Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди СҶБ ба Тоҷикистон дар мавриди Эбола (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ирсоли як нома ба мақомоти Тоҷикистон, пешниҳод намудааст, афроде, ки ба кишварҳои африқоӣ сафар мекунанд ё бармегарданд, ба таври ҷиддӣ мавриди муоина қарор бигиранд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба бемории Эбола ба мақомоти тоҷик пешниҳод кардааст, ки ворид шудани шаҳрвандонӣ хориҷӣ, ба шумули шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз кишварҳои африқоӣ дохили кишвар мешаванд, ҷиддан муоина намуда ва дар сурати пайдо шудани шубҳа, ба ду ташхисгоҳи байналмиллалӣ -- яке дар Фаронса ва дигаре дар Бритониё маълумот пешниҳод кунанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 20 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ ба вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ирсоли дархост намудааст, ки дар ин робита назорат дар гузаргоҳҳои марзиро ҷиддӣ гирифта, шаҳрвандони кишварҳои Африқо ва ё шаҳрвандони дигар кишварҳоеро, ки ба Тоҷикистон меоянд ва ё ба кишварҳои африқоӣ сафар намуда бармегарданд, муоина намояд. Дар номаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт омадааст, ки дар сурати пайдо шудани шубҳа оид ба сирояти Эбола, маълумоти тиббӣ ба ду ташхисгоҳи байналмилалӣ дар Фаронса ва Бритониё фиристода шавад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло тамоми имконият ва мубориза ҷиҳати ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сирояти бемории Эбола ба Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ҳудуди 30 донишҷӯи африқоиро, ки дар донишгоҳҳои кишвар машғули таҳсиланд, аз ташхис гузаронда, ба онҳо машварат додаанд, то аз сафар ба зодгоҳи худ худдорӣ намоянд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо эълони "ҷанг" алайҳи вируси Эбола дастур додааст, тамоми меҳмононе, ки аз кишварҳои Аврупо ва Африқо меоянд, мавриди ташхис қарор гирифта, 12 рӯз баъд аз сафарашон низ таҳти назари табибон бошанд. Мақомот мегӯянд, дар тӯли ин муддат бештар таби меҳмонон санҷида шуда, дар сурати рӯ назадани нишонаҳои ибтидоии бемории Эбола, сипас, онҳоро ба ҳоли худ хоҳанд гузошт.

Бемории Эбола, ки 90 дар сади гирифторонашро мекушад, моҳи марти соли ҷорӣ дар Гвинея хуруҷ кард ва сипас ба Сйерра Леоне, Либерия ва Нигерия гузашт. Ин беморӣ, ки сабаби таби баланду шикамрав ва хунрезии дохиливу берунӣ мешавад, то кунун бештар аз 3 ҳазор нафарро дар Африқои ғарбӣ куштааст. Шумори умумии онҳое, ки аз ин беморӣ ҷабр мекашанд, аз 8 ҳазор зиёд тахмин зада мешавад.

Тоҷикистон меҳмононро “аз сӯрохии сӯзан мегузаронад”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

XS
SM
MD
LG