Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе мавзӯъи сиҳҳатии муҳоҷирони тоҷик баҳс шудааст. Гуфта мешавад, аксари ин мардум дар ғурбат дучори маризиҳои сангин мешаванд, вале бисёраш ҳатто бимаи тиббӣ надорад

Теша Нозимов, сокини 38-солаи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, дар тӯли 6 соли муҳоҷираташ дар Русия чандин бор мариз шуда, ба хотире ки аз сӯи ширкатҳои маҳаллӣ иҷозаи кор ва иқомати расмӣ дошт, табобати ӯро ин ширкат пурра пардохт карда буд. Аммо Теша Нозимов аз шумораи ками муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аст, ки дар ширкатҳое ба истилоҳ «боинсоф» кор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, аммо мушкили умдатар аз дарёфти бимаи тиббӣ ва пардохти ҳаққи табобат, дарёфти маоши ҳаққи ҳалоли худи муҳоҷирон аст, ки дар бисёр маврид бо фиребу найранг пардохт намешавад.

​Бо манзури ин мушкилоти муҳоҷирон ва низ ба як мушкили умда табдил шудани сиҳатӣ ва бима ва ё суғуртаи саломатӣии муҳоҷирон ин мавзуъ дар Душанбе мавриди баҳсу баррасии созмонҳои дохиливу байналмилалӣ ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Русия қарор гирифт. Дар ин баҳсҳо гуфта шуд, бо иллати он ки аксар маврид муҳоҷирон забони русиро хуб намедонанд ва ҳуқуқи худро дифоъ карда наметавонанд, мавзӯъи сиҳатӣ ва ҷуброни зиён ба саломатии онҳо доғтар мешавад.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар соли 2010 дар робита ба дарёфти бимаи тиббӣ миёни муҳоҷирон дар шаҳри Маскав пурсише анҷом дода буд. Аксари муҳоҷирони пурсидашуда дар масъалаи пардохти ҳаққи бимаи тиббӣ изҳори омодагӣ карданд, аммо гуфтанд, нархи он на бештар аз 42 доллар бошад, дар сурати ғайр , онҳо имкони пардохтро надоранд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи бимаи тиббии муҳоҷирони кори тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба долонҳои ҳукумати кишвар ҳам расидааст ва ҳукумати Тоҷикистон бо ҳукумати Русия, мавзӯъи тасвиби як созишномаи хосеро дар ин робита баррасӣ доранд.

Ширкатдорони ҳамоиши махсуси мушкилоти сиҳатии муҳоҷирон дар анҷоми нишаст санадеро бо манзури пешниҳодоти эъломшуда мавриди таҳия қарор доданд, ки дар кутоҳтарин фурсат пешниҳоди мақомоти марбутаи ду ҷониби Тоҷикистону Русия хоҳад шуд.

Аксари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия мариз намераванд. Маҳз шароити бади кору зиндагӣ дар Русия онҳоро мариз мекунад, баъзан дар хонаҳо на камтар аз 10 нафар зиндагӣ меекунанд ва агар нафаре аз онҳо ба маризии сил гирифтор бошад, чанд нафари дигарро низ сироят мекунад. Дар ҳоле ки онҳо ба ягон хадамоти тиббӣ дастрасӣ надоранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 460 тобути муҳоҷирони кори тоҷик аз Русия ба ватан оварда шудааст. Як бахши онҳо аз маризӣ ва ҷароҳат дар ҷараёни кор фавтидаанд. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия то якуним миллион нафар гуфта мешавад. Ин муҳоҷирин дар тули даҳ соли ахир ба Тоҷикистон 19 миллиард доллар ворид карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG