Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук эътироф кард, ки меъёри андозбандӣ зиёд аст


Мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иқрор карданд, ки меъёри андозбандӣ ва пардохтҳои гумрукӣ дар кишвар дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бештар аст. Хуршед Каримзода, муовини раиси Хадамоти гумрук, рӯзи 17 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин амр сабаби афзоиши қочоқи колову маҳсулот ба Тоҷикистон шудааст.

"Агар дар Қирғизистон мизони андозбандӣ 12 дарсад аст, дар Тоҷикистон ин рақам ба 18 баробар аст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон навъҳои мухталифи аксиз роҳандозӣ кардааст, ки дар кишвари ҳамсоя нестанд. Мо бо Қирғизистон 500 километр марзе дорем, ки аслан аломатгузорӣ нашуда, ҳифозат ҳам намешавад. Чунин мушкил дар марз бо Узбакистон низ вуҷуд дорад. Метавонам бигӯям, ки қочоқчиён аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳсулоти як мошини боркашро тавассути борхалтаҳо дар як соат аз ин тарафи марз ба самти дигар интиқол медиҳанд", - шарҳ дод ӯ.

Каримзода афзуд, бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон мақомоти кишвар ба баррасии ин мушкил оғоз карда, дар назди Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон комиссияи махсус ташкил шудааст. Ҷамшед Каримзоад гуфт, "ҳадаф ягона кардани мизони андозбандӣ бо кишварҳои ҳамсоя мебошад".

Соли гузашта маъмурони Хадамоти гумрук беш аз чоруним ҳазор ҳолати вайрон кардани қоидаҳои интиқоли маводд аз марзи кишварро ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG