Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эбола -- вируси ваҳмнок дар Африқои ғарбӣ


Дар бархе аз кишварҳои Африқои ғарбӣ ангеза ё вируси табларзаи Эбола ба ҳаёти инсонҳо таҳдид мекунад ва созмонҳои ғайридавлати ҳамакнун аз сирояти бештари ин беморӣ дар ин нуқтаи фақиртарини ҷаҳон бонги изтироб мезананд.

Хатари сирояти вируси Эбола ба минтақаҳои дигари дунё, аз ҷумла Русия, Европа, Осиё ва Амрико вуҷуд дорад ва воксинаҳои зидди ин беморӣ вуҷуд надоранд.

То ин замон кишвари Конго се дафъа бо сирояти Эбола рӯ ба рӯ гардидааст. Соли 1976 дар минтақаҳои марзии миёни Конго ва Судон тахминан 500 кас аз сирояти Эбола ба ҳалокат расида буданд. Соли 1995 бошад, дар вилояти ғарбии Бандунду аз Эбола 245 кас вафот карданд. Соли 2007 низ 29 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта буданд. Мақомоти кишвари ҳам Гвинея дар баҳори имсол гуфтанд, ки бемории асроромезе, ки 59 нафарро кушт, шояд аз Сйера-Леоне ба он кишвар сироят кардааст. Сирояти вируси эбола, ки 90 дар сади беморонро мекушад, то ин замон ҳеҷ гоҳ дар Гвинея дида нашуда буд.

Ин минтақаи Африқо аз маҳрумтарин нуқтаҳои ҷаҳон буда ва даҳҳо сол мешавад, ки шоҳиди даргириҳои мусаллаҳона, фасоди густурдаи мақомот ва вазъи ноустувори сиёсӣ ба сар мебаранд ва аз ҷиҳати маргу мири одамон ҳамвора дар ҷаҳон пешсаф мебошад.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз табларази Эбола дар Африқои ғарбӣ ҳанӯз аз оғози моҳи марти соли равон, ки аз хуруҷи ин беморӣ дар Гвинеа хабар расид, то аллакай наздики 400 нафар ҷон бохтаанд. Пизишкон мегӯянд, ки омори воқеӣ дар бораи шумораи қурбониён ин беморӣ метавонда бештар бошад.

Ба гуфтаи мутахассисони ин созмон, хуруҷи бемории Эбола дар 60 минтақаи сераҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳатто панҷ навъи ангеза ё вируси Эбола, ки барои саломатии инсон хатарнок мебошад, ба мисли "судонӣ" ва "зоирӣ", аз ҷумлаи навъҳои хатарноки ин беморӣ гуфта мешавадад.

Бори охир дар соли 1976 як омӯзгор аз кишвари Зоир ҳангоми убур аз ҷангал тропикӣ бо ин вирус гирифтор шуд ва пизишкон ба кадом навъи ин беморӣ рабт доштани ин вирусро мушаххас карданд. Ҳамин тавр маълум шудааст, ки ин ангеза роҳи нафаскашӣ ва тамос миёни одамон сироят мекунад. Ҳамчунин вируси Эбола аз роҳи хун, алоқаи ҷинсӣ ва аз тариқи ҳар гуна ашёе, ки бемор муносибат мекунад, сироят мекунад. Аз замони ташхиси вируси Эбола Созмони ҷаҳонии беҳдошт 20 навъи ангеза ё вируси Эболаро ба қайд гирифтааст.

Хатари ин беморӣ боз дар он аст, ки нафаре, ки зинда мемонад, як умр маъюб хоҳад монд. Гӯшти ҳайвоноти ваҳшӣ дар Африқои ҷанубӣ яке аз манбаъҳои сирояти вируси Эбола мебошад.

Ба нақл аз кормандони созмони Пизишкони бидуни марз, дар Сйера- Леоне, ҳатто пулиси маҳаллӣ, ки барои кӯмаки пизишкон сафарбар шудаанд, дар худ тӯморҳои мухталиф ва дигар намудҳои эҳтиётиро бо худ доранд, ки аз ин беморӣ дар амон бошанд. Бахши аъзами беморон аз бемористонҳо аз хавфи пизишкони ғарбӣ, ки пас аз марг аъзои баданашрон нагиранд, фирор мекунанд.

Ҳукумати маҳаллӣ дар ин кишвар барои ҷилавгиӣ аз хуруҷи эпидемия чораҳо меҷӯянд. Аз ҷумла дар Сйера-Леоне ва Либерия барои пинҳон кардани гирифторони ин беморӣ ҷазо ҷорӣ намудаанд. Ҳамчунин барои мактабҳо ва идораҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин гузаргоҳҳои марзӣ таътил эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG