Пайвандҳои дастрасӣ

Занон барои нахустин бор дар Арабистони Саудӣ раъй медиҳанд


Барои нахустин дар Арабистони Саудӣ занон дар раъйдиҳӣ иштирок мекунанд. Дар интихоботҳои маҳаллӣ ҳамчунин беш аз 900 нафар зан номзад шудаанд.

Рӯзи шанбеи 12 декабр нахустин интихобот дар Арабистони Саудӣ бо ширкати занон баргузор шуд. Ин интихобот барои роҳ ёфтани 284 намоянда ба шӯроҳои шаҳрӣ баргузор мешавад.

Дар байни наздик ба 7 ҳазор номзади иштироккунанда, беш аз 900 нафари онҳо занон мебошанд. Раъйдиҳӣ ба таври ҷудогона сурат мегирад ва мардон дар сандуқҳои алоҳида ва занон дар маҳали алоҳида раъй медиҳанд.

Ба гуфтаи мақомоти Арабистони Саудӣ, наздик ба 1,5 миллион нафар барои иштирок дар интихобот сабти ном кардаанд, ки аз ин шумора 120 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд. Аҳолии Арабистони Саудӣ тақрибан 31 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Занон дар ин кишвари нафтхези ҳавзаи Халиҷи Форс аз бисёре аз ҳуқуқҳои инсонии маъмул дар аксари кишварҳои ҷаҳон, дур нигаҳ дошта шудаанд. Аз ҷумла занон дар Арабистони Саудӣ ҳаққи ронандагӣ ё сафар бидуни иҷозаи падар ё ҳамсарро надоранд. Cозмонҳои ҳуқуқи башар борҳо ва ба шиддат аз вазъи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ интиқод кардаанд.

Арабистони Саудӣ як кишвари мусалмоннишин аст ва нахустин интихоботи шӯроҳои шаҳр дар он кишвар дар соли 2001 ва танҳо бо ҳузури мардон баргузор шуда буд. Аз вақте, ки Малик Салмон, подшоҳи феълии Арабистони Саудӣ дар ин кишвар ба сари қудрат омад, талошҳое барои афзоиши ҳузури иҷтимоӣ ва сиёсии занон сурат гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG