Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Боку аз ҳамлаи интиҳорӣ ҷилавгирӣ карданд


Нерӯҳои амниятии Озарбойҷон мардеро, ки қасд дошт камарбанди интиҳориро дар як маркази харид дар Боку, пойтахти ин кишвар, ба кор дароварад, куштанд. Ин нафар сокини 38-солаи Озарбойҷон будааст. Идораи амнияти Боку гуфт, ҳодиса рӯзи 3 декабр иттифоқ афтод ва нафари кушташуда қаблан ба далели узвият дар созмонҳои террористӣ ба зиндон маҳкум шуда буд. Вай имсол баъди раҳоияш аз маҳбас қасди фаъолиятҳои террористиро доштааст. Мақомҳои интизомии Озарбойҷон ӯро узви яке гурӯҳҳои марбут ба Ал-Қоида медонанд.

XS
SM
MD
LG