Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳумоён воркаутро дар Тоҷикистон муд карданист


Ҳумоюн воркаутро дар Тоҷикистон муд карданист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Як хонандаи мактаби миёна дар Душанбе бо иҷрои ҳаракатҳои ғайриоддӣ талош дорад, намуди варзиши навро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.

Ҳумоюни 17-сола мехоҳад аз аввалин варзишгарони ғайрикасбии воркаут бошад ва ҳамсолонашро ба ин навъи варзиши хиёбонӣ ҷалб кунад. Ҳумоюн воркаути хиёбониро барои рушди варзиш дар Тоҷикистон муҳим медонад ва мегӯяд, воркаут аз шахс бозувони боқувват ва чолокӣ талаб мекунад.

Воркаут варзиши хиёбонисте, ки варзишгар дар майдони кушод, фазо, болои турник ва ё нардбон бо нигоҳ доштани мувозинати худ усулҳои мухталифи ғайриоддиро иҷро мекунад. Ҳамчунин воркаут аз варзишгар талаб мекунад, ҳангоми анҷом додани усулҳои мухталиф худро озод ҳис кунад.

Ҳумоюн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ишқи воркаут дар дилаш аз интернет пайдо шуд. Ӯ як соли пеш бо тамошои видеоҳои афроде, ки дар хиёбон варзиш мекунанд ба ин навъи варзиш дил баст.Ҳумоюн пас аз дарс дар майдончаи варзишии мактаб тамрин мекунад.

Ӯ мегӯяд, “ин навъи варзиш соли 2006 аввалин бор дар Амрико пайдо шуд. Ва асосгузори ин навъи варзиш турниккаш Ганнибал мебошад, ки воркаутро рушд додааст. Аз ҳазор усули ин намуди варзиш, ман аллакай то дусадтои онро аз худ кардаам”. Ҳумоюн мактаби махсус надорад, вале тавонистааст дар майдончаи варзишии мактаб ба 10 рафиқаш ҳаракатҳои соддаву осонро омӯзонад.

Вай мегӯяд, ки “варзиш ҳеҷ гоҳ ба инсон зарар надорад, бачаҳо метавонанд вақти худро пас аз дарс беҳуда сарф накунанд ва биёянд ҳамроҳ бо мо ин навъи варзишро тамрин кунанд. Вақте наврасону ҷавонон ба ин ё он намуди варзиш машғул мешаванд, ҳатман беҳудагардӣ намекунанд. Медонед, мегӯянд, варзиш-зебоист.”

Хуҷамурод Давлатов аз аввалин пайравони Ҳумоюн аст. Ҳар рӯз ду соат бо ҳамсолонаш усулҳои воркаутро аз худ мекунанд. Ба бовари Хуҷамурод, ин навъи варзиш ҳар нафарро боқувват ва нотарсу далер мекунад.

Тоҳир Саидов, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ, ки дар мактаби миёнаи рақами 89-и пойтахт ба Ҳумоюн дарс мегӯяд, аз ин талоши шогирдаш барои рушд додани варзиши хиёбонӣ истиқбол мекунад. Вай мегӯяд, бисёриҳо ба омӯзиши навъҳои варзише машғул ҳастанд, ки дар Тоҷикистон рушд кардааст ва ин варзишро ихтиёр кардани шогирдашро шоистаи таҳсин медонад: “Ин хуб аст, ки аз кӯчагардӣ , омада машқ кунанд. Мисли Ҳумоюн вақти худро ба омӯзиши варзиш ва обутоби бадан сарф кунанд.”

Ҳумоюн Ашӯров метавонад соатҳо дар бораи усулҳои ин навъи варзиш сӯҳбат кунад, зеро ӯ ҳамеша аз интернет дар бораи воркаут маълумот ҷамъ оварда, видеороликҳо тамошо мекунад. Маъмулан волидон мехоҳанд, ки фарзанонашон намуди варзишеро тамрин кунанд, ки роҳи онҳоро ба мусобиқаҳои байнулмиллӣ боз мекунад ва соҳиби туҳфаву ҷоизаҳо мешаванд.

Аммо ба фарқ аз дигарон тавре Хумоюн мегӯяд, ҳадафаш танҳо таъсиси аввалин мактаби варзиши воркаут ба ҳаводорон,омӯзиши садҳо усули ин намуди варзиш ва обутоби бадан ба ҳамсолонаш аст. Ҳумоюн мехоҳад иқтисодчӣ шавад, аммо мегӯяд, ин навъи варзиш барояш ҳоббӣ аст ва барои сиҳатӣ ва доштани бадани зебо ба ин навъи варзиш машғул мешавад.

XS
SM
MD
LG