба шарофати дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, ҳоло нақши НАТО ва аъзои эътилоф дар ин амалиёт тавсеа меёбад. Худи ҳамин қарор ҳам як таҳаввулоти муҳим аст. НАТО ба унвони як узви нави эътилоф барои муқобила бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» бо таҷрибаву тавоноиҳои хоси худ, аз ҷумла эҷоди ҳамкориҳои қавӣ, тамрини нирӯҳои хушкигард ва ҳам кӯмак дар эътидоли вазъ ҳамроҳ мешавад».

Эштон Картер бо таъкид ба тавсеаёбии нақши НАТО дар муқобилаи зидди ҷангҷӯён, вазири дифои Амрико гуфт, ки кишварҳои дигари ҳампаймон барои боризтар шудани нақши ҳар як узви ин паймон аз рӯи салоҳдиди худ розӣ шуданд. Эштон гуфт, ки ҳадаф аз барномаи нав комилан нобуд кардани изи «Давлати Исломӣ» дар хоки Сурияву Ироқ аст. Вай гуфт: «Имрӯз ман пеш аз ҳама нақшаи барномаи нав ва ҳадафҳои онро бо ҳамтоёнам – вазирони дифои кишварҳои ҳампаймон тақсим кардам. Шодам, ки ин нақша ва ҳам консепсияи амалиёти низомӣ бо ҷамъи оро қабул шуд. Ёдовар мешавам, ки ҳадафҳои асосӣ – нобуд сохтани маҳаки «Давлати Исломӣ» дар Сурияву Ироқ, мубориза бо рагу решаи он дар тамоми ҷаҳон ва ҳимоят аз марзу буми ҳамаи мо мебошад. Барои анҷоми ҳадафҳои мо дар Ироқу Сурия тирҳои худро аз самти Мавсул ва Раққа ба ҳадаф мерасонем, то ки «Давлати исломӣ»-ро нобуд кунем».

Як тасмими дигари нишасти вазирони дифои кишварҳои узви НАТО дар Брюссел ин шуд, ки ин паймон барои мубориза бо гурӯҳҳои қочоқчии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳам ҳамроҳ мешавад. Чунин дархост аз ҷониби Олмон, Юнон ва Туркия садо дод. Столтенберг гуфт, ки дар фурсати аввалин киштиҳои НАТО ба баҳри Эгей сафарбар мешаванд, то ки аз ҷараёни ҳаракати муҳоҷирон дар миёни Туркияву Юнон назорат кунанд. Дабири кулли НАТО таъкид кард, ки нирӯҳои НАТО киштиҳои ҳомили муҳоҷиронро аз роҳашон барнамегардонанд, балки дар муқобила бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ кӯмак карда, дар ҷои ҳодиса назорат мекунанд ва натиҷаҳои ин таҳқиқоти худро ба сохторҳои дахлдори Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам нирӯҳои ҳифзи марзҳои обии Юнон ва Туркия таслим хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG