Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ: Мизони сармояи муҳоҷирон ба ватанашон афзоиш меёбад


Соли равон муҳоҷирони кории кишварҳои дар ҳоли рушд ба кишварҳояшон беш аз 400 миллиард доллар ирсол хоҳанд кард.

Бонки Ҷаҳонӣ тахмин мекунад, ки дар соли 2012-ум муҳоҷирони кории кишварҳои дар ҳоли рушд ба ватани худ то 406 миллиард доллар ирсол хоҳанд кард, ки дар муқоиса бо соли пеш 6,5 % бештар аст. Дар гузориши таҳлилии Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷирати корӣ ва ирсоли пули муҳоҷирон бахшида шудааст, гуфта мешавад, ки солҳои оянда ҳам миқдори ирсоли пул ба кишварҳои дар ҳоли рушд афзоиш ёфта дар соли 2015-ум ба 534 миллиард доллар мусовӣ хоҳад шуд.

Дар айни замон, Бонки Ҷаҳонӣ хотирнишон кардааст, ки бӯҳрони ҷаҳонӣ ба даромади муҳоҷирони кории Аврупо, Осиёи Марказӣ ва баъзе гӯшаҳои Африқо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар соли 2012-ум тибқи пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ муҳоҷирони кории Ҳиндустон 70 миллиард доллар, Чин 66 миллиард доллар ва Филипину Мексика то 24 миллиард долларӣ ба ватанҳояшон ирсол хоҳанд кард.

Бонки ҷаҳонӣ иброз доштааст, ки саҳми пули муҳоҷирони корӣ дар маҷмӯи маҳсулоти миллии Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигар буда, 47 дар сади он баробар аст.

Яке аз муаллифони гузориши Бонки Ҷаҳонӣ Дилип Рата мегӯяд, ки муҳоҷирони корӣ дар ҳоли гум кардани як кор ба зудтарин фурсат дар ҷустуҷӯи кори дигар шуда, хароҷоти шахсиашонро коҳиш дода, худро ба вазъи нав омода мекунанд. Ба қавли Рата, омодагии муҳоҷирон ба тағйирот имкон медиҳад, ки онҳо аз бозгашт ба ватан худдорӣ карда, ҷои кору даромади нав пайдо кунанд.
Бонки Ҷаҳонӣ як идда василаҳои беҳбуди ирсоли маблағ ва сармоягузориии пули муҳоҷирон дар лоиҳаҳои мухталифро тарҳрезӣ кардааст, ки дар сурати иҷро метавонанд, ба муҳоҷирони корӣ ва оилаҳоои онҳо даромади бештар оранд.
XS
SM
MD
LG