Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор ва оила дар ду паллаи тарозу


Чӣ гуна барои як зан мумкин аст, миёнгини заррини байни вазифа ва оиларо пайдо кард ва мувозанати онро нигоҳ дошт?

Талош кардем, посухи ин пурсишро дар як рӯзи ҳаёти Шаҳноз Комилзода, менеҷери хадамоти иртибот бо ҷомеа дар ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” ва модари ду фарзанд пайдо кунем.

Шаҳноз 1-уми январи соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз мактаби миёна дар соли 1998 ӯ дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро дар соли 2003 хатм намудааст. Вай духтари журналисти шинохтаи тоҷик Аҳмадшоҳ Комилзода аст ва чанд соли аввали пас аз хатми донишгоҳ дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба ҳайси хабарнигори озод ва шореҳ кор кардааст.

Аз соли 2011 корманди ширкати хадамоти мобилии Мегафон Тоҷикистон буда, дар соли гузашта менеҷери хадамоти иртибот бо ҷомеа таъин гаштааст. Фишурдаи як рӯзи зиндагии Шаҳноз Комилзодаро ҳамкори мо дар Душанбе Бароти Юсуфӣ рӯйи ин навор бардоштааст.

Як рӯз аз ҳаёти Шаҳноз Комилзода
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG