Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчарӯбҳо идораи "Ободонӣ"-ро ба додситонӣ кашиданд


​Як гурӯҳ аз коргарони идораи "Ободонӣ"-и шаҳри Кӯлоб, ки панҷ моҳ боз маош нагирифтаанд, бо талаби пули хизмати худ дар назди бинои додситонӣ ва ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд.

Ҳудуди 30 тан аз коргарони идораи "Ободонӣ"-и Кӯлоб 11 декабр бо талаби маоши панҷмоҳаи худ дар назди бинои додситонӣ ва ҳукумати ин шаҳр ҷамъ омада гуфтанд, ки агар мақомоти шаҳр ба додашон нарасанд, онҳо ба ниҳодҳои болоӣ муроҷиат хоҳанд кард. Аксари кормандони идораи "Ободонӣ" занҳо ҳастанд.

Ҳарамгул Одинаева, яке аз коргарони идораи "Ободонӣ", дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки панҷ моҳ боз пул нагирифтааст ва аз фурӯшгоҳҳои назди хонааш борҳо бо қарз маводи ғизоӣ гирифтааст. "Охир онҳо то кай қарз медиҳанд? Ҳоло маҷбурам қарзҳоро баргардонам ва ба ин хотир талаб дорам, ки маоши панҷмоҳаамро бидиҳанд" - гуфт Ҳарамгул Одинаева.

Одинаева ва аксар ҳамкоронаш занони бешавҳар буда, нигоҳубини хона ва таъмини фарзандонро бар дӯш доранд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳаво сард шудааст ва фарзандонаш либоси гарм ва пойафзоли зимистона надоранд. "Аз моҳи август то ҳол чандин бор аз роҳбари корхона талаб кардем, ки маошамонро диҳад, аммо ба ғайри ваъдаи имрӯзу пагоҳ, ба мо чизе надоданд" -- гуфт ӯ.

Намояндагони додситонии шаҳри Кӯлоб ба даъвогарон пешниҳод карданд, ки дар ин замина аризаи расмӣ нависанд, то шикояти онҳо баррасӣ шавад.

Талаби маоши панҷмоҳа аз шаҳрдории Кулоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Алӣ Алиев, сардори идораи "Ободонӣ", 11 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ хабари пардохт нашудани маоши зердастонашро тасдиқ кард, вале гуфт, худи ӯ низ то ин вақт моҳона нагирифтааст. Ба қавли Алиев, "ба далели бӯҳрони молӣ коргарони идораи мо натавонистанд маошро сари вақт бигиранд." Ӯ мегӯяд, пули корхонаи онҳо аз буҷаи шаҳри Кӯлоб ҷудо мешавад.

"Мо аз идораи молияи шаҳр маош мегирем, аз сабаби буҳрон каме маош дода нашуд. Аммо маоши моҳҳои август ва сентябр бояд фардо пардохт шавад ва моҳҳои боқимонда низ то охири сол пардохт мешавад. Ҳоло натанҳо идораи мо ба чунин мушкили гирифтор шудааст, дигар идораҳо низ чунинанд," -- афзуд мусоҳиби мо.

Маоши миёнаи коргарони идораи "Ободонӣ" дар як моҳ 365 сомонӣ буда, онҳо бештар ба нигоҳубини гулу буттаҳо ва тоза кардани боғ ва атрофи шаҳр машғуланд.

Дар зимн, соли гузашта низ кормандони идораи коммуналӣ низ барои пардохт нашудани маоши семоҳаашон ба шаҳрдорӣ шикоят бурда буданд. Дар пайи эътирози онҳо шаҳрдорӣ ба сардорри молиёт супориш дода буд, ки аз ҳама пештар маоши кормандони бахши коммуналӣ ва идораи "Ободонӣ" пардохта шаванд.

XS
SM
MD
LG