Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекорони зиёд ва ҷойҳои ками корӣ


Дар маркази вилояти Суғд имрӯз, 13–уми январ, ярмаркаи ҷойҳои холӣ корӣ баргузор гардид

Дар он ду ҳазор ҷойи корӣ барои интихоби корталабон пешниҳод гардид. Ин нахустин иқдоми амалиест, ки ҳукумат дар пайи бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ пиёда мекунад.

Зайнура Шарифова, мудири шуъбаи кор, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳукумати вилояти Суғд, гуфт, ярмаркаи вилоятии ҷойҳои холии корӣ ба хотири коҳиши теъдоди бекорон, ки бо таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ аз ҳисоби муҳоҷирини корӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, рӯи даст гирифта шудааст. Вай афзуд, асосан корхонаву муассисаҳои шаҳру навоҳии марказии Суғд ҷойҳои корӣ бо моҳонаҳои аз 60 то як ҳазор сомонӣ пешниҳод карданд.

Садҳо нафар бекорони сину солашон мухталиф дар толори ярмарка ҷамъ омада, барои худ ҷойи кор меҷустанд. Аммо онҳо умдатан мардон ва соҳиби касбҳои сохтмон буда, дар байнашон афроди дорои маълумоти олии соҳиби ихтисосҳои техникӣ кам вомехӯрданд.

Ҳакимбой ном як иштироккунандаи ярмарка дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вай ба наздикӣ дар шаҳраки Советскии минтақаи Ханти–Мансии Русия кори худро аз даст дода, ба ватан баргаштааст. Вай афзуд, ки понздаҳ сол барои Русия хонаҳои истиқоматӣ месохт, акнун мехоҳад барои сокинони Тоҷикистон хидмат кунад, аммо ҳанӯз ба худ ҷойи кори муносиб пайдо накардааст.

Ба гуфтаи Убайдулло Рашидов, сардори Оҷонси давлатии ҳифзи аҳолӣ ва шуғли иҷтимоӣ, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд беш аз 14 ҳазор нафар расман ба ҳайси бекор сабти ном шудаанд. Онҳо дар давраи бекорӣ се моҳ аз ҳисоби давлат музди миёнаи маоши ҷои охири кори худро дастрас мекунанд.

Вале коршиносон шумораи воқеъии бекорон дар Суғд аз теъдоди расмӣ ба маротиб зиёд мехонанд. Чун ҷои корӣ зиёд нест, на ҳама бекорон ба марказҳои шуғли аҳолӣ муроҷиат мекунанд.

Азимҷон ном як ҷавон аз шаҳраки Ғафуров дар ярмарка ба худ ҷойи кор пайдо карда, дар даст роҳнамои хаттии кор дошт ва ниҳоят шод ба назар мерасид. Вай гуфт, ки ӯ устои рангмол аст ва дар бораи шароити кор ва музд дар ҷойи кор шартнома мебандад.

Вале на ҳама касоне, ки бо умеди зиёд ба ярмарка омада буданд, ба худ ҷойи кори мувофиқ дарёфт кардаанд. Мирзо, як устои шабакаи обрасонӣ, гуфт, маоше, ки барои касби ӯ пешниҳод шудааст, ҳудуди 300–400 сомонӣ буда, кам ва қобили қабул нест. «Ин маош барои як моҳ рӯзгузаронӣ бо зану фарзандонам намерасад» - афзуд вай.

Ба гуфтаи чанд тан аз корхоҳон онҳо ҷойи кореро меҷӯянд, ки ақаллан моҳе як ҳазор сомонӣ дастмузд ба даст биёранд. Дар акси ҳол, мардикории дар кишвари бегонаро беҳтар аз хорӣ дар ватан меҳисобанд.

Баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ муҳимтарин иқдомотест, ки аз ҷониби ҳукумат ҳар сол чанд маротиба дар Хуҷанд ва шаҳру навоҳии калони Суғд ба хотири таъмини аҳолӣ бо кор баргузор карда мешавад. Аммо дар ин ярмаркаҳои аз ҷумда дар ин ярмаркаи ахир ҷойҳои корӣ назар ба теъдоди бекорон хеле кам пешниҳод мегардад, ки ин бозгӯи воқеияти вазъи таъмини ксокинон бо ҷойҳои корӣ дар минтақа аст.

XS
SM
MD
LG