Пайвандҳои дастрасӣ

Як пажӯҳиш дар самти варзиши занон дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки дар даҳсолаи ахир нигоҳу интихоби занон ба варзиш тағйир хурдааст. Бино ба натиҷаҳои ин пажӯҳиш, ки аз ҷониби иттиҳодияҳои варзишӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ анҷом шудааст, духтарон аз варзишҳои зебову сабук канор мераванд.

Фарида, як духтари 18-солаи тоҷик аст, ки аз хурдӣ орзу дошт шиновар шавад ва дар сабқатҳои байналмилалӣ иштирок кунад, аммо хонаводааш ба ин иҷозат надоданд. Онҳо пӯшидани либоси шиновариро барои як духтари тоҷик ҷоиз намедонанд. Ҳоло Фарида ҳар ҳафта бо наздиконаш ба ин кӯл меояд ва бо либоси маъмулӣ ба ҳавз ворид мешавад ва ба наҳве орзуи бачагии худро бароварда месозад: “Аз кӯдакӣ дар деҳа дар кӯлу ҷӯйҳо бисёр шиноварӣ мекардем, ҳоло метавонеам хуб шино кунам. Мехостам ба мактаби шиноварӣ раваму дар мусобиқаҳо ширкат кунам, аммо бародаронам гуфтанд, ин варзиш барои духтар нест.”

Шиноварӣ дар Тоҷикистон дар як даҳсолаи ахир қариб ба як варзиши мардона табдил ёфтааст. Аз 120 тарбиятгирандаи мактаби махсуси шиноварӣ барои кӯдакону наврасони Душанбе, ҳамагӣ 17 нафараш духтаронанд. Он ҳам аксаран духтарон аз хонаводаҳои рустабору русзабон мебошанд. Умеди мутахассисони ин навъи варзиш ҳам ҳоло ба ҳамин гурӯҳи духтарон аст, ки дар пӯшиши либоси варзишӣ монеае сади роҳашон нест.

Меҳрангез Усмонова аз 12-солагӣ дар ин мактаб машқи шиноварӣ мекунад. Вақте бародараш ба варзиши шиноварӣ меравад, Меҳрангез падарро маҷбур мекунад, ӯро ҳам ба мактаби шино баранд. Ӯ мегӯяд, ки “дар ин муддат ман 8 медал гирифтам ва дар мусобиқаҳои байнихудӣ иштирок кардаам. Инҷо бештар русҳо ҳастанд ва ман худро дар ин варзиш хеле хуб ҳис мекунам.”

​Мутахассисони мактаби шиноварӣ бо ҳамин гурӯҳи ками духтарон талоши эҳё кардани шиноварии занонаро доранд. Екатерина Исмайлова, иҷрокунандаи вазифаи раҳбар дар мактаби махсуси кӯдакону наврасони шиноварӣ дар шаҳри Душанбе ва устоди вразиш оид ба шиноварӣ мегӯяд, монеаи аслӣ дар пеши мо ин аст, ки ин навъи варзиш қонунҳои худро дорад.

Вай афзуд, ки "яъне либоси махсуси худро дорад. Дар сабқатҳои ҷаҳонӣ мо бо гидрокостюм ширкат мекунем, ин либос гарон аcт. Ба ҳамин сабабҳо, бисёр оилаҳо духтаронро ба ин навъи варзиш намемонанд. Пӯшидани либоси каме пӯшида дар сабқатҳои ҷаҳонӣ барои варзишгарони шиновар иҷозат нест. Ба ҳар ҳол, мо бо ташкили озмунҳо барои ҷалби духтарон ба ин варзиш, тарғиботу фаҳмондадиҳиҳо мегузаронем.”

Маҳз либоси шиноварӣ ва бадани нимаурён дар даҳсоли ахир орзуҳои духтарони зиёдеро дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон барбод додааст. Ин натиҷаи як пажӯҳиш дар сатҳи варзиши занона дар Тоҷикистон аст, ки мегӯяд, духтарон солҳои ахир аз шиноварӣ, гимнастика ва умуман варзиши сабук канор мераванд.

Бино бар натиҷаҳои ин пажӯҳиш, ки аз ҷониби иттиҳодияҳои варзишӣ анҷом шудааст, сабаби аслӣ либоси варзишӣ ва либосҳои тангу часпони варзиши сабук аст, ки ҷомеаи суннатии Тоҷикистон онҳоро қабул надорад. Ҳарчанд бархе аз мутахассисон бовар доранд, ки танҳо либос монеи рушди ин варзиш миёни духтарон нест.

Ҳақназар Бедимоғов, устоди варзиши шиноварӣ мегӯяд, “замони шӯравӣ нисбат ба варзиши духтарон назару фаҳмиш дигар буд. Духтарони замонавӣ омада машқ мекарданд, шумораашон зиёд набуд, аммо дар ҳар сурат буданд. Вале ҳозир мутаассифона шароитҳо аз байн рафтанд ва мо дар шароити паст қарор дорем, ҳоло бачаҳоро наметавонем хуб ҷалб кунем, чӣ расад ба духтарҳо. Мо бояд барои духтарон соатҳои муайяни машқ ҷудо кунем, то омада омӯзанд. Вариантҳо ҳаст, аммо феълан барои ин шароити мусоид нест. Барои шиновари хуб ёфтан, мо бояд ҳазорҳоро аз об гузаронему баъд даҳ бист шиновари хубро пайдо кунем.”

Худдорӣ кардани духтарон аз варзиши шиноварӣ ҳам ба гуфтаи ин устоди варзиш, дар ҳолест, ки ба фарқ аз дигар навъҳои варзиш, оббозӣ барои занон зебову сабук ва комилан бехатар аст: “Нафъе, ки шиноварӣ ба ҷисми инсон дорад, навъҳои дигари варзиш надорад, ҷисми духтарҳоро хуб рушд медиҳад. Қаду қоматро зебо мекунад.”

Барои ҷалби духтарон ба варзиш ва дубора эҳё кардани варзишҳои зебову сабуки занона мисли шиноварӣ ва гимнастика иттиҳодияҳои варзишӣ ахиран ба мақомоти масъули кишвар стратегия ё дурнамои рушди варзиши занонаро пешниҳод кардаанд. Дар ин барнома пешниҳод шудааст, ки дастрасии духтарон ба варзиши оммавӣ, махсусан толорҳои варзишӣ беҳтару осонтар ва квотаҳо барои духтарон аз деҳоту минтақаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ зиёдтар шавад. Аммо маълум нест, ки ин стратегия барои рушди шиноварӣ дар байни занҳо чӣ қадар кӯмак хоҳад кард.

Чанд сол пеш ҳавзи замонавии оббозӣ дар пойтахти кишвар кушода шуд ва дар муддати кӯтоҳ ба маркази истироҳати ҳазорҳо сокини пойтахт табдил ёфт. Аммо бинобар назари муҳофизакоронаи ҷомеа ба шиноварии занҳо дар маҳзари ом, масъулони ин пойгоҳи шиноварӣ соатҳои оббозии занҳоро аз мардҳо ҷудо карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG