Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба изҳороти телевизионии муҳандисони нерӯгоҳи Роғун, ки гуфтанд, дар ояндаи наздик ду агрегати он ба кор хоҳад даромад, мегӯяд, ташхиси тарҳ ҳанӯз ба поён нарасидааст.

Маркази матбуоти Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе дар посухи катбӣ ба Радиои «Озодӣ» навиштааст, ки арзёбии ин тарҳ аз сӯи коршиносони ин ниҳоди молиявӣ идома дорад, биноан он дар ҳоли ҳозир фикри муайяне дар бораи ҷанбаҳои фаннӣ ва иқтисодии надорад ва бонк ҳамоно ҷомиаро аз натиҷаҳои ҳосилшаванда мунтазам дар ҷараён хоҳад гузошт.

Ин манбаъ меафзояд, барои таъмини сифат, шаффофият ва ягонагии раванди арзёбӣ худро масъул медонад, амнияти ҷомиаро аз ҳама боло гузорад ва принсипи асосии он ин аст, ки пуштибонии Бонки Ҷаҳонӣ бояд барои манофеи мардуми Тоҷикистон амалӣ шавад. Дар посухи Бонки Ҷаҳонӣ омадааст: “Агар то оғози сохтмони ҳама гуна тарҳ ҷанбаъҳои техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он дақиқан омӯхта нашаванд, захираҳои маҳдуд низ беҳуда харҷ хоҳанд шуд ва амнияти ҷамъиятӣ мумкин аст, зери хатар гузошта шавад.”

Бонки ҷаҳонӣ зарур шуморидааст бори дигар ёдовар шавад, ки арзёбиҳояш хулосаи сохта шудан ё нашудани тарҳи сохтмони сарбанди Роғунро нахоҳанд дод ва интихоби варианти ниҳоии коркарди тарҳро ҳам муайян нахоҳанд кард, балки онҳо ба таври истисноӣ, ҳамчун иттилоъ барои андеша дар раванди қабули қарор истифода хоҳанд шуд. Ин манбаъ хулоса мекунад, ки то маълум кардани тарҳи эҳтимолии нерӯгоҳи Роғун зарур аст, авомили зиёди дигар, аз ҷумла созишномаҳои байнулмилалӣ ва масоили маблағгузориро баррасӣ кард.

Изҳори назари Бонки ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки шанбеи гузашта тариқи телевизиони «Шабакаи аввал»-и Тоҷикистон як муҳандиси нерӯгоҳи Роғун аз фаъол шудани ду агрегати ин нерӯгоҳ дар ояндаи наздик хабар дод. Ба иддаои ӯ, ду агрегати Роғун то сохтмони сарбанд бо фишори паст кор хоҳанд кард. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, омодагиҳо ба бастани дарёи Вахш ҳам босуръат идома доранд.

Аммо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, Саидқул Қурбонов, сухангӯи нерӯгоҳи Роғун гуфт, ба кор андохтани ду агрегат дар ояндаи наздик имкон надорад: «Пеши дарёро набаста, чӣ тавр мешавад агрегатро ба кор андохт? Барои осиёб то оби зарурӣ набошад, аз куҷо кор мекунад? Ҳар касе дар ин бора суҳбат кардааст, хеле ғайриҳирфаӣ сухан гуфтааст ва мо ҳоло инро таҳқиқ мекунем.»

Аз сӯе ҳам Баҳром Сироҷев, собиқ сарвари ширкати «Тоҷикэнерго» (ҳоло «Барқи тоҷик») мегӯяд, Тоҷикистон бо ҷомиаи байнулмилалӣ тааҳҳуд кардааст, ки мунтазири анҷоми арзёбиҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мемонад ва сипас ба корҳои асосии сохтмонӣ дар Роғун шурӯъ мекунад: «Фикри Бонки ҷаҳонӣ барои мо хеле муҳим аст. Мо бо он кор карда истодаем. Дар бораи ба кор андохтани ду агрегат сухан гуфтан барвақт аст. Имсол ё соли оянда ё баъди фалон вақт ба истифода медиҳем гуфта наметавонем. Ҳоло тайёр нестем. Касе гуфтааст, иштибоҳ кардааст. Дар ҳоли бастани маҷрои дарёи Вахш он замон маълум мешавад, ки кай агрегатҳоро мешавад ба кор андохт. Аслан агрегатҳоро пас аз ду-дуним соли бастани маҷро мешавад фаъол кард.»

Нерӯгоҳи Роғун аз баҳcноктарин тарҳҳои Осиёи Марказист, ки солҳо ба ин сӯ идома дорад. Ин нерӯгоҳи бузургтарини минтақа бо иқтидори 3600 МВт ва солона 13 миллиард киловат соат барқ хоҳад буд, ки аз сӯи шаш чарха ё агрегати 600 мегавата ба даст меояд.

Мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки баробари ба кор даромадани ин нерӯгоҳ мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии фақиртарин кишвари собиқ Шӯравӣ ҳал хоҳад шуд, аммо Ӯзбакистони ҳамсоя шадидан муқобили ин тарҳ аст ва мегӯяд, бунёди он ба минтақа хатари зистмуҳитӣ, амниятӣ ва беобиро ба дунбол хоҳад дошт. Ин баҳсҳо Тоҷикистонро маҷбур карданд, ки ба ташхиси фаннии нерӯгоҳ аз сӯи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ розӣ шавад. Ин ташхис се сол ба ин сӯ идома дорад ва ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG