Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши сарони ҷаҳон ба даргузашти президенти Узбакистон


Cарони шуморе аз кишварҳои ҷаҳон даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистонро тасаллият гуфтанд. Ҳукумати Узбакистон рӯзи 2 сентябр ба таври расмӣ эълон кард, ки Ислом Каримов бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар робита ба марги Ислом Каримов ба унвонии Неъматулло Юлдошев – иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури Узбакистон – изҳори тасаллият кард. Бино ба Қонуни асосии Узбакистон, баъди даргузашти раиси ҷумҳури ин кишвар масъулияти идораи давлат то се моҳ ба уҳдаи раҳбари палатаи болоии порлумони Узбакистон вогузор карда мешавад. Дар ин муддат бояд интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон баргузор ва президенти нав интихоб шавад.

Дар барқияи фиристодаи Кремлин ба унвонии Тошканд гуфта мешавад, “рафтани ӯ барои Узбакистон, ҳамчунон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои шарик дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай талафоти бузург аст.”

Путин дар идомаи ин барқия бо таъкиди ин, ки Ислом Каримов дар минтақа сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаро пеш мебурд, гуфтааст, ин сиёсат боис ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни кишварҳои минтақа шудааст. “Саҳми Ислом Каримовро дар ташаккул ва рушди ҳамкориҳои стратегӣ миёни кишварҳои моро намешавад инкор кард. Муътақид ҳастам, ки бо кӯшишҳои якҷоя минбаъд ҳамкориҳои Русияву Узбакистонро ба манфиати халқҳои бародари мо рушд хоҳем дод,” – афзудааст ӯ.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳам дар робита ба даргузашти Ислом Каримов паёми тасаллият фиристода аст. Дар ин паёми Ҳасани Рӯҳонӣ ба Неъматулло Юлдошев, кафили раёсати ҷумҳури Узбакистон, ӯ даргузашти Ислом Каримовро ба ҳукумат ва мардуми Узбакистон тасаллият гуфта ва барои вай талаби "омӯрзиши илоҳӣ" кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам даргузашти Ислом Каримовро барои сокинони Узбакистон тасаллият гуфт. Оқои Раҳмон шоми 2-юми сентябр бо ирсоли паём даргузашти Ислом Каримовро “талафоти вазнину ҷуброннопазири мардуми дӯсти ӯзбек” дониста ва гуфт, ин хабарро дар Тоҷикистон “бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд”.

“Ислом Абдуғаниевич ҳамчун ходими барҷастаи давлатие, ки аз бисёр ҷиҳат хислату мазмуни як давраи томи таърихиро дар рушди мамлакаташ пас аз соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ муайян кардааст, абадан дар таърихи мардуми ӯзбек сабти ном шуд. Ба шарофати фарзонагӣ ва дурандешиаш ӯ эътирофи умум гашта, ба ҳайси сиёсатмадори фарохмиқёс берун аз марзҳои кишвари худ низ соҳиби обрӯи шоиста гашта буд,” - таъкид кардааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин, ки дар моҳи июн ба Тошканд сафар карда буд, аз Ислом Каримов ба унвони "дӯсти воқеӣ" ном бурд, ки дар рушди Узбакистон нақши таърихӣ ифо кард ва муносибатҳои кишвараш бо Чинро ба сатҳи болотарин расонд.

Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, "дар ин лаҳзаҳои душвор Иёлоти Муттаҳида бори дигар пуштибонии худро аз мардуми Узбакистон эълом мекунад". Дар ин баёнияи раиси ҷумҳури Амрико гуфта мешавад, ки "дар ҳоле Узбакистон сафҳаи дигаре дар таърихи худро оғоз кард, Амрико шарикии худро бо Узбакистон барои истиқлолия, амният ва ҳимояи ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандон, идома хоҳад."

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, ки ҳамчун давлати миллӣ ташаккул ва рушд кардани Узбакистон ва дастовардҳои бузурги ин кишвар дар иқтисоду иҷтимоъ ва сиёсат, ба Ислом Каримов вобастагии зич дорад.

“Дар Озарбойҷон Ислом Каримовро ҳамчун дӯсти воқеӣ, ки дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни Узбакистону Озарбойҷон ва таҳкими равобити дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ нақши калидӣ дошт, мешиносанду эҳтиром мекунанд. Мо дар ин рӯзҳои мотам ба аҳли хонавода ва мардуми Узбакистон тасаллияти амиқ иброз медорем”,- афзудааст ӯ.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, гуфтаст: “Пешво ё раҳбари шинохта, ки умри худро барои хидмат ба халқу давлати Узбакистон бахшидааст, зиндагиро падруд гуфт. Шаҳрвандон ва дӯстон Ислом Каримовро ҳамчун ходими бузурги сиёсию ҷамъиятӣ ёд хоҳанд кард, ки номаш дар ташаккули давлати миллии Узбакистон тавъам хоҳад буд”.

Ҳукумати Узбакистон даргузашти Ислом Каримовро баъди шаш рӯзи сактаи мағзӣ шуданаш тасдиқ кард. Президенти Узбакистон 78 сол дошт ва 27 сол дар сари қудрат буд.

Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбакистон рӯзи 2-юми сентябр эълон кард, ки бино ба васияти Ислом Каримов ҷасади ӯ тибқи анъанаҳои мусулмонӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супурда хоҳад шуд. Маросими видоъ ва дафни Каримов рӯзи 3 сентябр дар Самарқанд баргузор мегардад ва Узбакистон то 6 сентябр мотами миллӣ хоҳад дошт

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG