Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав. Табобати муҳоҷирон аз ҷайби кордеҳ, на давлат


Соли 2013 табобати муҳоҷиронро ба ӯҳдаи корфармо мегузоранд.
Соли 2013 табобати муҳоҷиронро ба ӯҳдаи корфармо мегузоранд.

Сар аз соли 2013, муолиҷаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав аз ҳисоби корфармоён сурат мегирад

Дар пойтахти Русия соли оянда Хазинаи табобати муҳоҷирони меҳнатӣ фаъол мешавад, ки маблағро ба он корфармоён ворид мекунанд.

Тибқи иттилои хабаргузории русии РБК, Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав тайи як нишасти хабарӣ гуфтааст, дар бисёри ҳолатҳо ба муҳоҷирони корӣ ёрии тиббии гаронарзиш расонда мешавад, ки маблағи онро касе намепардозад: "Муҳоҷирон ба беморхонаҳо на барои табобати нақшавӣ, балки дар ҳолатҳои хеле вазнин оварда мешаванд. Ба онҳо ёрӣ мерасонанд, вале ҳаққи онро касе намедиҳад. Дар қонунҳои мо барои онҳое, ки ба Русия меоянд, доштани варақаи суғурта ҳатмӣ нест. Бинобар ин, ба Хазинаи суғуртаи тиббии ҳатмӣ хориҷиён маблағ пардохт намекунанд."

Шаҳрдори Маскав таъкид кардаст, ки айни ҳол бо супориши президенти Русия, Владимир Путин, масъалаи таъмини хориҷиён бо варақаҳои суғуртавӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ҳамин тариқ шаҳрдории Маскав ният дорад, хароҷоти будҷаро барои табобати муҳоҷирон, ки ба иттилои расмӣ ҳамасола 5 миллиард рубли русиро ташкил медиҳад, коҳиш диҳад.

Шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия бештар аз як миллион нафар арзёбӣ мешавад. Масъулини умури тандурустии Тоҷикистон вазъи саломатии муҳоҷиронро ба далели шароити бади корӣ ва саривақт нагирифтани ёрии тиббӣ нигаронкунанда мегӯянд.

Муҳоҷирони тоҷик аз ин иқдоми шаҳрдории Маскав хуш пазироӣ карда, умед доранд дастрасиашон ба хизматрасониҳои тиббии босифат дар пойтахти Русия, беҳтар мешавад. Дар ҳоли ҳозир бархе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик муносибат бо онҳоро дар муассисаҳои тиббии шаҳри Маскав, «сангдилона» арзёбӣ мекунанд.

Сардор Бахтиёров, як муҳоҷири тоҷик, ки ду сол пеш мавриди ҳамлаи миллатгароёни рус қарор гирифтасту корафтодаи беморхонаҳои шаҳри Маскав шудааст, нақл мекунад:"Вақте корд заданд, беҳол маро ба беморхона оварданд. Дар ҳоле, ки хун аз баданам беист мерафт, духтурон барои расондани ёрӣ ба ман шитоб намекарданд. Бо беморони на он қадар вазнин аз ҳисоби шаҳрвандони Русия банд буданд. Ниҳоят баъди оне, ки кампире ҳоли маро дида, духтуронро ба раҳму шафқат даъват кард, ҷароҳати маро бастанд. Ба мо чун одамони дараҷаи дуюм муносибат мекунанд."

Дар мавриди ҳаққи табобат дар беморхонаҳои Русия, Бахтиёров афзуд, ки баъзан аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳатто нисбати сокинони худи Маскав бештар пул меситонанд. Бисёри муҳоҷирон мегӯянд ба истиснои мавридҳое, ки ёрии тиббӣ фавран зарур мешавад, дар дигар ҳолатҳо барои табобат Тоҷикистон меоянд, зеро нарх дар беморхонаҳои Русия хеле гарон ва муносибати духтурон хунукназарона аст.
XS
SM
MD
LG