Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯчарӯбҳои Душанбе талош мекунанд, то дар тақсимоти кор ягон кӯчаи протоколии Душанбе насиби онҳо шавад.

Чаҳор сол пеш Нозукой Бобохонова аз ноилоҷӣ ҷорӯб ба даст гирифт ва ба рӯфтани кӯчаву роҳравҳои шаҳр шурӯъ кард. Нахустин маоши ӯ оиларо аз гуруснагӣ наҷот дод. Ин даромад буд, ки шавҳар ва дертар писараш низ ба кӯча баромаданд. Онҳо ҳамарӯза аз соати 3 то 7 субҳ кӯчаҳои Душанберо тоза мекунанд.

Дастмузди иборат аз 400 сомонӣ, ки ҳар кадом мегирад, буҷаи ҳармоҳаи оиларо ба 1200 сомонӣ расонд. Нозукой мегӯяд, ин даромад кофӣ нест, аммо: «мо бо ҳамин маош як духтару як писарамро хонадор кардем. Ҳамин қадаре, ки дар зиндагӣ мешавад, аммо барои, агар гӯӣ, ки як мурдаву зиндаравӣ, намерасад.»

2 собун ва 700 сомонӣ мукофот дар 8 март

Нозукой, шавҳар ва писараш умедворанд, ки моҳҳои наздик маошашон баланд мешавад. Ба эҳтимоли зиёд дар моҳи сентябр. Онҳо ба ёд меоранд, ки чанд сол пеш музди корашон 90-100 сомонӣ буд ва танҳо панҷ моҳи охир ба 400 сомонӣ расидааст. Вале маоши ҳамаи кӯчарӯбон яксон нест. Онҳое, ки ба рӯбучини кӯчаву хиёбонҳои марказӣ ва ҷодаҳои протоколии шаҳри Душанбе машғуланд, 70-80 сомонӣ бештар пул мегиранд. Ин дар ҳолест, ки дар ин кӯчаҳо партов ҳам камтар аст ва аксари кӯчарӯбон талош мекунанд, ба бригадаҳои хиёбони марказӣ шомил шаванд.

Ашӯрбӣ Зиякова

Ашӯрбӣ Зиякова

Масалан, маоши занҳое, ки Боғи Рӯдакиро мерӯбанд, 500 сомонист, аммо ҳар моҳ аз маошашон 20 сомонӣ барои хӯроки нисфирӯзӣ бармегардонанд ва онҳо амалан дар даст 480 сомонӣ мегиранд. Яке аз онҳо гуфт, ҳар қадар ки аз марказ дуртар бошӣ, ҳамон қадар камтар маош мегирӣ.

Ашӯрбӣ Зиякова, зани 64 сола, ки даҳ сол боз кӯча мерӯбад, аз соати 1:00-и шаб то соати 6-и субҳ дар минтақаи назди «Автовокзал» кор мекунад. Ӯ моҳе 400 сомонӣ мегирад, аммо мегӯяд, онҳое ки кори худро хуб анҷом медиҳанд, ҷоиза ҳам мегиранд. Вай афзуд, ки баъзан аз ҳисоби корхона ду собун мегирад ва дар Иди модарон -- 8-уми март - 700 сомонӣ мукофоташ додаанд. Холаи Ашӯрбӣ мегӯяд, писар надорад, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад ва аз ин хотир ронандаҳоро дар нимашаб «шарик» ва - қуввати дили худ медонад: «Шофёре ҳам ҳаст, ки дар дилаш Худо меандозаду кампир гуфта, панҷ ё даҳ сомонӣ бароварда медиҳанд. Мегӯянд, рафта, нони гарм ё қаймоқ гирифта, хӯред.»

"Элита"-и кӯчарӯбон

Нозукой ва Ашӯрбиро ба ғайр аз тоза кардани қитъаи муайян боз ба “шанбегӣ”-ҳо низ ҷалб мекунанд, аммо рӯбандагони Боғи Рӯдакӣ ҳамчун “элита”-и кӯчарӯбон аз ин ӯҳдадорӣ озоданд.

Аммо сардори раёсати истифодаи роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бухорӣ Раҳматов гуфт, ҳеҷ гуна “элита” ё табақабандие миёни фаррошон вуҷуд надорад ва маоши миёнаи онҳо бо иловаҳои мавҷуда 450 сомониро ташкил дода, на аз кӯча ё минтақаи муайяни шаҳр, балки аз майдони кор бастагӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар зан дар як рӯз бояд 2 450 метри мураббаъро поккорӣ кунад ва ин меъёр аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ гардидааст: «Дар тамоми шаҳр меъёр муайян аст ва ҳама ноҳияҳои он бояд мисли марказ тоза Бухорӣ Раҳматов

Бухорӣ Раҳматов

бошад. Дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ дошта шаванд. Маош ҳам дар чаҳор ноҳияи пойтахт як хел тасдиқ шудааст. Зеро маош аз ҳисоби буҷаи давлат аст ва мувофиқи меъёри хароҷоти ҳарсола муқаррар мегардад.»

Давлатмурод Мирзоев, муовини сардори истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино мегӯяд, кори занҳо асосан дар фасли сармо вазнин мешавад. Зеро ҳар вақте ки барф меборад, новобаста ба вақту соат бояд онҳо ба кӯчаҳо баромада, барфро тоза кунанд. Вай аз садоқати занони кӯчарӯб чунин ситоиш кард: «Инҳо додашудаи кори худ ҳастанд. Ҳар кадомашон қитъаи муайяни худро доранд ва агар «участка»-и вайро иваз карданӣ шавӣ, гӯё ҳавлияшро иваз кардӣ. Намехоҳанд, ҷойи худро бо ҷойи дигаре иваз кунанд. Умуман дар кори худашон бисёр содиқанд.»

Аммо як кӯчарӯб, ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, бисёриҳо мехоҳанд, дар кӯчаҳои марказӣ кор кунанд ва барои ин аз шиносбозию “тағо” истифода мекунанд. “На ҳар кас метавонад, бе шинос ё ҳимоят дар марказ кор кунад,” – гуфт ӯ.

Аз гуфтугӯ бо масъулон ин ҳам рӯшан гашт, ки шаҳрдорӣ дар баробари занҳои кӯчарӯби боғи Рӯдакӣ ё назди қасри Миллат ба мардҳо низ 50 сомонии дигар имтиёз додаст.

Бино бар иттилоъи идораи истифодаи роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахт, ҳоло ин ду ноҳияи шаҳр 1 507 кӯчарӯб доранд, ки 30 дарсади онҳоро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки бино бар талабот, бояд танҳо ноҳияи Синои пойтахт 1 804 кӯчарӯб дошта бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG