Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пойтахти Индонезия як хадамоти вижаи такси таъсис ёфтааст, ки фақат ба занон хидмат мерасонад.

Дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта, ки даҳ миллион аҳолӣ дорад, тақозо ба таксӣ ва васоили нақлиётии хос барои занон афзоиш ёфтааст.

Чор моҳ пеш ширкате бо номи “Ледиҷек” бо мотосиклҳои таксӣ барои занон ба бозори васоили нақлиёти ин шаҳр ворид шуд. Занони мотосиклсавори ин ширкатро метавон тавассути замимаи телефони ҳушманд ба ҷои лозима даъват намуд.

Сокини Ҷакарта Уки Пративи мегӯяд, истифодаи таксии “Ледиҷек” аз автобусу трамвайҳои саршор аз мусофир ба маротиб беҳтар ва амнтар аст: “Дар воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба монанди маршруткаҳо дар як ҷойи танг марди зиёде ҷамъ мешавад. Ман дар чунин ҳол нороҳат мешавам. Дар таксии Ледиҷек ман худро хуб ҳис мекунам, зеро ронандаи мотосикл ҳам мисли ман зан аст.”

Ширкати мазкур ба занони ронандаи мотосикл имкон додааст, ки аз дар ҳоли нороҳатӣ бидуни муҷозот аз хидмат ба мусофири мард даст кашанд. Дар чор моҳи гузашта беш аз 50 ҳазор нафар замимаи Ледиҷекро дар телефонҳояшон ҷой дода, аз хадамоти занони мотосиклсавор истифода бурдаанд. Дар ин муддат наздики 2400 зани хонашин ва донишҷӯй ҳамчун ронандаи таксии мотосикл аз сӯи Ледиҷек истихдом шудаанд ва ҳанӯз ҳам тақозо зиёд аст.

Дар Тоҷикистон мотосикл ба ҳайси такси истифода намешавад, вале занон - ронандаи такси ҳастанд. Аз ҷумла Мадина Қосимова, ки дар Хуҷанд такси меронад.

Радиои Озодӣ борҳо гузориш додааст, ки дар нақлиёти мусофирбари Тоҷикистон баъзан мардон ва ба вижа ҷавонон, ба хонумҳо эҳтиром нишон намедиҳанд ва ҷои онҳоро танг мекунанд. Ин мушкил дар Индонезия ҳам вуҷуд дорад.

Моҳи июни гузашта таҷовуз ба номуси як зан дар маршруткаи мусофирбари Ҷакарта интиқоди зиёд ба бор овард. Мутахассиси соҳаи нақлиёти Индонезия Азас Тигор мегӯяд, мақомот бояд вазъро тағйир диҳанд: “Ҳукумат воқеан кори назаррасе накард. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки мусофирон аз азият шикоят мекарданд, полис ба иқдоме қодир набуд. Онҳо миебоист фавран аксуламал нишон медоданд, Мебоист дар воситаҳои нақлиёт дурбин гузошта, бо истифода аз наворҳои видео вазъро назорат мекарданд.”

Албатта, мақомоти Индонезия ҳам саъй доранд, боварии мусофиронро эҳё намоянд. Аз ин ҷост, ки дар Ҷакарта автобусу трамвайҳои хос барои интиқоли занон ташкил кардааст.

XS
SM
MD
LG