Пайвандҳои дастрасӣ

WB: Тоҷикистон фурсати хубро аз даст дод


Марина Баканова ҳангоми муаррифии гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ. Душанбе, 17 ноябр

Марина Баканова ҳангоми муаррифии гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ. Душанбе, 17 ноябр

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, рушди иқтисоди Тоҷикистон имсолу соли оянда кунд боқӣ хоҳад монд ва ҳукумат бояд дар чунин шароит таъсиси ҷойҳои кориро дар меҳвар қарор диҳад.

Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank, WB) мегӯяд, рушди иқтисоди Тоҷикистон ба қадри қобили мулоҳиза кунд шудааст ва ин метавонад дастоварди кишварро дар коҳиш додани фақр дар чанд соли охир метавонад барбод диҳад.

Дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи 17−уми ноябр дар Душанбе муаррифӣ шуд, гуфта мешавад, кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон, поён рафтани нархии пахтаву алюминиюм - ду маҳсулоти асосии содиротии кишвар аз сабабҳои аслии кунд шудани рушди Тоҷикистон, ҳастанд. Бино бар арзёбии ин бонк, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015ҳамагӣ 4,2 дарсад рушд хоҳад дошт. Ин дар ҳолест ки, тайи тақрибан 15 соли охир мизони рушди солонаи иқтисоди Тоҷикистон 7 −8 дарсад буд.

Марина Баканова, иқтисодони аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадди ақал дар як соли оянда низ набояд мунтазири афзоиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирон ва ё боло рафтани нархи пахтаву аллюминий шуд: “Соли равон пулҳои интиқолӣ ба ҳисоби доллар 32 дарсад коҳиш ёфтанд. Соли оянда низ интиқоли пулҳо афзоиш намеёбад, чунки иқтисоди Русия, бино бар пешгӯиҳо, дар соли 2016 низ рушд нахоҳад кард. Нархи пахтаву аллюминий низ, ки аз ду маҳсулоти асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, зиёд гарон нахоҳад шуд.”

Иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, Тоҷикистон дар шароити буҳрон қабл аз ҳама бояд дар созмони ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар талош варзад, вагарна он пешрафтҳое, ки дар коҳиши мизони фақр ба даст омада буданд, ба зудӣ барбод хоҳанд рафт.

Бонки Ҷаҳонӣ талошҳои давлати Тоҷикистонро дар сохтани ҷойҳои нави корӣ нокифоя хонда мегӯяд, дар замоне ки иқтисод рушди беш аз 7-дарсадӣ дошт, ҷойҳои кории кифоя дар кишвар таъсис дода нашуд ва ин фурсат аз даст рафт. Манзур аз ин гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ солҳои 2010−2014 аст, ки ҳаҷми пулҳои интиқолӣ паёпай зиёд мешуд ва ба беш аз 4 миллиард доллар расид, аммо теъдоди ҷойҳои нави корӣ дар ин солҳо ҳамагӣ 2,1 дарсад афзоиш ёфтааст.

Марина Баканова мегӯяд, фисади афзоиши ҷойҳои навӣ корӣ ҳатто дар аз соли 2000 то 2009 дар Тоҷикистон беш аз 5 соли охир ба қадри 3,2 дарсад буд. Вай афзуд: “Бино бар ин, мо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додем, ки таъсиси ҷойҳои нави кориро дар ояндаи наздик ба барномаҳои стротегии давлат табдил диҳад.”

Пули муҳоҷирон ва фурӯши пахта ва аллюминий ҳамчун ашёи хом се пояе ҳастанд, ки иқтисоди Тоҷикистон бар он такя мезанад. Дар шароити буҳрон ин пояҳои иқтисоди Тоҷикистон суст шудаанд ва кунд шудани рушди иқтисод аз рӯи шохису ҷадвалҳои оморӣ ба ҷайби мардум зарба мезанад.

Пурсиши сарироҳии мо низ нишон медиҳад, ки бисёриҳо таъсири манфии буҳрон ва кундшавии рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар рӯзгори худ эҳсос мекунанд. Бештари ҳамсуҳбатони мо мегуфтанд, ки даромади хонаводаашон дар пайи ихроҷи наздикони онҳо аз Русия ва ё коҳиш ёфтани қурби рубл кам шудааст.

Хуршеда Аслонова, сокини ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, даромади хонаводаи ӯ аз ҳисоби писари муҳоҷир ва шавҳараш аст, аммо тайи як соли охир даромади ҳар дуи аз онҳо кам шуд. Вай афзуд: “Шавҳарам муаллим аст. Интизор будем, ки маошаш зиёд мешавад, лекин маош зиёд нашуд. Баракс як басти кориро аз ӯ гирифтанд ва маошаш кам шуд.”

Хонум Аслонова мегӯяд, умеди хонаводаи ӯ бештар ба писари калониаш аст, ки дар Русия кор мекунад. Вай афзуд, писараш мисли солҳои қаблӣ ҳар мо аз 10 то 15 ҳазор рубл ба хона мефиристад, аммо чун қурби рубл афтид, дигар ин пул он қадреро надорад, ки як соли қабл дошт.

Зимнан Бонки ҷаҳонӣ низ мегӯяд, зарбаи асосии буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон дар пайи уфти башиддати қурби рубл расидааст. Чунки дар асл пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба ҳисоби рубл дар соли 2015 натанҳо кам нашудаст, балки 7 дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо чун рубл қариб нисфи қурби худро дар баробари доллар аз даст дод, даромади хонаводаҳои Тоҷикистон низ тақрибан ба ҳамин миқдор кам шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG