Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири Бонки ҷаҳонӣ дар нашри арзёбиҳои тарҳи Роғун


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, бинобар печида будани арзёбиҳо ва лозим шудани таҳқиқоти изофӣ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун такмили арзёбиҳои байналмилалии ин тарҳ тӯл кашидааст.

Виген Саргсян аз бахши равобити хориҷии дафтари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон аҳд додаанд, ки арзёбиҳо комилу шаффоф сурат мегирад ва биноан чунин кор вақт мехоҳад."

Бонки ҷаҳонӣ нашри арзёбии Роғунро ба таъхир андохт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим


Қарор буд, арзёбиҳо дар мавриди короӣ ва таъсироти муҳитзистии нерӯгоҳи Роғун охири тобистони ҳамин сол такмил ва натиҷаҳояш эълон шавад. Ба гуфтаи Виген Саргсян, моҳи гузашта сарнавишти арзёбиҳои Роғун дар як силсила мулоқотҳо бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, гурӯҳи мустақили мутахассисон, мушовирони мустақил ва кормандони Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон баррасӣ шуд.

Виген Саргсян, афзуд, мумкин аст, ба зудӣ бахши дигаре аз пажӯҳишҳои нерӯгоҳи Роғун нашр шавад: “Айни ҳол бахши навбатии санадҳои вобаста ба пажӯҳишҳои сохтмонҳои мавҷуд дар нерӯгоҳ ва дигар бахшҳои фаннии он дар марҳилаи ниҳоӣ барои нашр қарор доранд. Мо интизор дорем, ки ба зудӣ ин санадҳоро дар торнамои Бонки Ҷаҳонӣ нашр кунем ва сипас рӯзи машварати ояндаро эълон хоҳем кард.”

Манзур аз ин машварат, баррасии арзёбиҳо дар бораи тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст, ки бо ҳузури намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи мадании Тоҷикистону Афғонистон, Қирғизистону Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистон сурат мегирад. Қарор буд, ин машварат низ охири тобистони ҳамин сол сурат бигирад, вале ба далели тӯл кашидани таҳқиқот, ин нишаст низ ба таъхир афтод.

Дар машварати пешина дар моҳи феврал, ки дар шаҳри Алмаато сурат гирифт, аз ҷумла пажӯҳиши муқаддамотии ҷуғрофиёии соҳили рости рӯдхонаи Вахш ва таҳқиқи обшиносӣ ва ё гидрологии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд, ки дар он омадааст, “маҳаллу навъи садди интихобшуда, барои бунёди нерӯгоҳи Роғун муносиб аст.”

Аммо ҳукумати Узбакистон дар номае ба номи Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки бе такмили пажӯҳишҳо чунин хулоса кардани Бонки Ҷаҳонӣ, “аз мавзеъгири якҷониба ва пешқазоватии муаллифони пажӯҳиш” дарак медиҳад. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ ин иддаъоро беасос хонда ва гуфтааст, ки “хулосаҳои таҳқиқоти ниҳоӣ бар асоси воқеият ва таҳлили бетарафона” хоҳанд буд.

Дар номаи Галина Саидова, вазири иқтисоди Узбакистон ҳамчунин омадааст, ки "арзёбиҳои тарҳи нерӯгоҳи Роғун, таъсироти он танҳо ба муҳити зисти мамнӯъгоҳи “Бешаи Палангон” дар Тоҷикистон таҳқиқ карда ва таъсироти он ба мамнӯъгоҳҳои кишварҳои поёноб дар Узбакистону Туркманистон нодида гирифтаанд. Ба гуфтаи вазири иқтисоди Узбакистон, мумкин аст дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун, мамнӯъгоҳҳое ба мисли Денгизкӯл, Судочӣ, Қарақир ва даҳҳо хоҷагиҳои моҳипарварии ин кишварҳо бо набототу ҳайвоноти нодирашон нобуд шаванд”.

Дар номаи Галина Саидова ҳамчунин омадааст, Бонки ҷаҳонӣ бо ин гуфта, ки “қабули қарори бунёди нерӯгоҳи Роғун дар ниҳояти амр кори худи ҳукумати Тоҷикистон” аст, аз қабули ин қарор шона холӣ кардааст.“Арзёбиҳои фанниву иқтисодӣ ва таъсироти муҳитизистии нерӯгоҳи Роғун тақрибан се сол аст, аз тарафи ширкатҳои Poyry ва Coyne & Bellier идома дорад. Давлати Тоҷикистон нерӯгоҳи Роғунро, масъалаи ҳаёту мамоти кишвар хонда ва онро танҳо роҳи наҷот аз бӯҳрони нафасгиркунандаи энергетикӣ медонад, ки ҳар мавсими сармо такрор мешавад.

Ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, дар сурати бунёди 3600-мегаваттии Роғун, ки 60 дарсади сохтмонаш алакай анҷом шудааст, Тоҷикистон метавонад ҳам худро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад ва ҳам ба ҳамсояҳо нерӯи барқи арзон фурӯшад. Ҳукумати Узбакистон пайваста гуфтааст, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун дар маҳалли зилзилахезе чун Тоҷикистон, метавонад боиси фалокати бузурги табиӣ дар Осиёи Марказӣ шавад ва ё кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро “лабташна” бигузорад.

Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаъоҳо асосе надоранд ва Узбакистон, ки аз фурӯшандагони аслии барқ дар Осиёи Марказист, намехоҳад, дар ин бозор рақиб пайдо кунад. Ҳамин тарҳ сабаби тирагии равобит миёни ду ҳамсоякишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG