Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хидмати ҳарбӣ барои занони Норвегия ҳатмӣ шуд


Woman-soldier
Woman-soldier

Наздики сеяки даъватшудагони тобистони имсол дар Норвегия занони соли таваллуди 1997 будаанд. Онҳо ҳамроҳ бо мардон дар як казарма ё сарбозхона ба сар хоҳанд бурд. Дар Норвегия давраи татбиқи қонуни хидмати ҳатмии занон дар артиш оғоз ёфт. Ин қонун соли 2013 қабул шуда буд. Наздики 40 сол аст, ки занони Норвегия ҳаққи ихтиёран дар артиш хизмат карданро доранд. Дар ин муддат дар Норвегия нахустин занони сарнишини низомӣ ва нахустин зани фармондеҳи киштии зери обӣ омода шудааст.

XS
SM
MD
LG