Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзанди камтар, зиндагии хубтар?


Бисёре аз оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон, ба фарқ аз волидонашон, хушбахтии хонаводаиро дар доштани ду ва ё се фарзанд мебинанд. Онҳо мегӯянд, зиндагӣ дар оилаи хурд ва аз назари иқтисодӣ осуда беҳтар аз хонаводаҳои бузург, вале фақир аст.

Марҳабо Саъдулоева, сокини шаҳри Ваҳдат, фарзанди дуввуми худро ба дунё овардааст. Ӯ хеле хушбахт аст, чун мувофиқи хости дилаш духтар таввалуд шуд ва оилаи онҳоро, ки як писар дорад, комил кард. Марҳабо мегӯяд, орзу дошт, ки соҳиби як писар ва як духтар шавад ва акнун ин орзуяш ҷомаи амал пӯшид.

Вале аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон серфарзанданд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ваҳдат беш аз 3600 тифл ба дунё омадааст, ки аксарияти онҳо фарзанди севвуму чаҳорум ҳастанд.

Коршиносони соҳа мегӯянд, ҳудуди 25 дарсади занон дар Тоҷикистон фосилаи байни таввалудро риоя намекунанд ва аксаран ба хотири тавлиди писар соҳиби фарзандҳои зиёд мешаванд.

Вале дар маҷмӯъ бисёре аз модарон ҳомиладории худро тасодуфӣ арзёбӣ мекунанд ва шумори онҳое, ки барои исқоти ҳамл муроҷиат кардаанд, низ кам нест.

Табибон мегӯянд, на ҳамаи занони ҳомила то вақти таввалуд аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Иллатҳои аслии ин вазъ нодорӣ, дурии роҳи дармонгоҳҳо, набуди момодояҳо ва пизишкони занона унвон мешавад.

Фарзанди камтар - зиндагии хубтар?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
XS
SM
MD
LG