Пайвандҳои дастрасӣ

Дашному бадҳарфӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ ба занон дар кӯчаҳои Душанбе ба ҳадде расидааст, ки бархе аз сокинони шаҳр қабули қонуни ҷазо барои таҳқири лафзиро зарур медонанд.

Суханони зишт, нигоҳу пешниҳодҳои шаҳватпарастона ва дашномҳои болохонадор дар чанд соли охир мардуми Душанберо ба ҷое расондаанд, ки намехоҳанд, бо ҳамсар ё духтари ҷавони худ ба кӯча бароянд. Бархе бо танз инро «фарҳанг»-и замони нав меноманд, бархи дигар мегӯянд, ҳоло фазое ҷой афтодааст, ки на шаҳристу на рустоӣ ва аслан ғайри қобили дарк. Бисёриҳо мегӯянд, одоби муошират бояд аз хонавода сарчашма гирифта, дар мактаб таҳким ва дар ҷомеа такмил ёбад. Ба ақидаи онҳо, барои ин қонуни муайян ё муҷозоту танзим зарур нест, аммо ҳатто онҳо низ эътироф мекунанд, ки шояд дар ин вазъи истисноӣ чунин қонунгузорӣ ба охирин гузина табдил ёфта бошад.

Рӯзноманигори тоҷик Гулафшон Соқиева, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои охир дашному таҳқир на танҳо дар кӯча, балки дар идораву муассисаҳои давлатӣ низ ба гӯш мерасад ва ҳатто ашхоси масъуле мисли мудирони мактабҳо, сарони баъзе донишгоҳҳову факултаҳо низ бо зердастон ё донишҷӯён ба забони дашном ҳарф мезананд: «Шояд ягон намуди ҷарима муқаррар шавад, то одамон донанд, ки вақте як нафарро ҳақорат кардӣ ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сухани қабеҳ гуфтӣ, аз болои ту шикоят мебаранд. Ё касе туро дашном медиҳад, тавонӣ аз болои ҳамон нафар ба мақомот шикоят кунӣ. Аз ҳаққи худ дифоъ карда тавонӣ.»

Ҳамзамон Гулафшон меафзояд, дашном имрӯз дар ҷомеаи тоҷик ба як навъ «пайванди сухан» табдил ёфта, одамон дар байни ду ё се калимаи худ ҳатман ҳақоратеро ҳамроҳ мекунанд. Роҳбарони зинаҳои поёнӣ шояд аз сарварони худ инро меомӯзанд ва истифодаи дашномро дар сухани худ як аломати "сахтгирӣ" мешуморанд. Вақте забони дашном дар идораву муассисаҳо роиҷ мешавад, табъан он ба кӯчаву хиёбон низ "мерезад". Ҳамсӯҳбатони зиёди мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, ҳарчанд шунидани алфози қабеҳ бо ишора ба аъзои бадани инсон ё чизҳое, ки гуфтану навиштани онҳо дар ҳар ҷамъияте бадахлоқӣ ба шумор меравад, барои ҳама ҳолати нохуш меорад, аммо аз бадзабониҳо беш аз ҳама занон таҳқир мебинанд.

Агар замоне ҷавонон ба духтарон ё мардҳо ба бонувон «комплимент» ё лутфи сухан мекарданд, ҳоло «гаппартоӣ»-и онҳоро шунида, ба истилоҳ «гесӯи чакомасарои бонувон» рост мехезад. Ҳеч яке аз онҳо тоби шунидани чунин суханҳои тавҳиномезро надорад ва ҳам намедонанд, дар чунин ҳолат чӣ гуна посух диҳанду алам накашанд. Аз сӯи дигар, чунин «гаппартоиҳо»-и дур аз одоб дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе боиси ҷанҷол миёни зану шавҳар ва ё бародарону хоҳарон мегардад.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо Фаридун Холмуродов, ки ҳамроҳи ҳамсараш дар хиёбони марказии Душанбе мерафт, гуфт, маҳз ба иллати «гаппартоӣ»-ҳои мардон намегузорад, ҳамсараш танҳо ба кӯча барояд: «Шахсан намегузорам занам танҳо ба кӯча барояд маҳз ба хотири он, ки бачаҳо ба занҳо гап мепартоянд. Ё баъзан дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Бигузор дар кӯчаҳо барои назорат ва пешгирӣ аз ин амали бад гурӯҳҳои патрулӣ ҷорӣ кунанд.»

Лайло, ҳамсари Фаридун, ки дасти шавҳарашро раҳо накарда, роҳ мерафт, мегӯяд, гоҳҳо зиёд мехоҳад мисли солҳои муҷаррадияш ба тамошои шаҳр барояд, аммо азбаски мардҳои бегона борҳо луқмапартоӣ карда, ба ӯ гапҳои дағал гуфтаанд, аз тарси он, ки дар хонаводааш мушкиле пеш наояд, ба кӯча намебарояд: «Одам аз гапҳои зишту дағал хело нороҳат мешавад. Ҳол он ки шаҳр бояд аз ин чизҳо тоза бошад, то ба фурсат гашту гузор карда тавонӣ.»

Ҷамила Ҳазратқулова, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд бисёр ҳайрон аст, ки чаро фарҳанги мардум ин қадар костааст. Ба қавли ӯ, на танҳо мардҳо, балки бонувон низ дар берун аз хонаҳои худ, дар дохили нақлиёт ё сари хиёбонҳо беибо фаҳш мегӯянд: «Одам метарсад ба кӯча барояд. Зеро ҳар лаҳза эҳтимол дорад ту аз атроф таҳқир шунавӣ. Ба хотири оне, ки мардҳо борҳо дар ҳузури шавҳарам гаппартоӣ карданд, қариб буд оилаамон аз ҳам пошад. Бо шавҳарам зиёд ҷанҷол кардагием.»

Ақидаҳо дар бораи сабабҳои ин гуна густариш ёфтани алфози қабеҳ дар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Сокини Душанбе, Абдуҷаббор Ғафуров, мегӯяд, мардум зери фишори мушкилоти зиндагии худ асабониянд ва дар андак ҳолат ғазаби онҳо дар шакли дашном берун мерезад. Бекорӣ, фақру нодорӣ бисёриҳоро ба афроди хашмгин табдил додааст: «Ба ин ҳам падару модарон ва ҳам давлат гунаҳкор аст. Як барномае, нест, ки ҷавонро ба кор таъмин кунад. Баъзеи онҳо ихтисос доранд, аммо кор пайдо карда наметавонанд. Мехоҳанд, оиладор шаванд ё чизи маъқули дилашонро харидорӣ кунанд, наметавонанд, зеро пул надоранд. Зиёд асабонӣ мешаванд.»

Меҳроб Бобобеков, як ҷавони тоҷик баъракс бар ин аст, ки асосан одамони пулдор ва шикамсер лаб ба дашному ҳақорат мекушоянд, зеро атрофиёнро чизе ҳисоб намекунанд: «Сабаби дар кӯча дашному ҳақорат кардани ҷавонон он аст, ки онҳо пул доранд. Ба қавле пушт доранд. Бовар доранд, ки онҳоро касе гап зада наметавонад, ҳар чизе хоҳанд, гуфтан мегиранд. Камбағал асло дашном дода наметавонад. Ба ин ҷуръат надорад.»

Тавре ҳамсӯҳбатони мо сабабҳои маъмулӣ ва оммавӣ шудани ин фарҳанги ғайриахлоқиро ба таври мухталиф шарҳу тавзеҳ медиҳанд, рӯзноманигор Лола Саидакбарова, ки дар ин масъала чандин мақола ба табъ расонидааст, мегӯяд, сабаби аслии густариш ёфтани ин ҳолатро бояд нахуст дар дохили хонаводаҳо ҷуст. Ба назари Лола, падару модарон дар гирди дастархон дар ҳузури фарзандони худ якдигарро бо алфози қабеҳ дашном медиҳанд. Ва инро хурсоли хонавода қабул намуда, дар кӯча ба забон меорад. Бо ин роҳ алфози қабеҳ ва ё ҳарфи фаҳш ба ҷомеа роҳ меёбад. Ин рӯзноманигори тоҷик аз як пешниҳоде ёдовар мешавад, ки бисёриҳо дар вақташ онро ба танз гирифта буданд: «Тоҷикистон ба полиси ахлоқ ниёз дорад. Он таҳқире, ки имрӯз дар кӯча духтари тоҷик мешавад ё он кори баде, ки дар ҷомеа мебинем даҳшат аст. Дар ҷомеаи мо одат шудааст, ки то аз касе ё чизе наҳаросанд аз анҷоми ин ё он амал даст намекашанд. Мусалмон ҳам бошем, ба хотири имон аз амали бад даст намекашем.»

Тазод дар он аст, ки ҳолати мавҷударо ҳама мебинанд, аммо то ҳол онро ба сифати як мушкили фарҳангӣ напазируфтаанд ва барои ислоҳи он коре сурат намегирад. Ахиран дар шабакаи Фейсбук даъватҳое нашр шуд, ки яке аз онҳо чунин буд: "Агар модарат бароят азиз аст, модари маро дашном надеҳ!" Дар бархе аз нашрияҳо низ аз вазъи мавҷуда изҳори нигаронӣ шудааст. Мардум дар ин ҷову он ҷо дар бора ҳарф мезананд, вале ҳангоми рӯёрӯӣ бо ин мушкил, намедонанд, чӣ вокунише нишон диҳанд.

Ҳамсӯҳбатони мо ва ҷомеашиносон бар инанд, ки агар падару модарон дар хонаводаҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ ва шабакаҳои телевизионӣ ба таври дастҷамъона роҳҳои бартараф кардани ин падидаи номатлубро наҷӯянд, мардум ба ин амал хӯ гирифта, он ба ҷузъе аз фарҳанги ҷомеа табдил меёбад. Аммо қисме аз ҳамсӯҳбатони мо инро ҳам мегӯянд, ки қабул кардани қонуни алоҳида барои пешгирӣ аз дашному тавҳин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаву хиёбон шармсорие болои шармсорӣ хоҳад буд. Шумо, хонандаи мӯҳтарам дар ин бора чӣ назар доред?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG