Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси эбола ҷаҳонро ба ташвиш овардааст


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи ҷумъа эълон кард, ки густариши вируси эбола дар ғарби Африқо, ба мавзӯи изтирорӣ барои беҳдошти ҷаҳонӣ табдил шудааст.

Бар гузориши хабаргузории Ройтерз, Маргарет Чан, дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълом кардааст, ки густариши вируси эбола аз ончи тасаввур мешуд, сареътар аст.

Бо вуҷуди он, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз кишварҳое, ки мавридҳои гирифторӣ ба ин вирусро доштанд, хост то вазъияти изтирорӣ эълон кунанд, аммо ҳеҷ гуна монеа дар сафарҳои байналмилалӣ ё тиҷорат бо ин кишварҳо ҷорӣ нашудааст. Гуфта мешавад, вируси эбола то кунун ҷони наздик ба ҳазор танро дар кишварҳои ғарби Африқо, аз ҷумла Нигерия, Срйерра Лионе ва Либерия гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи тозатарин хабарҳо, ҳукумати Нигерия дар он кишвар бинобар густариши вируси эбола вазъияти фавқулодда элон кардааст.

Дар ҳоле, ки тарсу ҳарос аз сирояти ин вирус ҳама ҷоро фаро гирифтааст, коршиносон эпидемиологӣ мегӯянд, бо он, ки эбола то ба ҳол ҷони наздик ба 1000 нафарро дар чаҳор кишвари Африқои ғарбӣ гирифтааст, аммо бар хилофи зукоми мурғӣ, ки соли 2009 мунташир шуда буд, эҳтимоли сирояти он дар сатҳи дунё камтар аст.

Тарс аз интишори вируси эбола замоне афзоиш ёфт, ки як марди либерияии мубтало ба ин беморӣ рӯзи 25 июн дар шаҳри Логос мурд. Бо интишори хабари марги ин бемор, ки аз Либерия тариқи Того ба Нигерия сафар карда буд, таваҷҷӯҳи афкори умумиро ба душвории назорати тиббии мусофирони минтақаҳои олуда ба дигар кишварҳо ҷалб кард. Вируси зукоми мурғӣ ҳам ҳамин тариқ аз Осиё ба минтақаҳои дигар мунташир шуда буд. Бо ин ҳол коршиносон мегӯяд, роҳҳои интиқоли вируси эбола аз шахс ба шахс чандон осон нест ва бинобар ҳамин, эҳтимоли сирояти эбола ба дараҷаи зукоми мурғӣ нахоҳад буд.

Як устод ва табиби Донишкадаи тиббии бемориҳои сироятӣ дар Ливерпол ба Радиои Озодӣ гуфт, эбола ва беморҳои монанди эбола аз тариқи тамоси мустақим бо моеоти бадани фарди олуда мунтақил мешавад, дар ҳоле, ки зукоми мурғӣ аз тариқи тамоси мустақим ё аз тариқи ҳаво мунтақил мешуд. Дар воқеъ эболаро метавон бо ВИЧ/ СПИД муқоиса кард, ки аз роҳи тамоси мустақим байни моеоти бадани ду фарди олуда мунтақил мешавад. Аммо хатари интишори эпидемия эбола камтар аст.

Вирусшиносон мегӯянд, ВИЧ/СПИ миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон олуд кардааст, вале шумораи мубталоён ба эбола камтар аз панҷ ҳазор нафар аст. Даврони гирифтории ин вирус байни 2 то 21 рӯз аст ва ба таври миёна ҷони 60 дарсади мубталоёнро мегирад. Эбола вирусест, ки ё бо суръат ҷони қурбонии худро мегирад ё бемор бо он меҷангад ва онро мағлуб мекунад.

Донишмандони муътақиданд, ки вируси эбола дар миёни ҳайвоноти ҷангалҳои хатти экватор ё минтақаҳои экватории Африқо нумӯъ ёфтааст. Андешаи донишмандон ин аст, ки вирус аз тариқи ламси бадани ҳайвоноти мурда ва ё хӯрдан аз гӯшти ҳайвони олуда, ба инсон мунтақил шудааст. Вируси эбола, ки нахустин бор дар соли 1976 дар кишвари Зоир ташхис шуд ва охирин мавриди он дар Ҷумҳурии демократии Конго гузориш шуд, маъмулан дар минтақаҳои дурдаст ҷой дорад.

Эбола ваксина надорад ва нишонаҳои аввалия он монанди таб, гулӯдард, сардард мебошанд. Расонидани об ва моеоти дигар ба бемор, эҳтимоли зинда мондани гирифторони бештар мекунад. Аз даст додани оби бадан, иллати аслии марги гирифторон ба ин беморӣ аст. Бемории кушандаи эбола, ки дар Либерия хуруҷ кард ва ба Сйерра Леоне, Гвинея ва Нигерия паҳн шуд, то кунун 1000 нафарро куштааст.

XS
SM
MD
LG